11 Jun 2024
Submitted by Admin
183

Бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҳадафи иҷрои ташаббусҳои фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, рӯзҳои 7-8-уми июни соли 2024 дар қароргоҳи марказии созмони фарҳангии СММ- ЮНЕСКО дар шаҳи Париж конференсияи байналмилалӣ дар мавзуи “Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва саҳми ӯ дар густараи фарҳанги ҷаҳонӣ” баргузор гардид.

Дар кори конференсия 96 муҳаққиқу мавлавишинос аз 14 кишвари ҷаҳон ширкат ва дар бораи мақому ҷойгоҳи Ҷалолиддини Балхӣ дар адабиёти ҷаҳонӣ суханронӣ намуданд.

Боиси ифтихор аст, ки дар кори конференсияи мазкур чор нафар аз муҳаққиқони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ сарходими илмии шуъбаи забони тоҷикӣ, узви вобастаи АМИТ Мирзо Ҳасани Султон дар мавзуи "Ҷилваи ҷамоли забони тоҷикӣ дар ашъори Мавлоно", д.и.ф., профессор, сарходими илмии шуъбаи забони тоҷикӣ Абодуллоева Сафина дар мавзуи "The remicent function of onyms in poetry of Jallaladdin Balkhi", н.и.ф., мудири шуъбаи адабиёти муосир Беҳрӯзи Забеҳулло дар мавзуи "Мавлоно-кашшофи олами ботин", ходими пешбари илмии шуъбаи забони тоҷикӣ Тураев Бурҳониддин дар мавзуи "Нақши таълимоти кубравия дар ҷаҳонбинӣ ва инқилоби фикрии Мавлонои Балхӣ" ширкат ва суханронӣ намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО