Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
23 Nov 2026
Submitted by Admin
25

Имрӯз, 23 ноябр ба муносибати ҷашни Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун яке аз муқаддасоти миллӣ дар таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои давлатдорӣ мавқеи муҳим дорад. Қабули Парчами давлатӣ дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи ҳассоси таърихи давлатдории навини тоҷикон рӯйдоди муҳими сарнавиштсоз ба шумор рафта, дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибистиқлол нақши муассир гузоштааст.

Зикр карда шуд, ки Парчами давлатӣ на танҳо таҷассумгари таъриху фарҳанг, ҳувият ва ормонҳои миллии халқи тоҷик, балки рамзи ваҳдату ягонагӣ, сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва пешрафти ҷомеа мебошад. Эҳтиром ба ин муқаддасоти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ва садоқат ба арзишҳои давлатдорӣ ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки дар роҳи ободонии Ватан, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзандаи худро гузорад.

Гуфта шуд, ки аҳли илму маориф дар баробари анҷом додани таҳқиқоти бунёдиву амалӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди соҳаҳои гуногуни илм, дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва ҳифзи арзишҳои таърихию фарҳангӣ масъулияти бузург доранд. Аз ин лиҳоз, баргузории чунин чорабиниҳои идонаю маърифатӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси ифтихори миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба омӯзишу эҳтироми таърихи давлатдории тоҷикон аҳаммияти муҳимми тарбиявию маънавӣ дорад.

Дар идомаи чорабинӣ мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Пайшанбезода Муҳиддин дар суханронии хеш иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ таҷассумгари соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ, ҳувияти таърихӣ ва ормонҳои созандаи халқи тоҷик буда, дар ташаккули эҳсоси ифтихор аз давлатдории миллӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хос дорад.

Таъкид гардид, ки Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муқаддаси миллат дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мардумро ба сарҷамъӣ, ҳамбастагӣ, меҳнати созанда, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлату ҷомеа раҳнамун сохтааст. Арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ, пеш аз ҳама, эҳтиром ба истиқлолияти кишвар, таърихи пурғановат, фарҳанги миллӣ ва масъулияти ҳар як шаҳрванд дар назди Ватан мебошад.

Қайд гардид, ки баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ дар байни ҷавонон яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб рафта, дар ин раванд муассисаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ бояд нақши фаъол дошта бошанд. Тарғиби арзишҳои миллӣ, омӯзиши таърихи давлатдории тоҷикон ва ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ дар насли ҷавон барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва таъмини рушди устувори кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

Ҳамзамон, дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе Раҷабалӣ Бобохонзода дар суханронии хеш иброз дошт, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи муқаддаси истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва соҳибихтиёрии кишвар дар ташаккули ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон нақши муҳим дорад. Ба гуфтаи ӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ нишонаи садоқат ба Ватан, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллӣ ва эътирофи арзишҳои давлатдории тоҷикон мебошад.

Зикр гардид, ки ҷавонон ҳамчун неруи созанда, ташаббускор ва ояндасози давлату миллат дар ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафту шукуфоии кишвар масъулияти муҳим доранд. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги ниёгон ва ҷалби онҳо ба корҳои созандаву ҷамъиятӣ аз ҷумлаи вазифаҳои муҳимми ҷомеа ба шумор меравад.

Ҳамчунин, таъкид шуд, ки бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи давлату Ҳукумати мамлакат ҷавонон бояд барои азхудкунии донишҳои муосир, омӯзиши касбу ҳунар, рушди қобилияту истеъдод ва саҳмгузорӣ дар пешрафти соҳаҳои гуногуни кишвар талош намоянд. Зеро ояндаи давлату миллат ба сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ, ирода ва масъулиятшиносии насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.

Дар идомаи чорабинӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ манзури иштирокчиён гардонида шуд. Дар он санъаткорону ҳунармандон бо пешниҳоди сурудҳои ватандӯстона, оҳангҳои миллӣ ва қироати ашъори шоирони тоҷик дар васфи Ватан, Парчами давлатӣ ва Истиқлолияти миллӣ ба чорабинӣ шукӯҳи тоза бахшиданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО