24 Jun 2025
Submitted by Admin
33

Имрӯз, 24 июни соли 2025 дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ифтихори Ҷашни Ваҳдати миллӣ мизи мудаввар дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва забони миллӣ” баргузор гардид.

Ба кори мизи мудаввар директори Институт, доктори илми филология, профессор Шарифзода Фарангис ҳусни оғоз бахшида, зикр намуданд, ки мо - мардуми кишвар 28-умин солгарди Ваҳдати миллиро ботантана љашн мегирем, ки дар сарзамини гулгулшукуфонамон Тоҷикистони азиз сулҳу амонӣ ва ваҳдату якпорчагӣ ҳукмфармост.

Мардуми кишвар имконияти беҳтарини кору фаъолият, инкишофи маънавиву моддиро дошта, аз фазои истиқлолият, сулҳ, амният ва озодӣ, ки онҳоро сиёсати интихобнамудаи кишвар кафолат додаю таъмин менамояд, самаранок истифода карда истодааст.

Ваҳдати миллӣ, ки бо заҳматҳои зиёд ва ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст, имрӯз ба мо имкон медиҳад, ки дар фазои сулҳу амонӣ зиндагӣ кунем, бунёд созем ва ба ояндаи дурахшон бо назари нек назар дӯзем. Ин ваҳдат на танҳо сулҳро таъмин намуд, балки заминаи рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишварро фароҳам овард.

Зикр гардид, ки таърих ва мардуми баору номуси Тоҷикистон шахсиятҳои фидокореро чун Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳифзи манфиатҳои миллату сарзамин барояш баробари ҷон азиз аст, ҳамеша эҳтиром мекунад ва ба корнамоиҳояш арҷ мегузорад.

Дар мизи мудаввар ҳамчунин, доктори илми филология, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Назарзода Сайфиддин дар мавзуи “Масъалаҳои мубрами савтиёти таърихии забони тоҷикӣ”, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва ҳувияти миллӣ”, доктори илми фалсафа, профессори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ Маҳмадҷонова Муҳиба дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ – таҷрибаи ҷаҳонии он”, доктори илми филология. профессор Муҳаммадҷонзода Олимҷон дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ ва забони миллӣ” ва номзади илми филология, дотсент Тураев Бурҳон дар мавзуи “Ваҳдати миллӣ - бақои миллат маъруза намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО