28 Aug 2024
Submitted by Admin
157

28 августи соли равон дар толори Маркази мероси хаттии назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҷаласаи нахустини шуроҳҳои дисертатсионии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ баргузор гардид.

Дар ҷаласа ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммадовуд, раисони шуроҳҳои дисертатсионии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ибтидо аз ҷониби масъулин таъкид гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт мо бояд дар доираи талабот фаъолияти шуроҳҳои диссертатсиониро ба роҳ монда, барои баланд бардоштани дараҷаи илмии кормандони илмии муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ тадбирҳои нав андешем.

Таъкид шуд, ки дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 10 Шурои диссертатсионӣ фаъолият менамояд, ки бо қарори Комиссияи олии аттетстасионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, 4 шурои диссертатсионӣ ваколати баррасии диссертатсияҳои докториро доранд.

Умуман дар Шуроҳои диссертатсионии назди муассисаҳои зерсохтори АМИТ аз рӯйи 25 ихтисос диссертатсияҳо қабул ва баррасӣ мегарданд. Ҳамзамон, имконияти қабул ва баррасии диссертатсияҳоро аз рӯйи ихтисосҳои нодири ҳамҷавор ва ташкили ҳимояҳои якдафъаина дар шуроҳои диссертатсионӣ мављуд аст.

https://amit.tj/tj/bekhtar-namudani-faoliyati-shurokhkhoi-disertatsioni

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО