Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
23 Nov 2026
Submitted by Admin
32

Имрӯз, 23 ноябр дар толори Институти кимиёи ба номи В.И. Никитини Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва масъулини муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварати корӣ президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт зикр дошт, ки дар замони соҳибистиқлолӣ маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчами давлатӣ, ҳамчун нишонаи соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ ва арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик мавқеи хосса пайдо намудаанд.

Зикр гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ буда, дар худ таърихи пурғановат, фарҳанги воло, ормонҳои созанда ва мақсаду мароми халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Он на танҳо рамзи давлатдорӣ, балки омили муҳимми таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба таърих, фарҳанг, истиқлолият ва ояндаи миллат аст. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд, бахусус аҳли зиё, олимон ва ҷавонон, бояд дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ саҳми арзандаи худро гузоранд.

Қайд гардид, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ ҳамчун таҷассумгари бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ, нангу номус ва ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар арзиши бузург дорад. Он мардумро ба ҳамбастагӣ, сарҷамъӣ, сулҳу субот ва меҳнати созанда баҳри рушди босуботи кишвар ҳидоят намуда, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ нақши муҳим мебозад.

Ҳамзамон, таъкид карда шуд, ки дар шароити ҷаҳони муосир тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва баланд бардоштани маърифати ватандӯстии шаҳрвандон, бахусус ҷавонон, яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор меравад. Дар ин самт, аҳли илм ва кормандони муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ бояд бо фаъолияти илмӣ, маърифатӣ ва тарбиявии худ дар таҳкими худшиносии миллӣ, ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ ва тарбияи насли огоҳу ватандӯст саҳми назаррас гузоранд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО