20 Oct 2026
Submitted by Admin
6

Имрӯз, 20 октябри соли 2026 дар толори асосии Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо ташаббуси Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-методологӣ дар мавзуи «Умари Хайём – файласуф, адиб ва табиатшиноси бузурги тоҷик» баргузор гардид.

Конференсияи мазкур бо иштироки олимону муҳаққиқон ва намояндагони муассисаҳои илмии кишвар доир гардида, ба омӯзишу таҳлили мероси гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ ва адабии Умари Хайём, муайян намудани ҷойгоҳи ӯ дар таърихи тамаддуни тоҷик ва баррасии саҳми ин мутафаккири бузург дар рушди афкори фалсафӣ, адабӣ ва табиатшиносии асримиёнагӣ бахшида шуд.

Ҳамоиш бо сухани ифтитоҳии ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Саломиён Мањмадовуд оғоз гардид. Зимни суханронӣ аҳамияти омӯзишу таҳқиқи мероси илмӣ ва фалсафии Умари Хайём ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи тамаддуни тоҷик таъкид карда шуд. Қайд гардид, ки осори ин мутафаккири бузург бо фарогирии масъалаҳои фалсафа, адабиёт ва илм дар таърихи фарҳанги миллӣ ва тамаддуни башарӣ ҷойгоҳи арзишманд дошта, омӯзиши он барои муаррифии дастовардҳои илмӣ ва маънавии миллати тоҷик аҳамияти хос дорад. Ҳамзамон, зарурати идомаи таҳқиқоти илмӣ ва шинохти амиқи мероси Хайём ҳамчун ҷузъи муҳими таърихи илму фарҳанги тоҷик таъкид гардид.

Сипас, директори Институти фалсафа ва сиёсатшиносии ба номи А. Баҳоваддинови АМИТ, доктори илмҳои фалсафа, профессор Маҳмадизода Нозим Давлатмурод суханронӣ намуданд. Мавсуф дар сухани ифтитоҳии худ ба аҳамияти таҳқиқи ҳамаҷонибаи мероси фалсафӣ ва адабии Умари Хайём таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карданд, ки омӯзиши афкори ин мутафаккир барои дарки равандҳои ташаккули тафаккури фалсафӣ, рушди донишҳои илмӣ ва шинохти арзишҳои маънавию ахлоқии миллати тоҷик заминаи муҳим фароҳам меорад. Ҳамчунин, зарурати идомаи таҳқиқоти илмӣ, омӯзиши осори Хайём аз дидгоҳҳои муосир ва муаррифии саҳми ӯ дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ таъкид гардид.

Дар идомаи чорабинӣ Ҷангибекова Садаф ашъори Умари Хайёмро қироат намуда, ба фазои ҳамоиш ҳусни адабӣ бахшид. Қироати рубоиёти шоир ҳозиринро бо паҳлуҳои ҳикматомез, андешапарвар ва инсонгароёнаи осори ӯ ошно сохт.

Дар қисмати илмии конференсия олимону муҳаққиқони соҳаҳои фалсафа, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, таърих ва илмҳои табиатшиносӣ бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуданд. Аз ҷумла, доктори илмҳои филология, профессор Шарифзода Ф.Х., директори Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ, дар мавзуи «Арзиши фарҳангӣ ва забоншинохтии “Наврӯзнома”-и Умари Хайём» маърӯза ироа намуданд. Дар маърӯза аҳамияти фарҳангӣ ва забонии ин асар ҳамчун яке аз намунаҳои арзишманди мероси адабию илмии Хайём мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Доктори илмҳои филология, профессор, узви вобастаи АМИТ Ҳасани Султон дар мавзуи «Шукӯҳи забони илм дар рубоиёти Хайём» баромад намуда, масъалаи ифодаи андешаҳои илмӣ ва фалсафиро дар осори шоир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, доктори илмҳои таърих, профессор Аскаралӣ Раҷабов дар мавзуи «Масоили назарии мусиқӣ аз нигоҳи Умари Хайём» ва доктори илмҳои таърих, профессор Хайёл Бобоев дар мавзуи «Омар Хайям и решения концептуальных вопросов средневековой астрономии» маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд. Маърӯзаҳои мазкур ба баррасии паҳлуҳои гуногуни фаъолияти илмӣ ва саҳми Хайём дар рушди донишҳои асримиёнагӣ бахшида шуданд.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои филология, котиби илмии СИЭМТ Мањмадуллоев Ф.С. дар мавзуи «Умари Хайём – тасхиргари қалбҳо ва талқингари шодмонӣ» маърӯза намуда, ба ҷанбаҳои адабӣ ва маънавии осори ин шоири барҷаста таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Доктори илмҳои фалсафа Диноршоева З.М. дар мавзуи «Изучение истории средневековой таджикско-персидской науки как фактор развития современной истории философии в Таджикистане (на примере научных открытий Омара Хайяма)» баромад намуда, масъалаи омӯзиши таърихи илми тоҷикӣ-форсии асримиёнагӣ ва аҳамияти онро барои рушди таърихи муосири фалсафа мавриди таҳлил қарор доданд.

Инчунин, Махшулов М., ходими пешбари илмии Маркази синошиносии Институти фалсафа ва сиёсатшиносии АМИТ, дар мавзуи «Таъсирпазирии Умари Хайём аз Ибни Сино дар эҷоди рубоиёти фалсафӣ» маърӯза ироа намуд. Дар он масъалаи робитаи афкори фалсафии ду мутафаккири бузург ва таъсири мероси Ибни Сино ба ташаккули андешаҳои фалсафии Хайём мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.

Дар баробари ин, дар бахшҳои конференсия масъалаҳои фалсафаи ишқи Умари Хайём, универсализми фалсафии Шарқ, ҳастишиносӣ, маърифат ва озодии инсон дар рисолаҳо ва рубоиёти ӯ, масъалаи ирфон, масоили нуҷумӣ, андешаҳои фалсафӣ ва ҷойгоҳи арзишҳои ахлоқӣ дар осори шоир баррасӣ гардиданд. Ҳамчунин, таносуби инсон ва табиат дар афкори фалсафии Хайём ва масъалаи озодандешӣ дар осори ӯ ва Низомии Ганҷавӣ аз мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳи муҳаққиқон буданд.

Дар бахши музокирот иштирокчиёни конференсия масъалаҳои марбут ба арзиши фалсафӣ ва адабии осори Умари Хайём, саҳми ӯ дар рушди илму фарҳанги асримиёнагии тоҷик, аҳамияти рубоиёти фалсафӣ, робитаи андешаҳои ӯ бо мероси Ибни Сино ва нақши осори ин мутафаккирро дар ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва ахлоқии ҷомеа мавриди муҳокима қарор доданд.

Таъкид гардид, ки омӯзиши ҳамаҷонибаи мероси Умари Хайём барои дарки амиқи таърихи наслҳои афкори фалсафӣ, муаррифии дастовардҳои илмию фарҳангии миллати тоҷик ва таҳкими пайванди имрӯзу оянда бо арзишҳои маънавии гузашта аҳамияти муҳим дорад. Мероси ин мутафаккир на танҳо сарчашмаи арзишманди омӯзиши таърихи илму адаб, балки омили муҳимми рушди тафаккури интиқодӣ, ҷаҳонбинии илмӣ ва андешаи фалсафӣ низ ба шумор меравад.

Конференсия дар фазои илмӣ ва мубодилаи афкор баргузор гардида, барои таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, густариши таҳқиқоти фалсафию адабӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои Умари Хайём ҳамчун ҷузъи муҳимми тамаддуни тоҷик заминаи мусоид фароҳам овард. Баргузории чунин ҳамоишҳо дар омӯзиши амиқи мероси ниёгон, рушди хайёмшиносӣ ва муаррифии саҳми олимону мутафаккирони тоҷик дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ аҳамияти назаррас дорад

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО