Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
23 Jan 2026
Submitted by Admin
48

Имрӯз дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ семинари илмӣ таҳти унвони «Нақду баррасии матнҳои "Шоҳнома"-и Абулқосим Фирдавсӣ” баргузор шуд. Маҳфили илмиро директори Институт доктори илми филология Ф. Шарифзода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки: "Аз ҷониби Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳдои “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон воқеан шоистаи таҳсин мебошад. Ин амри мудаббирона ба баланд шудани эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастӣ мусоидат мекунад. Чунон ки ҳамаи шумо медонед, дар пешгуфтори матни нави "Шоҳнома" Ҷаноби Олӣ ба донишмандони “Шоҳнома” пажӯҳ, бавежа донишмандони Институти забон ва адабиёт барои таҳияи матни нави “Шоҳнома” изҳори ташаккур намуда буданд.

Азбаски чопи мазкури “Шоҳнома” дар асоси нусхаҳои муътабар сурат гирифт, аз ходими калони шуъбаи таърихи адабиёти Институт - Мубашшир Акбарзод хоҳиш карда мешавад, ки гузориши худро пешниҳод намояд". Дар суханронӣ Мубашшири Акбарзод дар бораи муътабартари чопҳои “Шоҳнома” ва интихоби абёти саҳеҳи он мулоҳизаҳои ҷолиб баён дошт. Ӯ гуфт, ки дар чопҳои гуногуни “Шоҳнома” байтҳои зиёде во мехӯранд, ки ба таври мухталиф сабт шудааанд ва онҳоро метавон дар доираи меъёрҳои илми матншиносӣ ба панҷ даста тақсим кард:

1. Тафовути вожаҳо.

2. Ғалатҳои мантиқӣ ва таносуб.

3.Ғалатнависӣ.

4. Вожаҳои куҳан.

5. Нукоти шоирона.

Ҳар кадом аз масъалаҳои зикршударо М.Акбарзод бо мисолҳои мушахас шарҳ дод ва байтҳҳои саҳеҳи онро зикр кард.

Дар кори семинар устоди Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров - Саидумрон Саидов иштирок дошт.

Пас аз гузориш мубоҳисаҳои илмӣ сурат гирифта, донишмандон - Б.Бобохонов, Ш.Раҳмонов С.Саидов андешаҳои худро дар бораи нусхаҳои "Шоҳнома" баён доштанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО