17 Apr 2024
Submitted by Admin
328

Манбаъ: Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон "Ховар" аз 15.04.2024.

Бахшида ба зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон Устод Садриддин Айнӣ бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ баргузор гардид.

Дар конференсия дар бораи паҳлуҳои гуногуни фаъолияти Устод Айнӣ маълумоти муҳим дода шуд.

Дар ҷамъомад олимону устодони Институти забон ва адабиёт, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзуъҳои «Дунявият дар осори Устод Айнӣ», «Ҷойгоҳи таърих дар осори Устод Айнӣ», «Айнӣ ва шоирони сабки ҳиндӣ» сухан намуда, хизматҳои барҷастаи Устодро дар рушди илму адабиёт ва фарҳанги тоҷик баён доштанд.

Дар конференсия се китоби нав- «Мактубҳо», «Мир Алишери Навоӣ» ва «Намунаи адабиёти тоҷик»- «Шоҳнома»-и дигар», ки бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ба муносибати 146-солагии Устод Садриддин Айнӣ ба нашр расидаанд, рӯнамоӣ гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО