24 Nov 2026
Submitted by Admin
17

Санаи 23 ноябри соли 2026 дар толори Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ҳамоҳангӣ ҷиҳати амалисозии супоришҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба бунёди “Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз”, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 июни соли 2026, №АП-1042 тасдиқ гардидааст, таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Мирзозода Низом Юсуфӣ бо иштироки Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода, Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Шарифӣ Бахтиёр Маҳмудзод, сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе Азизиён Самӣ, Раиси Академияи мусаввирии Тоҷикистон Рабизода Олимхон, Раиси иттифоқи меъморони Тоҷикистон Юсупов Баҳром, Раиси Иттифоқи рассомони Тоҷикистон Ҳомидова Наргис, Раиси Иттифоқи дизайнерони Тоҷикистон Рӯзиматов Парвиз, олимону коршиносон ва роҳбарони пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашӣ, ташкилотҳои зерсохтори Кумита бо мақсади ҳамоҳангсозии масъалаҳо вобаста ба таҳияи лоиҳаи “Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз” ҷаласаи машваратӣ доир гардид.

Нахуст иштирокчиёни ҷаласа аз лоиҳаҳои ангории Маркази байналмилалии Наврӯз, ки дар ду вариант ва лоиҳаи Конуни тамаддуни ориёӣ дар ду вариант таҳия гардида буд, дидан намуданд.

Ҳозирин таклифу пешниҳодҳои худро вобаста ба бунёди “Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз” иброз дошта, ҷиҳати ҳамкорӣ дар раванди таҳияи лоиҳаҳои ангоравӣ омодагии худро баён намуданд.

@Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО