Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
23 Nov 2026
Submitted by Admin
24

Имрӯз, 23 ноябр ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки академии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон роҳпаймоии осоишта баргузор гардид.

Дар роҳпаймоӣ ҳайати бисёрҳазорнафараи олимону кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, роҳбарияти академия, намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, олимону кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, магистрантон, докторантони PhD, олимони ҷавон ва бонувон иштирок намуданд.

Иштирокчиёни роҳпаймоии осоишта дар даст аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро бардошта, ҳамзамон бо Парчами давлатӣ ва шиору овезаҳои ватандӯстона дар роҳпаймоӣ иштирок намуда, эҳтиром ва садоқати худро ба муқаддасоти миллӣ, арзишҳои давлатдорӣ ва ормонҳои созандаи миллат ифода карданд.

Ёдовар мешавем, ки роҳпаймоии осоишта дар фазои тантанавӣ, рӯҳияи баланди ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва сарҷамъии иштирокчиён баргузор гардида, ҳадафи он гиромидошти Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот, худшиносӣ ва ҳувияти миллии тоҷикон мебошад.

Бояд гуфт, ки эҳтиром ба Парчам ва дигар рамзҳои давлатӣ эҳтиром ба давлат, миллат, таъриху фарҳанг ва арзишҳои муқаддаси миллӣ маҳсуб меёбад. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рамзи муттаҳидсозии ҷомеа, ифтихори шаҳрвандӣ, нангу номус ва саодати миллати тоҷик табдил ёфта, мардумро ба ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди Тоҷикистони азиз раҳнамун месозад.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО