06 May 2026
Submitted by Admin
20

Имрӯз, 5 май ба муносибати 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон устод Мирзо Турсунзода, як гурӯҳ олимону муҳаққиқон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва гиромидошти хотираи ин шахсияти бузурги адабиву сиёсӣ аз хона-музейи устод боздид намуданд.

Зимни боздид олимону муҳаққиқон бо шароити зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии адиб аз наздик шинос шуда, аз осори гаронбаҳо, дастхатҳо, ашёҳои шахсӣ ва ёдгориҳои таърихии марбут ба ҳаёт ва фаъолияти устод дидан намуданд. Таъкид гардид, ки мероси адабии Мирзо Турсунзода ҳамчун ганҷи бебаҳои миллӣ то имрӯз аҳамияти бузурги маънавӣ дошта, дар тарбияи наслҳои наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсонгароӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад.

Таъкид гардид, ки осори мондагори устод на танҳо як падидаи муҳими адабӣ, балки мактаби бузурги худшиносӣ, ватандӯстӣ, сулҳхоҳӣ ва инсондӯстӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад. Маҳз ҳамин арзишҳо ҷойгоҳи Мирзо Турсунзода-ро дар таърихи фарҳанги миллӣ ҳамчун чеҳраи барҷаста ва беназир устувор гардонидаанд.

Дар идомаи боздид масъалаи нақши мероси адабии устод дар таҳкими худшиносии миллӣ, рушди адабиёти муосири тоҷик ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои миллӣ мавриди баррасӣ ва табодули афкор қарор гирифт. Таъкид шуд, ки таҳқиқ ва таблиғи ҳамаҷонибаи осори устод аз вазифаҳои муҳимми муҳаққиқон ва муассисаҳои илмӣ ба шумор рафта, дар ин самт бояд корҳои илмӣ-омӯзишӣ боз ҳам густариш дода шаванд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО