Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
31 Dec 2025
Submitted by Admin
32

(Тавзеҳу ташреҳи нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ)

Имрӯз (30.12.2025) дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо ҳадафи баррасии Паёми солонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва мардуми мамлакат таҳти унвони “Паёми Пешво – дастури раҳнамо” ҷаласаи васеъи кормандони Институт баргузор гардид.

Ҷаласаро муовини директори Институт Шамсиддин Муҳаммадиев ифтитоҳ намуда, зикр кард, ки муҳимтарин нукот дар Паёми имсола дар соҳаи илму маъориф ва фаъолияти Академияи миллии илмҳо равона шудааст. Ӯ пешниҳоди таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯзро аз муҳимтарин нукоте хонд, ки ташкили онҳо ба фаъолияти АМИТ робитаи мустақим дорад. Ш. Муҳаммадиев зикр кард, ки дар Паём чандин маротиба аз Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси маркази пажӯҳишҳо ва иқдомоти бузурги илмӣ ва миллӣ ном бурда шуда, супоришҳои муҳим ва вазифаҳои боифтихор ба дӯши он вогузор гардид.

Дар идома профессор Фарангис Шарифзода директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, ёддоштҳо ва бардоштҳои хешро ҳамчун иштирокчии бевоситаи ҷаласаи ироаи Паёми Пешво баён намуда, нуктаҳои муҳимми онро баршумурданд. Директори Институт зимни шарҳу тавзеҳи муҳимтарин нуктаҳои Паём дар бахши сиёсати дохилӣ ва байналмилалӣ таваҷҷуҳи кормандонро ба масъалаҳое, ки бевосита ва фаъолияти илмӣ ва фарҳангии кормандони илмӣ иртибот мегирад зикр намуда, даъват намуд, ки дар ин замина бештар фаъолият ва кӯшиш намоянд. Профессор Шарифзода бо ибрози хурсандӣ таъкид кард, ки дар пайи иҷрои тавсия ва ҳидоятҳои ҶАНОБИ ОЛӢ дар Паём комиссияи тадорукоти Институт лоиҳаи консепсияи “Маркази байналмилалии Наврӯз”-ро зарфи як ҳафта таҳия ва ба Раёсати АМИТ пешниҳод кардааст.

Сипас, Беҳрӯзи Забеҳулло мудири шуъбаи адабиёти муосири Институт дар мавзуи "Пайғому паёми ибратомӯз" ва Ҳошимова Хуршеда, доктори илмҳои филологӣ дар мавзуи “Насли босаводу донишманд – ояндаи давлату миллат” суханронӣ карда, нуктаҳои асосии Паём дар бахши илму маориф ва фарҳангро зикр карданд.

Дар бахши мулоҳизот кормандони Институт Бобоназари Бобохон, Сайфиддин Мирзоев, профессор Шоҳзамон Раҳмонов, Анзурат Маликова фаъолона ширкат намуда, роҳҳои амалӣ кардани нуктаҳои Паёмро таҳлилу баррасӣ намуданд.

Дар поёни ҷаласаи васеъи кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ходими илмии Институт Ваҳҳобзода Сулаймон дар васфи Ватан ашъори тозаву ноб қироат кард.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО