05 Oct 2026
Submitted by Admin
3

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон фарорасии рӯзи мубораки зодрӯзи Шуморо самимона ва бо эҳтироми воло табрик менамоянд.

Зодрӯзи Пешвои миллат барои ҳар фарди соҳибватан фурсати арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии Шумо дар роҳи таҳкими Истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, устувории пояҳои давлатдории миллӣ ва ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Бо роҳбарии хирадмандона ва сиёсати созандаи Ҷаноби Олӣ дар кишвар забони давлатӣ, илму маориф, адабиёт ва фарҳанги миллӣ ҳамчун рукнҳои муҳими ҳастии маънавии миллат мақоми шоиста пайдо намуда, барои таҳкими худшиносии миллӣ ва эҳёи арзишҳои таърихиву фарҳангӣ заминаҳои мусоид фароҳам омадааст.

Ходимони илмии Институт, ки рисолати хешро дар ҳифз, таҳқиқ ва рушди забону адабиёти миллӣ мебинанд, дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Шуморо ба аҳли илму адаб самимона қадр менамоянд.

Ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, тансиҳатии комил, умри дарози пурбаракат, неруи созанда, иқболи баланд ва комёбиҳои рӯзафзун дар роҳи хизмат ба миллату давлат орзу дорем.

Бигзор Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷовидон, сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор, давлат неруманд ва Ватани маҳбубамон ҳамеша ободу осуда ва сояи давлати Шумо бар сари ин миллат мустадом бошад!

Зодрӯз муборак, Ҷаноби Олӣ — Пешвои муҳтарами миллат!

Пешво, имрӯз ҷашни Оли Сомон аст,

Ҷашни ҳар як тоҷики бигзашта аз ҷон аст.

Шодрӯзат халқи моро рӯзи хушбахтист,

Зодрӯзат, зодрӯзи Тоҷикистон аст!

Бо эҳтироми воло,

Кормандони Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО