05 Oct 2026
Submitted by Admin
27

Имрӯз, 5 октябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ – амалӣ таҳти унвони “Забони давлатӣ ва масъалаҳои истилоҳшиносии муосир” баргузор гардид. Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки ҳамасола рӯзи 5-уми октябр дар кишвари мо ва берун аз он ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва, пеш аз ҳама, аз ғамхорӣ ва пуштибонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи мақоми иҷтимоии забони миллии мо, яъне забони тоҷикӣ, ҳифзу рушди минбаъдаи он гувоҳӣ медиҳад.

Таъкид гардид, ки пешоҳанг ва ташаббускори ҳама иқдомоти наҷиб дар робита ба сиёсати забони давлатӣ ва забони миллии кишвар давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон мебошад ва дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварамон нахустин бор дар таърихи давлатдории навини мо забони тоҷикӣ ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳо эътироф шуда, ки он аз бахтномаи миллат – Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад ва ин худ ормони ҳазорсолаи мардуми шарифи сарзамини куҳанбунёди мо маҳсуб меёбад.

Зикр гардид, ки забон, аслан, ҳастии миллат ва нишони давлатдории миллист, ки бо нерую тавонманди худ дар идораи давлату давлатдории мо сару оғози ҳама корҳост ва аз ин ҷост, ки он ба ғамхориву пуштибонии доимии давлат ниёз дорад. Бинобар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муассиреро амалӣ менамояд, ки барои рушду инкишофи мақоми забони давлатӣ равона шудаанд.

Қайд гардид, ки ғамхорӣ ба забон ғамхорӣ ба оммаи меҳнаткашу маърифатпарвар ва мардуми хирадманди кишвар мебошад, ки он аз мадди назари давлату Ҳукумат дур набуда, доим пуштибонӣ ёфта, дар баробари қонуну қарорҳои ин масъаларо танзимкунанда, ҳамчунин, барномаву дигар дастуру супоришҳои давра ба даврагӣ шаҳодат аз назорату пайгирӣ ва рушд бахшидани ин маҳаки асосии пояи давлат ва миллат, ки он ҳам бо забон муаррифӣ мешавад, роҳандозӣ мегарданд. Ҳамин иқдомҳоянд, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон аллакай се маротиба барномаҳои ҳукуматӣ доир ба масоили рушди забони давлатӣ таҳия ва тасдиқ гардиданд.

Ҳамзамон, имрӯз бо итминон гуфта метавонем, ки қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳои расмию ғайрирасмӣ, санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, низомномаҳо, консепсияҳо, созишномаҳо, маълумотномаву ойиннома ва барномаву тавсияномаҳо, фарҳангномаҳои тахассусӣ, парвандаҳои судӣ, китобу мақола, нақша, барчаспҳои маводи хурокворӣ ва номгузориҳои ташкилоту муассисаҳо ва мавзеъҳои ҷуғрофӣ ба забони давлатӣ навишта шуда, ҷашну маросимҳо, симпозиум ва конференсияҳо, семинару мизҳои мудаввар дар ҳамаи сатҳҳо ба забони давлатӣ баргузор гардида, дар татбиқи сиёсати забони давлатӣ ҳамчун забони сиёсат ва илму маориф нақши арзанда дорад.

Дар идома як зумра олимону муҳаққиқон дар маърузаҳои хеш масъалаҳои рушди забони давлатӣ, такмили истилоҳоти илмӣ ва мушкилоти истилоҳшиносии муосирро мавриди баррасӣ қарор доданд. Таваҷҷуҳи махсус ба ташаккули истилоҳоти соҳавӣ, истифодаи дурусту бамавриди вожаҳои тоҷикӣ, ҳамгунсозии истилоҳҳо дар матнҳои илмӣ ва таҳияи фарҳангномаҳои тахассусӣ зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки дар шароити рушди босуръати илму технология омӯзишу танзими истилоҳоти нав ва интихоби муодилҳои дақиқи тоҷикӣ барои ғанӣ гардонидани захираи луғавии забон ва густариши имкониятҳои он ҳамчун забони илм аҳамияти муҳим доранд.

Ҳамзамон, зарурати таҳкими ҳамкории забоншиносон бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни илм ҷиҳати таҳия ва мувофиқаи истилоҳоти соҳавӣ таъкид гардид. Зикр шуд, ки риояи меъёрҳои забони адабӣ, дақиқии баён ва истифодаи истилоҳоти ягона дар таълифи асарҳои илмӣ, китобҳои дарсӣ ва ҳуҷҷатҳои расмӣ ба беҳтар гардидани сифати муҳтавои онҳо мусоидат менамояд. Дар ин замина, ҳифзи асолати забони тоҷикӣ, истифодаи имкониятҳои вожасозии он ва муносибати илмӣ ба қабули истилоҳоти байналмилалӣ аз вазифаҳои муҳимми аҳли илм арзёбӣ гардиданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ ду нафар корманди Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон — Сулаймони Аҳтам, корманди Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ, ки дар даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» сазовори ҷойи дуюм гардид, ва Сулаймонова Ҷавоҳира, корманди Шуъбаи кор бо мактабачагони Академияи хурди илмҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, ки дар ҳамин даври озмун ҷойи сеюмро соҳиб шуд, аз ҷониби Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО