18 May 2026
Submitted by Admin
25

Тибқи нақша-чорабиниҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ ва супоришҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамасола санаи 18 май ҳамчун “Рӯзи байналмилалии Осорхонаҳо” таҷлил мегардад. Дар ҳамин росто имрӯз ҳайати илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ таҳти роҳбарии директори институт Шарифзода Фарангис Худоӣ, ҳамзамон бо иштироки директори хона-музейҳо Абдураҳимов Амирхуҷа ва мудирони шуъбаҳо аз хона-музейи Қаҳрамони Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода боздиди фарҳангиву маърифатӣ анҷом доданд.

Ин чорабинии фарҳангӣ дар фазои саршор аз эҳтиром ба таърих, тамаддун ва арзишҳои миллӣ, дар арафаи ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, аҳли илм аз омодагии шоиста ва муҳити маънавии осорхона изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Зимни боздид аз толорҳо ва осори гаронбаҳои таърихиву адабӣ, доир ба зиндагӣ, фаъолияти эҷодӣ ва мақоми мондагори устод Мирзо Турсунзода суханрониҳои пурмуҳтаво сурат гирифт. Таъкид карда шуд, ки устод Мирзо Турсунзода ҳамчун симои барҷастаи адабиёти муосири тоҷик, ситораи тобони фарҳанги миллӣ ва паёмовари сулҳу дӯстӣ дар таърихи миллат ҷойгоҳи хосса дорад. Осори гаронсанги ӯ имрӯз низ барои наслҳои ҷавон мактаби бузурги маърифат, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва инсонпарварӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки ҳар як экспонати осорхона бозгӯкунандаи таърихи пурифтихор ва оинаи ҷаҳонбиниву маънавиёти миллати тоҷик буда, бинандаро ба умқи фарҳанг, ҳунар ва тамаддуни бостонии ниёгон раҳнамун месозад. Муҳити осорхона бо рӯҳи ҳашамат, эҳсоси гарми ватандорӣ ва арзишҳои волои миллӣ ҳар як меҳмонро ба андешаи амиқ ва ифтихор аз гузаштаву имрӯз ва фардои миллат водор менамояд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО