21 Sep 2026
Submitted by Admin
34

Имрӯз, 21 сентябр дар ҳошияи баргузории Конфронси байналмилалӣ бахшида ба бузургдошти устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мулоқоти президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, бо раиси Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад доктор Абдурризо Ҷавон Ҷаъфарии Буҷнурдӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ ва таълимӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳадро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гардид, ки густариши робитаҳои илмӣ миёни муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон барои рушди минбаъдаи илму маориф, табодули таҷриба ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, ҷонибҳо ба масъалаи ҳифз, омӯзиш ва рушди забони форсӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими мероси забонӣ ва фарҳангии халқҳои минтақа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Зикр гардид, ки забони форсӣ дар тӯли садсолаҳо ҳамчун воситаи муҳимми баёни андешаҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангӣ нақши муассир дошта, осори гаронбаҳои ба ин забон офаридашуда қисми муҳими мероси маънавии халқҳои тоҷик ва форсро ташкил медиҳад. Дар ин замина, омӯзиши амиқи осори хаттӣ, адабӣ ва илмӣ, таҳқиқи забон ва адабиёти форсӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муаррифии мероси забонӣ метавонад ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва таҳкими пайванди наслҳои имрӯз бо мероси гузашта мусоидат намояд.

Дар мулоқот инчунин масъалаҳои ҳифз ва омӯзиши мероси ниёгон, арзишҳои миллӣ ва маънавӣ, инчунин таҳқиқи ҳамаҷонибаи таъриху фарҳанги муштараки халқҳои Тоҷикистону Эрон мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки умумияти забонӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ миёни ду миллат заминаи муҳим барои рушди ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, омӯзиши ин мероси муштарак метавонад барои шинохти амиқтари саҳифаҳои таърих ва муаррифии дастовардҳои фарҳангиву илмии ниёгон ба наслҳои нав мусоидат намояд.

Дар идома ҷонибҳо зарурати таҳкими ҳамкориҳои илмиро дар самти таҳқиқи мероси хаттӣ ва адабӣ, омӯзиши осори бузургони илму адаб, аз ҷумла Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва дигар намояндагони барҷастаи адабиёти классикии форсу тоҷик, таъкид намуданд. Дар ин замина, баргузор намудани ҳамоишҳои илмӣ, конференсияҳо, мизҳои гирд, семинарҳои муштарак ва таҳияи корҳои илмӣ метавонад барои таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни таъриху фарҳанги муштарак ва табодули таҷрибаи муҳаққиқони ду кишвар заминаи мусоид фароҳам оварад.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои таҳкими робитаҳои илмӣ миёни олимону муҳаққиқони ду кишвар, омода намудани кадрҳои илмӣ, табодули таҷриба, ҷалби муҳаққиқони ҷавон ба корҳои илмӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки таҳқиқотӣ баррасӣ гардиданд. Таъкид шуд, ки ҳамкориҳои мустақими муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии ду кишвар метавонанд ба рушди таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ, таҳкими робитаҳои академӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои илмӣ мусоидат намоянд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт, таъкид намуд, ки робитаҳои илмӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон дорои заминаи устувори таърихӣ буда, идомаи чунин ҳамкориҳо дар шароити муосир барои рушди илм, маориф, забон ва фарҳанг аҳамияти муҳим дорад. Зикр гардид, ки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон омода аст ҳамкориҳоро бо муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн густариш бахшад.

Дар фарҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва таҳкими муносибатҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ миёни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад иброз намуда, таъкид карданд, ки истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти омӯзиши забони форсӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳқиқ ва муаррифии мероси ниёгон ва омӯзиши таъриху фарҳанги муштараки ду миллат ба рушди минбаъдаи робитаҳои академӣ ва татбиқи ташаббусҳои муштарак мусоидат хоҳад кард.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО