18 Sep 2026
Submitted by Admin
21

Имрӯз (18.09.2026) дар толори Академимяи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Конференсияи ҷумҳуриявии илмию назариявӣ дар мавзуи «Сотим Улуғзода ва тасвиру инъикоси арзишҳои бадею таърихӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ дар адабиёти муосири тоҷик» ба муносибати 115-солагии Сотим Улуғзода – Нависандаи халқии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, баргузор гардид.

Конференсияро Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Қобилҷон Хушвахтзода ифтитоҳ намуда, дар мавриди хизматҳои устод Сотим Улуғзода дар адабиёти муосири тоҷик ва муносибати Пешвои миллат бо ин фарзанди фарзонаи миллат ба таври муфассал изҳори назар кард. Сипас, дар ҷараёни кори конфронс раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии ба номи С. Улуғзода, профессор Жило Гулназарзода, академик Муҳаммадюсуф Имомзода, узви вобастаи АМИТ Ҳасан Султон, сарходими шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ Ҷамила Мурувватиён ва доктор Ҳошимова Хуршеда баромад намуда, хизматҳои устод Сотим Улуғзода дар адабиёти навини тоҷикро баршумурда, ба фаъолияти эҷодӣ ва иҷтимоии адиб баҳои баланд доданд. АкадемикХушвахтзода таъкид кард, ки: “Сотим Улуғзода яке аз нависандагони бузурги миллии мо буда, эҳсосоти миллии ӯ дар тамоми осораш ҷанбаи мусбат дошта, ҳадафаш эҳёи ҳувияти тоҷикӣ ва худшиносии миллӣ мебошад. Нависандаи хушбаён хуб дарк мекард, ки шинохти гузашта барои худшиносии миллат аҳаммияти бузург дорад. Аз ҳамин ҷост, ки дар асарҳои ӯ чеҳраҳои Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Аҳмади Дониш, Восеъ ва Темурмалик ба воситаи сухани нависанда ба хонандагони замони мо наздик шуданд. Дар ин замина, Сотим Улуғзода идомадиҳандаи мактаби устод Садриддин Айнӣ буд. Агар устод Айнӣ барои барқарор кардани хотираи таърихии тоҷикон дар адабиёти навини тоҷик замина гузошт, устод Улуғзода ин равандро бо осори бадеии худ идома дод. Устод дар асарҳои баландмазмуни худ «Қисмати шоир», «Субҳи ҷавонии мо», «Фирдавсӣ», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ», «Алломаи Адҳам” ва ғ. симои шахсиятҳои таърихӣ ва қаҳрамонию ҷонфишонии мардуми тоҷикро дар тули асрҳо таҷассум намуда, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандӯстии чандин насли халқамон саҳми арзанда гузоштааст.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар иртибот ба мавзуи муносибати Пешвоимиллат бо аҳли зиёи мамлакат афзуданд: “Қобили зикр аст, ки соли 1995, ҳангоми сафар ба Маскав Пешвои тоҷикон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба манзили Сотим Улуғзода рафта, аз ҳоли адиби бемор хабар гирифтанд. Барои як нависандаи солхӯрдае, ки солҳои охири умрашро дур аз Ватан сипарӣ мекард, чунин дидор танҳо як мулоқоти расмӣ набуда, эҳтиром ба инсон ва ҳамзамон арҷгузорӣ ба мақоми ӯ дар фарҳанги миллӣ буд”. Зикр гардид, ки қадршиносии Сотим Улуғзода аз ҷониби Пешвои муаззами миллат баъдан низ идома ёфта, 27 ноябри соли 2002 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сотим Улуғзода барои хизматҳои бузург дар рушди фарҳанг, инъикоси бадеии таърихи халқи тоҷик, ташаккули худшиносии миллӣ, афзудани неруи маънавӣ ва зеҳнии миллат ва иштироки пурсамар дар ҳаёти ҷамъиятӣ бо ордени «Исмоили Сомонӣ» дараҷаи I сарфароз гардонида шуд. Тавре аз матни фармон бармеояд, аҳамияти осори устод Сотим Улуғзода дар доираи адабиёт маҳдуд намонда, ҳамчун ҷузъи мероси маънавии миллат эътироф гардид. Дар ҷараёни конференсияи ҳамчунин таъкид гардид, ки “Сотим Улуғзода, барҳақ, яке аз бунёдгузорони драматургияи тоҷик эътироф гардида, дар рушди санъати театрии тоҷик низ нақши муҳим гузоштааст. Саҳми устод дар тарҷумаи шоҳкориҳои адабиёти ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ ҳам хеле бузург мебошад”.

Ба ҳамин тартиб, дар ҷараёни конференсияи мазкур олимону пажуҳишгарон паҳлуҳои гуногуни фаъолияти эҷодии устод Сотим Улуғзодаро таҳлилу баррасӣ намуда, симои дурахшони ин фарзанди фарзонаи миллатро бештару беҳтар баҳамагон муаррифӣ намуданд.

Дар поёни конференсия аз китобҳои тозанашри муҳаққиқони шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, доктор Ҷамила Мурувватиён “Тамоюлҳои нав дар романи тоҷик” ва доктор Хуршеда Ҳошимова “Саҳифаҳои диловарию қаҳрамонӣ” ё гулчине аз ҳикояву очерк ва намунаи ашъори Сотим Улуғзода, рӯнамоӣ гардид.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО