15 Jul 2026
Submitted by Admin
23

ДУШАНБЕ, 15.07.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаш моҳи соли равон олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳқиқотро аз рӯйи 99 мавзуи илмӣ, аз ҷумла 65 мавзуи бунёдӣ, 9 мавзуи амалӣ ва 25 мавзуи бунёдию амалӣ идома дода, дар самтҳои афзалиятноки илм натиҷаҳои назаррас ба даст оварданд.

Аз ҷумла дар соҳаҳои об, гидроэнергетика ва экология моделҳои нави идоракунии захираҳои об, арзёбии тағйирёбии иқлим ва истифодаи биогаз пешниҳод гардиданд. Дар соҳаи пиряхшиносӣ коҳиши назарраси масоҳати пиряхҳои Тоҷикистон ва таъсири тағйирёбии иқлим ба онҳо муайян карда шуд. Дар соҳаи амнияти химиявӣ, биологӣ ва радиатсионӣ таҳқиқоти маъданҳои урану торий, назорати радиатсионӣ ва амнияти биологӣ анҷом дода шуданд. Дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ пешрафтҳо дар зеҳни сунъӣ, киберамният, энергетикаи барқароршаванда, наноматериалҳо ва моделсозии интеллектуалӣ ба даст омаданд.

Дар давраи ҳисоботӣ олимони академия 11 патенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ихтироъ, 2 қарори мусбат оид ба додани нахустпатент, 1 шаҳодатномаи муаллифӣ ва 2 шаҳодатномаи бақайдгирии ҳуқуқи муаллиф ба объектҳои моликияти зеҳниро ба даст оварданд.

Дар натиҷаи корҳои илмӣ-таҳқиқотии анҷомдодаи олимони академия дар нимсолаи якуми соли 2026 зиёда аз 1320 кори илмӣ ба нашр расонида шуд. Аз ҷумла: 43 монография, 68 китоб, маҷмуаҳои илмӣ, брошюра, тавсиянома, атлас ва каталогҳо ва зиёда аз 1200 мақолаи илмӣ. Аз шумораи умумии мақолаҳои илмӣ зиёда аз 800 мақола дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ, аз ҷумла беш аз 470 мақола дар маҷаллаҳои тақризшавандаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расиданд.

Ҳамчунин зиёда аз 400 мақолаи илмӣ дар маҷаллаҳои кишварҳои ИДМ ва давлатҳои хориҷи дур нашр гардид, ки аз онҳо зиёда аз 80 мақола дар пойгоҳи байналмилалии SCOPUS ва беш аз 170 мақола дар РИНС ҷой дода шуданд. Дар баробари ин, кормандони илмии академия зиёда аз 1250 мақолаи илмию оммавӣ дар рӯзномаву маҷаллаҳо ба нашр расонида, дар паҳн намудани донишҳои илмӣ дар байни ҷомеа саҳм гузоштанд.

Бо мақсади таҳкими робитаи илм бо истеҳсолот ба вазорату идораҳои дахлдор 8 технология ва 4 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардид, ки ба татбиқи ҳадафҳои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия равона шудаанд.

Раъно НУСРАТУЛЛО, АМИТ «Ховар»

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО