22 Mar 2026
Submitted by Admin
26

Такягоҳи ман аст асолату кеш,

Бенишонист ҳукми қавми пареш,

Зиндагӣ гоҳ нӯш дораду неш,

Пешво хонадат ба фитрати хеш:

Тоҷикистон ба пеш, боз ба пеш!

Имрӯз (22.03.2026) дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷашни Наврӯз бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид. Гурӯҳе аз меҳмонони форситабори афғонистонӣ ва эронии муқими Аврупо, адибону шоирон ва муҳаққиқони соҳаҳои гуногун, ки барои ширкат дар ҷашнҳои бошукӯҳи Наврӯзӣ ба Тоҷикистон омадаанд, соати соати 10.30 дар даромадгоҳи Институт мавриди истиқболи Раёсати Интситут қарор гирифта, баъдан дар толори калон маҳфили адабии шоирони форсизабон баргузор гардид.

Маҳфилро профессор Фарангис Шарифзода, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ ифтитоҳ намуда, дар ибтидо меҳмононро бо бо таърихи таъсиси Институт, шуъбаҳои он ва мудирону муҳаққиқони барҷаста ошно кард.

Меҳмонони хориҷӣ аз тарафи доктор Башир Азизӣ узви хориҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд.

Маҳфили адабӣ бо гардонандагии мудири шуъбаи адабиёти муосир Беҳрӯзи Забеҳулло оғоз гардида, дар ибтидо китоби тозанашри муҳаққиқ Башир Азизӣ “Наврӯз – арзиши замоншиносӣ ва рисолати фарҳангӣ”, ки тавассути нашриёти “Дониш”-и Академияи милли илмҳои Тоҷикистон ба нашр расидааст, рӯнамоӣ гардид.

Сипас, шоиорону адибони форсизабон: устодон Латиф Нозимӣ (Франкурти Олмон), шоири Халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким, Тониё Окифӣ (Ҳоланд), узви вобастаи АМИТ - доктор Ҳасан Султон, Мижгон Соғар (Олмон), Манижа Нодирӣ (Ҳоланд) адабиётшинос Муҳаммад Салҷуқӣ (Олмон), устоди ДМТ Сафаргул Ҳалимиён, доктор Наҷибуллоҳ Масир (Ҳоланд), мудири шуъбаи таърихи адабиёт Умриддин Юсуфӣ, доктор Ҳамид Муфид (Олмон), Бузургзода Бурҳониддин, Рустами Аҷамӣ (муҳаққиқони Институт) ба тартиб ашъори наврӯзии худро қироат карданд.

Муҳиммтарин бахши барномаи маҳфили адабӣ ривояти хотироти меҳмонони хориҷӣ аз Наврӯзии ҷумҳурӣ дар ҳузури Пешвои тоҷикони ҷаҳон, чаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон буд, ки бо шавқу шӯри беандоза онро васф намуда, таассуроти хешро аз ҷашни Наврӯзи Тоҷикистон баён карданд.

Дар қисмати поёнии маҳфил барномаи консертии дилпазире дар вурудии Институт барои меҳмонон пешкаш гардид, ки дар он ҳамагӣ ба шодию сурур пардохта, аз таронаҳои наврӯзии гурӯҳи ҳунармандони Консерваторияи Миллии Тоҷикистон лаззат бурданд.

Дар интиҳо профессор Фарангис Шарифзода куллияи меҳмононро хайра мақдам намуда, аз онҳо даъват намуд, ки дар конфренсияҳои байналмиллаӣ бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ, ки моҳи июн дар ҳамкорӣ бо созмони ЮНЕСКО дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, ширкат намоянд.

Меҳмонон бо ситоиши эҳсоси баланди ватанпарастии Пешвои Тоҷикони ҷаҳон маротиби қадрдонии худро аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ баён карданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО