Error message

Notice: Undefined variable: layout_width در include() (خط 18 از /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
18 May 2026
Submitted by Admin
27

Рӯзи 16-уми майи соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии ш. Самарқанд бахшида ба 90-солагии доктори илми филология, профессор, узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ Садрӣ Саъдиев Конференсияи илмӣ-назариявии байналмилалӣ зери унвони “Таҳқиқоти профессор Садрӣ Саъдиев ва масъалаҳои омузиши муҳити адабии Самарқанд дар адабиётшиносии форсӣ-тоҷикӣ” доир гардид.

Дар Конференсияи мазкур аз Академия миллии илмҳои Тоҷиуистон ноиби перзиденти АМИТ, доктори илми филология, профессор Муҳаммаддовуд Саломиён бо маърӯзаҳои “Ҷойгоҳи профессор Садрӣ Саъдиев дар адабиётшиносии муосири тоҷик”, ходими пешбари илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, н.и.ф. Анзурати Маликзод “Ҷойгоҳи профессор Садрӣ Саъдиев дар адабиётшиносӣ ва Самарқандшиносии тоҷик”, котиби илмии Институти мазкур, н.и.ф. Рахшанда Аҳмадзода “Профессор Садрӣ Саъдиев муҳаққиқи нуктасанҷи забони осори классикӣ” иштирок ва суханронӣ намуданд. Номбурдаҳо пас аз ироаи гузоришҳои илмии худтуҳфаҳо ва табрикотномаҳои раёсати АМИТ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакиро ба соҳибҷашн Садрӣ Саъдиев, ки 23 соли фаъолияти худро дар он сипари намудааст тақдим намуданд.

Дар охир соҳибҷашн профессор Садрӣ Саъдиев ба раёсати АМИТ ва Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ барои қадршиносиҳои мунтазам ва эҳтироми самимона нисбат ба хидматҳои бедареғи илмияш изҳори сипосу миннатдорӣ намуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО