12 Jun 2026
Submitted by Admin
25

Имрӯз дар толори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ маҳфили илмӣ ба муносибати муаррифии китоби тозанашри профессор Садрӣ Саъдиев бо иштироки донишмандону муҳаққиқони Институти мазкур ва муссисаҳои дигари илмиву фарҳангии кишвар доир гардид. Ҷилди шашуми китоби бисёрҷилдаи “Таърихи адабиёти тоҷикӣ дар нимаи дуюми асри XVI ва асри XVII”, ки аз тариқи нашриёти “Дониш”, соли 2025 дар ҳаҷми 404 саҳифа ба табъ расид, ба қалами профессор Садрӣ Саъдиев тааллуқ дорад.

Ҷаласаро директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ профессор Фарангис Шарифзода дар бораи фаъолиятҳои густардаи илмии мавсуф гузориши муфассале ироа намуда, таъкид кард, ки 21 соли фаъолияти донишманди мазкур дар институтҳои шарқшиносӣ ва забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ дар ҳалқаи донишмандони маҳбуби илми академии ин муассисаҳо сипарӣ шудааст.

Ҳозирон маърузаҳои илмии докторони илми филология Умриддин Юсуфӣ, Бадриддин Мақсудзода, Матлубаи Мирзоюнус ва шогирди эшон Анзурати Маликзодро дар бораи нуктаҳои муҳимми илмии китоби тозанашри Садрӣ Саъдиев шуниданд.

Дар охир муаллифи китоб, профессор Садрӣ Саъдиев доир ба равиши кори илмии худ дар таърихи адабиётнависӣ ва ниҳоят муҳим будани он гузориши муфассали омузандаи илмӣ ироа намуд, ки барои муҳаққиқони навроҳи илм муфид ва омузанда мебошад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО