Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
28 Aug 2026
Submitted by Admin
14

Имрӯз, 28 август дар толори Институти иқтисодиёт ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ибтикори Шурои занони Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, дар сухани ифтитоҳии хеш тамоми иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик танҳо як воқеаи муҳими таърихи нест, балки марҳалаи бузурги давлатсозӣ ва эҳёи давлатдории миллӣ аст. Ин марҳилаест, ки дар он миллат аз озмоишҳои сахт гузашта, сулҳу ваҳдатро барқарор намуд, давлатдории миллии худро таҳким бахшид, иқтисодро эҳё ва мавқеи худро ҷомеаи байналмилалӣ устувор гардонида ба марҳалаи нави рушди стратегӣ ворид шуд.

Таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти пурсамари онҳо дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла илму маориф, таваҷҷуҳи пайвастаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Зикр гардид, ки занони тоҷик дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, рушди илму маориф, тарбияи насли наврас, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва пешрафти ҷомеа саҳми арзанда доранд. Имрӯз теъдоди занони соҳибмаълумот, олим, муҳаққиқ ва мутахассисони баландихтисос дар кишвар рӯ ба афзоиш дошта, онҳо дар рушди соҳаҳои афзалиятноки илм ва татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ нақши муассир мегузоранд.

Дар идомаи ҳамоиш муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Набизода Мадина Раҳмат оид ба сиёсати давлатӣ дар самти баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, дастгирии ташаббусҳои занон ва саҳми онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар андешаронӣ намуд.

Қайд гардид, ки сиёсати давлатӣ нисбат ба занон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат табдил ёфта, барои иштироки фаъоли занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии кишвар заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Дар ин раванд, нақши занони соҳибмаърифат, роҳбар, олим, омӯзгор ва мутахассисони ҷавон махсусан муҳим арзёбӣ гардид.

Инчунин, дар ҳамоиш Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Имомзода Нилуфар, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Солеҳзода Наима суханронӣ намуда, оид ба нақши занон дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар ва саҳми бонувон дар рушди иқтисоди миллӣ андешаронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ барои иштироки васеи занон дар равандҳои сиёсӣ, қонунгузорӣ, идоракунии давлатӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуда, мавқеи зан дар ҷомеа тадриҷан таҳким ёфтааст. Фаъолияти бонувон дар сохторҳои давлатӣ, мақомоти қонунгузор, муассисаҳои илмӣ, соҳаи маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷомеа далели равшани ин раванд арзёбӣ гардид.

Сипас, раиси Шурои занони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Маҳмадҷонова Муҳиба, академик Якубова Муҳиба ва дигар иштирокчиёни ҳамоиш дар суханрониҳои хеш доир ба дастовардҳои занони тоҷик дар даврони соҳибистиқлолӣ, саҳми бонувон дар рушди илму маориф ва нақши онҳо дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ андешаронӣ намуданд.

Зикр гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ занони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муҳими иҷтимоиву оилавӣ, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа низ фаъолона иштирок намуда, бо фаъолияти илмӣ, касбӣ ва ҷамъиятии худ ба пешрафти кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

Дар ин замина, фаъолияти занони олим ва муҳаққиқ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими рушди неруи зеҳнии мамлакат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки бонувони соҳаи илм дар таҳияи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, ба даст овардани натиҷаҳои нави илмӣ, омодасозии кадрҳои ҷавон ва интиқоли таҷрибаи илмӣ ба насли нав нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми ҳамоиш Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоир ва мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, бо қироати шеърҳои ватандӯстона, ки ба васфи Ватан, Истиқлоли давлатӣ, сулҳу ваҳдат ва арзишҳои муқаддаси миллӣ бахшида шудаанд, хотимаи тантанавӣ ва пурмуҳтаво бахшид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО