Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
25 Oct 2026
Submitted by Admin
19

24 октябри соли 2026 бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими қадрдонии намояндагони соҳаи фарҳангу адаб ва кормандони вазорату идораҳо баргузор гардид.

Чорабинӣ ба қадрдонии саҳми арзишманди аҳли фарҳангу адаб ва намояндагони сохторҳои гуногун дар омодагӣ ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, хизматҳои шоистаи онҳо дар роҳи тарғиби арзишҳои миллӣ, муаррифии дастовардҳои фарҳанги тоҷик ва таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ қадрдонӣ гардиданд.

Зимни суханронӣ Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён нақши Истиқлоли давлатиро дар рушди фарҳангу санъат, эҳёи анъанаҳои миллӣ, ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ ва муаррифии ҳунару истеъдоди миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар ин маросим мудири шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Беҳрӯз Забеҳуллоҳ низ барои саҳми арзанда дар рушди фарҳангу адаби миллӣ ва фаъолияти пурсамари касбӣ қадрдонӣ гардид.

Қадрдонии Беҳрӯз Забеҳуллоҳ нишонаи арҷгузорӣ ба заҳматҳои аҳли илму адаб ва эътирофи саҳми онҳо дар ҳифзу гиромидошти арзишҳои миллӣ, рушди фарҳанги маънавӣ ва ғанӣ гардонидани ҳаёти адабии ҷомеа мебошад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО