20 Sep 2024
Submitted by Admin
145

Бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир дар Донишкадаи мутолеоти шарқию африқоии Донишгоҳи Лондон (SOAS) нимпайкараи асосгузори адабиёти форсии тоҷикӣ устод Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ гузошта шуд.

Дар доираи чорабинии мазкур кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон гулчини ашъори Рӯдакиро бо номи “Ҷӯйи Мӯлиён” бо ду забон – тоҷикию англисӣ ва хатти форсӣ таҳия карданд, ки тавассути нашрияи Эко Принт дар ҳаҷми 244 саҳифа ва бо теъдоди 600 нусха чоп шуд.

Мураттибони матн ва муаллифони сарсухан Фарангис Шарифзода ва Умриддин Юсуфӣ ва мутарҷимони матни англисӣ Парвона Ҷамшед ва Сафина Абодуллоева мебошанд.

Матни англисии ашъори устод Рӯдакӣ аз рӯи китоби “Падари шеъри форсӣ” аз Сосон Таботабоӣ таҳия шуд.

Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби докторони илмҳои филологӣ Фарангис Шарифзода ва Умриддин Юсуфӣ китоби дигаре бо номи “Rudaki – the father of Tajik-Persian verse” (“Рӯдакӣ – падари шеъри форсии тоҷикӣ”) ба забони англисӣ тавассути нашрияи Эко Принт дар ҳаҷми 30 саҳифа ва бо теъдоди 200 нусха аз чоп баромад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО