30 Sep 2026
Submitted by Admin
22

Меҳмони олиқадрро дар ин боздид директори Иттиҳодияи хона-музейҳои Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) Амирхуҷа Абдураҳимов, нозири кадрҳои Институт Фирдавс Давлатзода, роҳбари иттифоқи касабаи Институт Латифзода Собир Зарифӣ ва дигар кормандони хона-музейҳо ҳамроҳӣ ва пешвоз гирифтанд.

Аҳли илму адаб меҳмонро бо гӯшаҳои мухталифи музейҳо, дастхатҳо ва осори гаронбаҳои ин ду нафар аз чеҳраҳои дурахшони таъриху адабиёти муосири тоҷик шинос намуда, доир ба саҳми бузурги устод Айнӣ ва устод Турсунзода дар рушди фарҳанг ва таҳкими дӯстии байни халқҳо маълумоти муфассал доданд.

Дар рафти боздид, ба нишони эҳтиром ва хотира аз ин вохӯрии фарҳангӣ, ба Николай Спасский китоби устод Садриддин Айнӣ тӯҳфа карда шуд.

Дар хотимаи боздид Николай Спасский ба роҳбарият ва кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ барои қабули самимӣ ва ҳифзу нигоҳдории мероси бойи таърихии миллати тоҷик сипосгузории амиқи худро баён дошт. Меҳмонон ва ҳамроҳон дар саҳни хона-музейҳо аксҳои хотиравӣ гирифтанд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО