13 Mar 2026
Submitted by Admin
8

Дирӯз, 13 марти 2026 бо ибтикории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ дар чаҳорчубаи маҳфили “Хирад”-и Раёсати АМИТ таҳти унвони «Муаммои забони сумерӣ» бо иштироки устоди забонҳои бостон, узви хориҷии АМИТ- доктор Раҳом Аша баргузор гашт

Чорабинии мазкур бо суханонии ифтитоҳии ноиби президенти АМИТ д.и.ф., профессор Муҳаммаддовуд Саломиён оғоз гардид. Сипас, гузориши илмии директори Институти забон ва адбиёти ба номи Рӯдакии АМИТ профессор Фарангис Шарифзода дар мавзуи “Корномаи илмии доктор Раҳом Аша”ба самъи ҳозирин расонида шуд.

Доктор Раҳом Аша барои иштирокчиёни маҳфил дар бораи мушкилот ва муаммоҳои забони сумерӣ суханронии илмӣ намуд. Дар охир олимону донишмандон ва рӯзноманигорон перомуни мавзуи мазкур изҳори назар намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО