20 May 2023
Submitted by Admin
1959

МУЪМИН ҚАНОАТ ВА ШЕЪРИ НАВИНИ ТОҶИКӢ

Дар нимаи дуюми солҳои 50 ва оғози 60-уми садаи XХ ба майдони адабиёт як даста шоироне қадам ниҳоданд, ки ба шарофати офаридаҳои онон шеъри тоҷикӣ ба куллӣ нав шуд. Муъмин Қаноат пешсафу пешрави эшон буд.

Таҳаввулоте, ки то ин дам дар шеъри кунунии тоҷикӣ ба чашм мерасид, ҳама бидуни истисно миқдорӣ ва ҷузъӣ буд, на сифатӣ ва куллӣ.

Шоирони тоҷик дар солҳои 20-30 ва 40-50-ум бино ба тақозои замон ба мавзӯъҳое рӯй оварданд, ки онҳо дар шеъри тоҷикӣ нав буданд, монанди васфи инқилобҳои иҷтимоии аср ва музаффариятҳои онҳо, сохти нави иҷтимоӣ ва нишонаҳояш: озодии занон, мактабу маориф, афзалиятҳои сохти сотсиалистӣ ва мубориза барои таҳкими он, баёни нақши раҳнамоии ҳизби коммунист ва пешвоёни он, якдилию ҳамрайъии заҳматкашони дунё, иттиҳоди шикастнопазири коргару деҳқон, мазаммати ҳаёти кӯҳна ва зимомдоронаш, корнамоиҳои халқи шӯравӣ дар замони ҷанг дар ҷабҳа ва ақибгоҳ ва ғ. Дар натиҷа шеъри тоҷикӣ саросар иҷтимоигаро шуда, гуфтани шеърҳои иҷтимоигарона, ба истилоҳи устод С. Айнӣ, «лирикаи политикӣ», ба ҳукми аньана даромад ва он оҳиста- оҳиста навъҳои дигари шеърӣ, аз ҷумла шеърҳои ошиқонаро ба муддатзамоне танг ҳам кард.

Шоирони тоҷик дар он солҳо диққати асосиро, пеш аз ҳама, ба мавзӯь ва муҳтавои иҷтимоию сиёсии навиштаҳояшог дода, ба ҷанбаи ҳунарӣ ё ба таъбири худашон ба «техникаи адабӣ»-и онҳо камтар таваҷҷуҳ доштанд. Ин чиз дар он солҳо то ба дараҷае ривоҷ доштааст, ки устод Лоҳутӣ маҷбур шудааст, иқрор намояд, ки «техникаи адабӣ дар Афғонистон, Эрон ва Ҳиндустон ба андозае бузург аст, ки адабиёти тоҷикро ба онҳо нишон додан айб аст».

Қаламкашони тоҷик дар ду марҳалаи нахусти таҳаввули адабиёти тоҷикӣ асосан аз қолаб ва воситаҳои тасвири корхӯрдаи шеъри суннатӣ истифода намуда, бо назирагӯиву тазминнависӣ машғул шудаанд ва бо ҳамин шиори ҳизбии маъмули он солҳо - «шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ» будани адабиёти шӯравиро ҳақ бароварданӣ шудаанд.

Раванди кашфи бадеӣ ва ё бозтоби ҳунарии воқеияти давр ва ҳамчунин эҷоди ҳайати нави тасвирҳои шоиронаи муносиб ба он аз тарафи шоирони муосири тоҷик якандоза тӯл кашид.

Сармашқи ягонаи онҳо дар ин ҷода осори адибони пролетарии рус, пеш аз ҳама, шеърҳои инқилобии В. Маяковский буд. Вале афсӯс, ки аксари навиштаҳои қаламкашони тоҷик бархилофи шеъру достонҳои В.Маяковский, ки, дарвоқеъ, ғолибан намунаи ҳунари асил буданд, асосан аз ҳамовозии маҳз ба ҳодисаву воқеаҳои иҷтимоӣ ва сиёсии рӯз иборат буданд, на аз бозтоби ҳунарии онҳо. Умумигӯию урёнсароӣ дар шеъри тоҷикӣ ҳодисаи маъмулӣ буд.

Дастовардҳое, ки дар шеъри тоҷикӣ дар солҳои 20-30 ва 40-50-ум ҷой дорад, ба ном ва фаъолияти офаринишии устодон Садриддин Айнӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ, ҳамчунин Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ ва Мирзо Турсунзода алоқадманд аст. Ин адибон ба шарофати шиносоияшон ба адабиёти гузашта ва имрӯзаи миллӣ ва рӯйиҷаҳонӣ ва бо доштани истеъдоди фитрӣ алорағми дастуру «установкаҳои» сиёсӣ ва адабии маъмул тавонистаанд шеъру достонҳое биофаранд, ки дар онҳо замонаи нав ҳунармандона ваҳаётӣ инъикос ёфтааст. Кофист, ки аз асарҳое чун «Марши ҳуррият»-и Садриддин Айнӣ, шеъру достонҳои ҷудогонаи Абулқосим Лоҳутӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Ҳабиб Юсуфӣ, «Қиссаи Ҳиндустон» ва «Ҳасани аробакаш»-и Мирзо Турсунзода ёд шавад.

Ҳамин ҷустуҷӯйҳои бобарори устодони шеъри навини тоҷикӣ ва ҳам талошу муборизаҳои назарӣ ва амалии қаламкашоне, чун Fаффор Мирзо ва Аминҷон Шукӯҳӣ барои «шеъри конкрет» заминаро барои дигаргуниҳои куллӣ ва сифатӣ дар шеъри тоҷикӣ омода сохтаанд.

Он дигаргуниҳои сифатӣ ва куллие, ки ба шеъри навини тоҷикӣ дар нимаи дуюми солҳои 50 ва ибтидои 60-уми асри ХX ба шарофати офаридаҳои шоироне, ба монанди Мӯмин Қаноат, Лоиқ Шералӣ, Бoзор Coбиp, Қyтбӣ Kиpoм, Macтoн Шералӣ, Aшyp Caфap, Ғоиб Сафарзода, Гулpyxcop ва дигарон ворид гаштанд, кадомҳоянд?

1) Дар шеъри тоҷикӣ дар ин давра ҳар сухан, ҳар таъбиру таркиб, ҳар ҷyмла, метавон гуфт, ҳарфу ҳиҷо бори маънавӣ ва ҳунарии муайянро мекашад ва бо ашёи тасвир ҳамбастагии мантиқӣ ва амалӣ дорад. Шоирони тоҷик кӯшиш намудаанд, ки ҳарфи беҷо, зоид, ҳашв, нодаркор ва муфтро истеъмол нанамоянд.

«Дар замони мо суханбозӣ ҳунар нест» эълом дошта буд яке аз онҳо. Аз ин рӯ, пеш аз он ки ин ва ё он унсури забониро истифода намоянд, онро таҳқиқ кардаанд, дурустиашро аз рӯйи луғатномаҳо тафтиш намуда, ба матнҳои асили адабиёти пешина рӯ оварданд, яъне ки 366 паҳлӯи онро омӯхтаанд. Шодравон Лоиқ гувоҳӣ додааст, ки Муъмин Қаноат «ҳамчун сарроф ҳар калима, ҳар мафҳумро, ки дар он маншаи шеър ё нутфаи шеър ҳаст, ба ҳамаи тобишҳои аслию маҷозӣ ва мантиқиву фалсафӣ бармекашад, паҳлӯи ҳар калимаро палмосида, ё ҳар суханро мисли як пора маъдани ба сангу регу хокомехта рӯйи каф гирифта, ба он дуру дароз дақиқ менигарад, сангу регу хокашро ҷудо мекунад, навъи ин маъданро муайян месозад ва баъд андеша мекунад, ки он сангро дар бунёди кадом шеър метавон гузошт, ё аз ӯ чӣ колое, чӣ сурате метавон кашид». Зимнан, худи Лоиқ низ чунин мекард. Бозор Собир бар он бовар аст, ки шоир бояд мисли кафшергар ҳарфро ба ҳарфе гарм бигудозад, пайванд бикунад, мисли оҳангар суханро обутоб диҳад ва мисли деҳқон парвариш диҳад. Барои ҳамин ҳам сухан дар шеъри онҳо занг мезанад, садо мебарорад, ҷило медиҳад. Чун дар ин порае аз шеъри Муъмин Қаноат:

Суми мармар,

думи мухпар,

Пари кафтар,

дави сарсар,

Миёне дастаи ханҷар,

Чӣ гардан,

гардани духтар!

Аҷаб хушрӯю бозингар –

Гули Бодом!

Сухан, таъбиру таркиб, ҷумла, ҳарфу ҳиҷо дар шеъри ин солҳо ба воҳиди ҷудогонаи тасвири бадеӣ табдил ёфта, пурбортару гӯётар шуд, «вазну тамкини заминро» ба худ гирифт. Барои намуна, яке аз аввалин сурудаҳои Мӯмин Қаноат шеъри машҳури «Пири гулфурӯшон»-ро ба ёд меорем:

Кӯҳи Варзобро чӣ даврон аст,

Гӯиё пири гулфурӯшон аст:

Ҷомаи беқасаб ба бар дорад,

Локии шоҳӣ дар камар дорад.

Саллаи суф гирди сар печон,

Сабади гул ба пешаи бар дорад.

Дар ин шеър калимае, таъбиру таркибе, ҷумлае, тасвире, ҳарфу ҳиҷои беҷое ва ё зоиде ба назар намерасад. Ҳама чиз дар ҷояш аст ва ба тақозои ашёи тасвир гуфта шудааст. Шеъри «Қатли Восеъ» ва бисёр дигар низ дар ҳамин сабк аст.

Чунин тарзи муносибат ба сухан имрӯз дар шеъри тоҷикӣ ба суннати адабӣ табдил ёфтааст. Дар ин ҷода беш аз ҳама Лоиқ, Бозор Собир, Гулназар, Фарзона ва Низом Қосим комёб гардидаанд.

2) Tасвиру маъниҳои шоирона аз рӯйи зарурат ва танҳо ба тақозои мавзӯъ ва дар таносуб ба табиати ашёи тасвир офарида мешавад. Аз ин сабаб як шеър дигареро такрор намекунад. Ҳар шеър «макон, замон, унвон ва фазои парвоз дорад» (Лоиқ) ва аз як ҳолати муайян, рӯҳияи муайян ва эҳсосоти муайян дарак медиҳад. Ин нишонаи он аст, ки шеъри тоҷикӣ дар ин марҳала гӯё, хоно, расо, гиро ва мушаххастар гардида, аз дарди умумигӯию қолабигӯйиҳо раҳо ёфта, барои бозтоби зиндагии имрӯза, инсони муосир ва андешаи рӯз мувофиқ ва муносиб шудааст.

Шумо барои имтиҳон шеърҳои «Обшор», «Нарав, қӯи сафеди ман» ва «Ману шабҳои бехобӣ»-и Муъмин Қаноат, «Ба модарам», «Баччагиям бе касу танҳо гузашт» ва «Ин шаби туршрӯйи боронӣ»-и Лоик, «Забони модарӣ», «Муҷассамаи Айнӣ» ва «Теғи Сино»-и Бозор Собирро аз ҳамин нигоҳ баррасӣ намоед, бовар ҳосил хоҳед кард, ки ҳар яке аз онҳо олами дигарест ва нотакрор.

Шеърҳои «Обшор» ва «Нарав, қӯи сафеди ман»-и Муъмин Қаноат ҳар ду ошиқонаанд ва дар як сол офарида шудаанд. Вале аз рӯйи муҳтаво, ҳолати равонӣ ва эҳсосу андешае, ки дар онҳо ҳаст, ҳар як фазои дигаре дорад ва аз ҳам фарқ мекунад. Агар дар аввалӣ ёде аз рӯзҳои рафтаи замони кӯдакӣ ва лаҳзаҳои ширини меҳрварзиҳои ҷавонӣ бошад, дар дувумӣ тасвири зебои саҳнаи «рақси қӯи афсунгар» ва шӯре, ки ба дили шоири ошиқ аз он афтодааст, ҷо дорад:

Эй обшор!

Оинаи беғубори ман,

Ёри замони кӯдакии беқарори ман...

Aз pӯзҳои рафта туӣ ёдгори мaн.

Дopӣ бa ёд лаҳзае, он хубманзаре,

K-омад бa o6 cy6ҳидам он куртапарпарӣ,

Пои бараҳна рӯйи гул он ҷӯҷаи парӣ?

Myйи cиёҳ бар қади мавзун чу обшор,

Чашме чу чашмаи сафо, рӯе чу навбаҳор,

Қадде ба мисли шаршара ларзону беғубор…

Он лаҳзаҳои бебадал гӯё ба хоб рафт,

Умри азизи баччагӣ монанди об рафт,

Чун кабки рав фуромаду лекин шитоб рафт...

Ba:

... Ба нармӣ қӯи зебое

Бa pӯйи мавҷ обӣ шуд,

Ба пояш зарраҳо ҳавзи гулобӣ шуд.

Гаҳе аз нармрафторӣ

Гули дар об мегардад,

Гаҳе дар гирди худ гирдоб мегардад.

Гаҳе аз ишқ меболад,

Гаҳе хомӯш менолад,

Чӣ хомӯшӣ, ки ҳар мӯяш забон дорад!

Ман аз ин печутоби ӯ,

Азобу изтироби ӯ,

Шудам дар ин шаби сармо кабоби ӯ...

Нарав, қӯи сафеди ман.

Макун афсонаам вайрон,

Ки ширин аст ин афсонаат, ҷонон!

3) Ба шеъри навини тоҷикӣ, ки меросхӯри барҳақи сурудаҳои ҷовидонаи Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Низомӣ, Ҳофиз, Мавлавӣ, Бедил, Соиб ва дигарон мебошад, ҷавҳари зотии каломи бадеъ, ки тасвир, маъниҳои шоирона ва каломи мухайял аст, дубора баргардонида шуд. Муъмин Қаноат, Лоиқ ва дигар шоирони тоҷик шеъреро, ки холӣ аз тасвир ва маъниву мазмунҳои шоирона бошад, на аз дигарон қабул доранд ва на худ гуфтаанд. Барои онҳо муҳим он набуд, ки ин шеър қадим аст ё ҷадид, дар қолаби шеъри нав гуфта шудааст ё шеъри сафед, рубоӣ, дубайтӣ, фард, катиба аст ё сепораю чаҳорпораю панҷпораю маснавӣ, шеъри манзум аст ё мансур, ғарбист ё шарқӣ, муҳим он аст, ки тасвир ва маъниву мазмунҳои шоирона дошта бошад. Муъмин Қаноат ҷое аз рисолати шоир баҳс намуда, фармудааст, ки «шоир воқеанигор нест, шоир эҷодкор аст», яъне ки тасвиргарию маънисозӣ пешаи азалии ӯст. Чанд намуна аз шеърҳои пешина ва имрӯзаи ӯ:

Дарёи алам мегузарад аз дили тангам,

Бо рӯди равон ҳамдаму ҳамвор бигирям

(«Бигирям»).

Ba:

Агар дар хонаи тоҷик тамоми чиз ночиз буд,

Ба ҳар гаҳвора Ҳофиз буд ё девони Ҳофиз буд.

(«Давоми нек роҳатро»).

Ba:

Ҳамин ки медамад аз Шарқ ояти хуршед,

Ба чашми пӯшида хон, мужда дуои ман аст.

(«Лофи Ватан»)

Ba:

Пои булуру мавҷаи нилии оби доманаш

Худ моҳие, ки ғута ба гирдоб мехӯрад.

(«Об мехӯрад»).

Ba:

Гирдоби хун дар дили мо давр мезанад,

Мо ғарқи косаем, чу баҳри дамон намонд.

(«Гирдоби хун дар дили мо»).

Бозгардонидани ҷавҳари зотии каломи бадеъӣ ба шеъри навини тоҷикӣ онро ба шеъри гузашта ва имрӯзаи форсии тоҷикӣ ва умумидунёӣ қарин гардонд ва эътиборашро дар байни алоқамандони шсъри нагз афзуд. Ба маъмултарин забонҳои дунё тарҷума ва хосса дар Эрону Афғонистон нашр гардидани шеъру достонҳои ҷудогона ва баргузидаи ашоъру китобҳои шеъри Муъмин Қаноат, Лоиқ, Бозор Собир, Гулрухсор, Гулназар, Аскар Ҳаким, Фарзона ва дигарон гувоҳӣ бар он медиҳад.

4)Хидмати дигаре, ки Муъмин Қаноат, Лоиқ ва Бозор Собир дар шеъри навини тоҷикӣ кардаанд, он аст, ки онҳо аввалин шуда мавзӯъи худҷӯйӣ, худрасӣ, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро ба расмият дароварданд. Ба шарофати онҳо исмҳое чун Зардушт, «Авасто», Деваштич, Бухоро, Самарқанд, Балх, Суғд, Зарафшон, забони порсии дарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Мавлавӣ, «Шоҳнома», Рустам, Сӯҳроб, Рахш, Таҳмина,Восеъ, Айнӣ, Турсунзода, Fафуров ва ғ. ба рамз, ба тасвирҳои шоирона табдил ёфтанд ва дар дилу дидаву гӯши ҳар тоҷики ватанпарасту миллатдӯст ҷой гирифтанд. Ва бо ҳамин сабабгори амиқ шудани тафаккури таърихӣ дар ҷомеаи тоҷик гардида, заминаро барои ташаккули андешаи миллӣ омода сохтанд, ки имрӯз, хушбахтона, ба шарофати Президенти мамлакат ба сиёсати расмии давлатӣ табдил ёфтааст. Шеърҳои «Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ», «Суруди охирини» ва силсилаи «Созҳои Шероз»-и Муъмин Қаноат, «Оли Сомон», «Таърих гувоҳ аст», «Араб гӯянд Синоро гурӯҳе», «Китобҳои шаҳид», «Айнӣ» ва «Баъд аз ҳазор сол»-и Лоиқ, «Забони модарӣ», «Бухоро», «Аҳмади Дониш» ва «Теғи Сино»-и Бозор Собир, «То ҳаст оламе, то ҳаст одаме» -и Убайд Раҷаб, силсилаи «Тахти Рустам»-и Гулназар ва шеърҳои нави солҳои охири Фарзона аз ҳамин андешаи миллӣ дарак медиҳанд.

Муъмин Қаноат аз аввалинҳое буд, ки гуфта:

Форсӣ гӯйӣ, дарӣ гӯйӣ варо,

ҳар чи мегӯйӣ бигӯ

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯйӣ варо,

ҳар чи мегӯйӣ, бигў.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

ҳамчу шири модар аст…

(«Ба ҳаводорони забони тоҷикӣ»).

Ba:

Ба савдо рафта дунё чун Самарқанду Бухороям,

Макун дигар ту савдоям...

(«Суруди охирин»).

5) Дигаргунихои сифатӣ ва куллие, ки дар шеъри навини тоҷикӣ дар марҳалаи савуми такомули он ба вуҷуд омад, танҳо дар заминаи забону баён, ҳайати тасвир, маъниву мазмунҳои шоирона ва сабки нигориш набуд, балки дар биниши ҳунарӣ, диди зебоишиносӣ ҳам ба мушоҳида мерасад. Муъмин Қаноат ва онҳое, ки бо ӯ баробар ва ё пасонтар ба адабиёт омаданд, ба зиндагӣ, муҳити атроф, инсон, ба гузашта ва имрӯза «назари шашҷиҳата» (Муъмин Қаноат), ҳаматарафаи иҷтимоӣ ва ахлоқӣ кардаанд.Ин чиз табиист, ки кайфияти тарзи тафаккури бадеии моро дигар сохта, бa он вусъат ва густариш бахшидааст. Аз ҷумла Муъмин Қаноат дар шеъраш заминро бо само пайвастаасту аршро бо фарш, моҳро бо чоҳу кори ҷаҳонро бо Тори ҷаҳон, соҳили фардоро бо имрӯзу имрӯзро бо фардо, Одамро бо Оламу Оламро бо Одам. Монанд ба ин шахсиятҳои шеъри шоирони имрӯзаи тоҷик агарчи парвардаи обу ҳавою хоки Тоҷикистон мeбoшанд, худро фарзанди тамоми одамизод, номбардори замину замон, пайвандгари соҳили дирӯзу имрӯзу фардо, чун сабза миёнҷии Замину Хуршед, посбони зиндагону рӯҳбони мурдагон, яъне ҷузъи коинот ва инсоният мешуморанд.

Зикри мухтаcари ин чанд нукта, ки дар заминаи хидматҳои Муъмин Қаноат дар шеъри навини тоҷикӣ рафт, далели равшани он аст, ки бо ном ва кори ӯ оғози як марҳалаи тозае дар шеъри навини тоҷикӣ бастагӣ дошта, мақому манзалаташ дар пешрафти адабиёт ва фарҳанги кунунии тоҷикӣ баланд мебошад.

2002.

Профессор Абдунабӣ Сатторзода

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО