23 Oct 2024
Submitted by Admin
92

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати сулҳпарварона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ заминаи рушди ҳамкориҳои худро бо аксарияти кишварҳои олам густариши беандоза додааст. Маҳз сиёсате, ки кишвари Тоҷикистонро дар сатҳи байналхалқӣ муаррифӣ намуд, ин сиёсати ояндадори “Дарҳои боз” мебошад.

Маҳз бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 марти соли 1992 узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид гардида, дар асоси принсипи сиёсати хориҷии “дарҳои боз” бо беш аз 180 кишвари ҷаҳон робитаҳои дӯстона барқарор намуд. Инчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «Асоси сиёсати хориҷии имрӯзаи кишварро сиёсати “дарҳои боз”, омодагӣ барои ҳамкорӣ бо ҳамаи субъектҳои муносибатҳои байналмилалӣ дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ташкил медиҳад».

Ҳамин аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои ИДМ ва мамлакатҳои дигари ҷаҳон пайваста рушд меёбад. Умуман, яке аз соҳаҳое, ки ба низом ва густариши ҳамкориҳои давлатҳои ИДМ мусоидат менамояд ин соҳаи илм ба шумор меравад.

Дар заминаи ин дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз санаи 23-24 октябри соли равон Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ баргузор гардид.

Бояд гуфт, ки баргузории ин форуми сатҳи байналмилалӣ мутобиқи Нақшаи чорабиниҳои афзалиятнок дар самти ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои аъзои ИДМ барои солҳои 2023-2024, ки дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои ИДМ 28 октябри соли 2022 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон қабул гашта буд, баргузории Форуми V олимони аъзои давлатҳои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуд ва имрӯз дар сатҳи баланд баргузор гардида истодааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ҳошияи ин чорабинӣ ҳамзамон баргузории ҷаласаи XII Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ ва ҷаласаи якуми Шурои олимони ҷавони назди Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии давлатҳои аъзои ИДМ нақшбандӣ шудааст. Ёдовар мешавем, ки ташкилкунандагони чорабинӣ Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шурои олимони ҷавони АМИТ, Кумитаи иҷроияи давлатҳои аъзои ИДМ, Фонди байнидавлатии ҳамкориҳоии бунёдии ИДМ ва вазорату идораҳои дахлдор мебошанд.

Ҳадафи асосии форуми мазкур рушди ҳамкориҳои илмию техникии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, мусоидат ба ташаккул ва густариши фазои илмӣ, таҳлили ҳолат ва дурнамои рушди илми фундаменталӣ, роҳҳои татбиқи тадқиқоти илмии инноватсионӣ дар давраи рақамӣ, инчунин такмил додани раванди рақамикунонӣ дар соҳаи маориф ва илм дар кишварҳои ИДМ мебошад.

Дар кори форум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, узви вобастаи АМИТ Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини директори Раёсати ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, гуманитарӣ ва иҷтимоии ИДМ Манучеҳр Ҳоҷизода, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, мушовири Раёсати иҷроияи IFGS Камол Раҳимов, мушовири Академияи миллии илмҳои Озарбойҷон, академик Мохсун Нағисойлу, саркотиби илмии Академияи илмҳои Беларус Василий Гурский, академики Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қирғизистон Кубанычбек Ҷумалиев, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемура Усмон Махмадёрзода, саркотиби илмии президиуми Академияи илмҳои Россия Михаил Дубина, саркотиби илмии Академияи илмхои Ҷумҳурии Узбекистон Ғайрат ва дигар олимону муҳақиқони соҳа иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар сухани ифтитоҳӣ таъкид дошт, ки илм олимонро муттаҳид мекунад, аз ин рӯ форум ба майдони табодули байналмилалии бидуни марз табдил ёфтааст. Вусъат додани муносибатҳои байналхалқӣ махсусан ҳозир хеле муҳим аст. Ва форум ба минбари мукаммали ба роҳ мондани ҳамкории олимони ҷавон табдил ёфт. Ва муҳимтар аз ҳама, он имкони муоширати зиндаро фароҳам меорад, ки бешубҳа ба лоиҳаҳои ҷиддӣ табдил меёбанд.

Таъкид гардид, ки ба масъалаи ба илм ҷалб намудани мутахассисони ҷавон диққати махсус додан лозим аст. Мамлакатҳои аъзои ИДМ барои ба илм ҷалб намудани ҷавонон чораҳои заруррӣ меандешанд. Дар баробари ин, нигоҳ доштани мутахассисони ҷавон, таъмини афзоиши касбии онҳо ва фароҳам овардани шароити зарурии иҷтимоӣ низ муҳим аст. Дар ин самти фаъолият олимони ҷавон бояд ба таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои якҷояи мақсадноки илмӣ, ташаккули таклифҳо оид ба ҳамкории илмию техникӣ фаъолонатар ҷалб карда шаванд.

Қобили зикр аст, ки вобаста ба гузаронидани Форуми Ѵ олимон давлатҳои аъзои ИДМ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ, ки моҳи октябр соли 2023 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда буд қайд намуда буданд.

Дар чорабинӣ зиёда аз 70 нафар олимону муҳақиқони варзида, роҳбарияти муассисаҳои илмии кишварҳои ИДМ иштирок доранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО