16 Nov 2026
Submitted by Admin
53

Имрӯз, 16 ноябр дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 16 – ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Конференсияи илмию амалӣ таҳти унвони “Ниҳоди президентӣ ва рушди давлатдории миллӣ дар Тоҷикистон: заминаҳои таърихӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ” баргузор гардид.

Ба кори конференсия ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, профессор Саломиён Муҳаммаддовуд ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои арҷгузорӣ ба таърихи ташаккули давлатдории навини тоҷикон, таҳкими худшиносии миллӣ ва омӯзиши равандҳои муҳими сиёсиву ҳуқуқии кишвар аҳаммияти хосса дорад.

Таъкид гардид, ки ниҳоди президентӣ дар шароити соҳибистиқлолии Тоҷикистон яке аз рукнҳои муҳимми низоми давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар ташаккули сохтори конститутсионӣ, таҳкими ҳокимияти давлатӣ, таъмини суботу оромии ҷомеа ва муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат нақши муҳим дорад. Таҷрибаи давлатсозии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки таҳкими институтҳои давлатӣ ва такмили заминаҳои ҳуқуқӣ аз омилҳои асосии рушди устувори кишвар ба шумор мераванд.

Дар ин замина, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими ниҳоди президентӣ, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва бунёди пояҳои давлатдории миллӣ мавриди таъкид қарор гирифт. Зикр гардид, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти шадиди сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба суботи ҷомеа ва фаъолияти сохторҳои давлатӣ таъсири манфӣ расонида буд. Дар чунин шароити мураккаби таърихӣ, роҳбарии давлат ва андешидани тадбирҳои зарурӣ барои барқарор намудани сулҳу субот, ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва нигоҳ доштани ягонагии мамлакат аҳаммияти сарнавиштсоз дошт.

Қайд гардид, ки яке аз дастовардҳои муҳимми даврони соҳибистиқлолӣ ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон 27 июни соли 1997 мебошад. Ин санади таърихӣ заминаи ҳуқуқию сиёсиро барои ба эътидол овардани вазъи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ, оғози марҳилаи нави барқарорсозии иқтисоди миллӣ ва фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ фароҳам овард. Дар ин раванд, сиёсати сулҳҷӯёна ва талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди музокироти сулҳ ва расидан ба ризоияти миллӣ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳимми таърихи муосири Тоҷикистон арзёбӣ гардид.

Гуфта шуд, ки таҳкими ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон бо ташаккули низоми муосири ҳуқуқӣ, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 ва такмили минбаъдаи қонунгузории кишвар робитаи мустақим дорад. Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ асосҳои сохтори конститутсионӣ, шакли идоракунии давлат, таҷзияи ҳокимият, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин салоҳияту ваколатҳои мақомоти олии давлатиро муайян намуд. Ин раванд барои ташаккули низоми устувори идоракунии давлатӣ ва рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Иброз гардид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаҳои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ, бунёди инфрасохтори муосир, баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ба самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ табдил ёфтанд. Дар баробари ин, татбиқи барномаҳои давлатӣ, қабули стратегияҳои миллӣ ва ислоҳоти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ба рушди минбаъдаи кишвар ва таҳкими заминаҳои давлатдорӣ равона карда шуданд.

Дар идома, доктори илмҳои таърих, профессор Убайдулло Насрулло дар мавзуи «Мактаби давлатдорие, ки дар пояи худшиносии таърихӣ бунёд ёфтааст» суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ташаккули давлатдории миллӣ пеш аз ҳама ба шинохти таърихи пурғановати миллат, эҳтиром ба мероси ниёгон ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вобастагии зич дорад.

Зикр гардид, ки дар шароити соҳибистиқлолӣ омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон, эҳёи арзишҳои фарҳангиву маънавӣ ва муаррифии дастовардҳои тамаддуни миллӣ аҳаммияти хосса касб менамояд. Дар ин замина, ба нақши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳёи хотираи таърихӣ, арҷгузорӣ ба шахсиятҳои барҷастаи миллат ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ ишора карда шуд.

Инчунин, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ Буризода Эмомалӣ дар мавзуи «Ниҳоди Сарвари давлат дар таърихи давлатдории тоҷикон» маърӯза намуда, ҷанбаҳои таърихию ҳуқуқии ташаккули ниҳоди Сарвари давлатро дар марҳилаҳои гуногуни давлатдории тоҷикон мавриди таҳлил қарор дод. Зикр гардид, ки ниҳоди Сарвари давлат дар низоми сиёсию ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми махсус дошта, фаъолияти он бо ташаккули сохтори конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ ва рушди низоми идоракунии давлатӣ алоқаманд мебошад.

Ҳамчунин, номзади илмҳои фалсафа Саидов Нуралӣ дар мавзуи «Ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими давлатдории миллӣ» баромад намуда, доир ба аҳаммияти ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар муаррифии мавқеи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ибрози андеша кард. Зикр намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, бахусус дар соҳаи обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва таъмини рушди устувор, на танҳо ба ҳалли масъалаҳои мубрами глобалӣ мусоидат менамоянд, балки дар таҳкими нуфузи байналмилалии давлат ва татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ низ нақши муҳим доранд.

Дар фарҷоми конференсия озмуни ҷумҳуриявии «Корҳои илмӣ-тадқиқотии олимони ҷавон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», ки тибқи фармоиши президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз 26 октябри соли 2026 бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дарназардошти ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2027 ҳамчун «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ» бо ибтикори Институти давлат ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст карда шуд.

Зимни ҷамъбасти озмун ғолибон аз рӯйи номинатсияҳои гуногун муайян гардида, барои саҳми арзанда дар рушди таҳқиқоти илмӣ, пешниҳоди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва таваҷҷуҳ ба масъалаҳои мубрами ҳуқуқшиносӣ бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО