22 Sep 2026
Submitted by Admin
25

Имрӯз, 22 сентябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ Конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ” бо иштироки муҳаққиқону форсизабонон баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, баргузории чунин ҳамоиши илмиро барои гиромидошти мақоми устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва таҳкими омӯзишу пажӯҳиши мероси адабӣ, илмӣ ва фарҳангии ӯ муҳим арзёбӣ намуд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун сардафтари адабиёти классикии форсу тоҷик дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ нақши бузург дошта, осори гаронбаҳои ӯ дар тӯли садсолаҳо ҳамчун сарчашмаи муҳими маънавӣ, ахлоқӣ ва фарҳангӣ хизмат менамояд.

Таъкид гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи мероси илмӣ, адабӣ ва фарҳангии устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ яке аз вазифаҳои муҳими муҳаққиқон ба ҳисоб рафта, муаррифии осори шоири бузург дар арсаи байналмилалӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва шинохти ҷойгоҳи воқеии адабиёти тоҷик дар тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти хосса дорад.

Зикр гардид, ки устод Рӯдакӣ бо эҷодиёти мондагори худ на танҳо асосҳои адабиёти классикии форсу тоҷикро таҳким бахшид, балки арзишҳои баланди инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавиро дар осораш инъикос намуда, барои наслҳои баъдӣ мероси бузурги фарҳангӣ ба ёдгор гузошт. Осори ӯ имрӯз низ мавриди омӯзиши васеи донишмандон ва муҳаққиқони кишварҳои гуногун қарор дошта, ҳамчун ҷузъи муҳимми мероси муштараки фарҳангии форсизабонон арзёбӣ мешавад.

Гуфта шуд, ки бузургдошти устод Рӯдакӣ, таҷлилу тақдир аз ӯ танҳо баъд аз ба Истиқлоли расидани Тоҷикистон ҷилову ранги тозаву хос ба худ касб карда, халқи тоҷик бо роҳнамоиву роҳбарии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳое, ки Тоҷикистон пояҳои истиқлоли давлатии худро устувор менамуд, ҳанӯз соли 2002 Рӯзи Рудакиро дар 22 сентябр муқаррар намуд.

Қайд гардид, ки бо мақсади арҷгузорӣ ба мақоми устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва муаррифии ҳамаҷонибаи осори гаронбаҳои ӯ дар солҳои соҳибистиқлолӣ як қатор тадбирҳои илмию фарҳангӣ роҳандозӣ гардида, таҳқиқи мероси адабӣ ва илмии шоир ба яке аз самтҳои муҳими пажӯҳишҳои адабиётшиносӣ табдил ёфтааст. Дар ин замина, осори Рӯдакӣ аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик ва хориҷӣ мавриди омӯзиши пайваста қарор гирифта, мақоми ӯ дар рушди адабиёти форсу тоҷик ва ташаккули андешаи инсонгароёнаи адабиёти классикӣ бештар таҳқиқ мешавад.

Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур дар суханронии хеш таъкид дошт, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун поягузори адабиёти классикии форсу тоҷик дар таърихи фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик мақоми вижа дошта, осори ӯ таҷассумгари андешаҳои баланди инсонӣ, ахлоқӣ ва маънавӣ мебошад. Қайд намуд, ки омӯзиши мероси устод Рӯдакӣ дар шароити муосир барои дарки арзишҳои миллӣ, ҳифзи забон ва фарҳанги миллӣ ва тарбияи маънавии ҷомеа аҳамияти муҳим дорад.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон барои омӯзиш, ҳифз ва муаррифии мероси адабию фарҳангии устод Рӯдакӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, дар ин самт корҳои зиёди илмӣ ва фарҳангӣ анҷом дода шудаанд. Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳои илмӣ дар мавзуи ҳаёт ва фаъолияти адабии шоир барои таҳкими робитаҳои илмӣ ва фарҳангӣ миёни муҳаққиқони кишварҳои гуногун заминаи мусоид фароҳам меорад.

Инчунин, дар идомаи конфронс рассом ва ҳайкалтароши маъруфи тоҷик Саидумар Маъсум, ректори Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад Абдурризо Ҷавон Ҷаъфарии Буҷнурдӣ ва раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим дар суханрониҳои хеш иброз доштанд, ки устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар таърихи адабиёт ва фарҳанги тоҷик мақоми барҷаста дошта, осори безаволи ӯ ҳамчун сарчашмаи муҳими андешаҳои инсонпарварона, ахлоқӣ ва маънавӣ барои наслҳои имрӯз ва оянда хизмат менамояд. Таъкид намуданд, ки омӯзиш ва муаррифии мероси адабии Рӯдакӣ на танҳо барои рушди илми адабиётшиносӣ, балки барои таҳкими худшиносии миллӣ ва густариши робитаҳои фарҳангӣ миёни кишварҳои форсизабон аҳамияти муҳим дорад.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО