03 Nov 2026
Submitted by Admin
33

Имрӯз, 3 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 100 - солагии академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон соҳибҷоизаи илмии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Абуалӣ ибни Сино Муҳаммадҷони Шакурӣ Конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Саҳми академик Муҳаммадҷон Шакурӣ дар рушди илму адаб ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва инсонӣ пояҳои устувори маънавияти ҷомеа буда, шинохти онҳо вобастагӣ ба хидматҳои шахсиятҳои ҷоннисори миллат дорад. Дар таърихи илму фарҳанги тоҷик шахсиятҳое ҳастанд, ки фаъолияти онҳо аз доираи як ихтисоси муайян фаротар рафта, ба ҷузъи муҳимми ҳаёти маънавии миллат табдил ёфтааст. Академик Муҳаммадҷони Шакурӣ аз ҷумлаи ҳамин гуна чеҳраҳои нодири илму фарҳанг мебошад, ки мероси илмӣ ва андешаи иҷтимоиву фарҳангии ӯ дар ташаккули худшиносии миллӣ, рушди забон ва адабиёти тоҷик, тафаккури илмӣ ва ҳифзи арзишҳои маънавии ҷомеа нақши барҷаста гузоштааст.

Таъкид гардид, ки рӯзгори Муҳаммадҷони Шакурӣ намунаи ибратангези хидмат ба илму адабиёт ва фарҳангу миллат мебошад. Тамоми фаъолияти илмии ин донишманди фарзона ба масъалаҳои таърихи адабиёги тоҷик, таҳаввули афкори адабӣ, масъалаҳои услубшиносӣ, нақди адабӣ ва робитаи адабиёт бо ҷомеа сарф шудааст. Хидматҳои ӯ дар рушди адабиётшиносии тоҷик, омӯзиши забон ва фарҳанги миллӣ, масъалаҳои худшиносии миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ бағоят арзишманд буда, аз аҳаммияти хоси илмию адабӣ бархурдоранд.

Зикр гардид, ки академик Муҳаммадҷони Шакурӣ бино ба қавли худаш моҳи феврали соли 1925, аммо мувофиқи ҳуҷҷат 30 юми октябри соли 1926 дар шаҳри Бухоро дар хонадони нависандаи маорифпарвари тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё дида ба олам кушодааст.

Қайд гардид, ки устод Муҳаммадҷони Шакурӣ узви пайвастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва узви пайвастаи Фарҳангистони забон ва адаби форсӣ буда, мактаби нақди адабӣ ва адабиётшиносии тоҷик дар тули зиёда аз 60 сол бо номи ӯ иртибот дошт. Рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Хусусиятҳои ғоявиву бадеии «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ» (1955) ва рисолаи докториашро таҳти унвони «Масъалаҳои услубии насри муосири тоҷик» (1970) ба дифоъ расонидааст. Муаллифи 60 китобу рисола ва беш аз 700 мақолаи илмӣ ва илмиву оммавӣ мебошад.

Гуфта шуд, ки як бахши бузурги осори ӯ ба шинохти фаъолияти илмӣ ва адабии устод Садриддин Айнӣ алоқаманд буда, дар ин мавзуъ рисолаҳои «Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и Садриддин Айнӣ» (1966), «Садриддин Айнӣ» (1978, бо ҳуруфи арабӣ), бахши аввали китоби «Насри реалистӣ ва таҳаввули шуури эстетикӣ» (1987), «Садриддин Айнӣ – равшангари таърихи тоҷикон» (2001), «Равшангари бузург» (2006) ва даҳҳо мақолаҳои дигарро навиштааст, ки ба сифати асарҳои бунёдӣ дар адабиётшиносии мо эътироф шудаанд.

Иброз гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои академик Муҳаммадҷони Шакурӣ оид ба масъалаҳои забони давлатӣ, ҳувияти миллӣ, рушди фарҳанг ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ аҳаммияти хосса касб намуданд. Ӯ аз ҷумлаи аввалин донишмандоне буд, ки зарурати эҳёи арзишҳои миллӣ ва таҳкими худшиносии таърихиву фарҳангиро ҳамчун шарти муҳимми рӯушди ҷомеа бо далелҳои илмӣ асоснок намуд. Осори ӯ имрӯз низ барои таҳкими сиёсати фарҳангӣ ва маънавии кишвар манбаи муҳимми андеша ва таҷриба ба ҳисоб мераванд.

Дар идомаи конфронс директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Шарифзода Фарангис Худоӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор, профессори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ғафуров Матлубаи Мирзоюнус, ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон Аҳтамзода Абдуалим Аҳтам, сарходими илмии шуъбаи адабиёти муосир, доктори илмҳои филология Шоҳзамон Раҳмонов дар маърузаҳои хеш доир ба саҳми арзандаи академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илми адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, нақди адабӣ, таҳқиқи осори классикону муосирони тоҷик, таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангии миллат андешаронӣ намуданд.

Зимни суханрониҳо таъкид гардид, ки академик Муҳаммадҷони Шакурӣ ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи илму адаби тоҷик бо фаъолияти густурдаи илмӣ ва осори гаронбаҳои худ дар ташаккул ва рушди мактаби муосири адабиётшиносӣ, таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷик ва густариши афкори илмӣ саҳми назаррас гузоштааст. Ҳамзамон, нақши ин донишманди фарзона дар омӯзиши осори устод Садриддин Айнӣ, таҳқиқи масъалаҳои услубшиносӣ, рушди забони адабии тоҷик ва таҳкими пояҳои маънавию фарҳангии ҷомеа махсус арзёбӣ гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО