Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).

ТАЪРИХИ ШУЪБАИ ФОЛКЛОР           

    Таъсиси шуъбаи фолклор. Пас аз фароҳам омадани шароит Институти забон ва адабиёт зарурати таъсиси бахши мустақили фолклорро ба миён гузошт ва бо фармони №30 аз таърихи 29 марти соли 1958 бахши фолклор ва шевашиносӣ таъсис дода шуда, номзади илми филология Раҷаб Амонов мудири он тайин гардид. Ҳангоми таъсиси бахши фолклор дар ҳайати он С. Норматов, Ф. Зеҳниева ва Б. Шермуҳаммадов кор мекарданд. Моҳи июни ҳамон сол пас аз ду моҳи таъсис хатмкардагони шуъбаи таъриху филология Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон Р. Аҳмадов ва М. Холов бо роҳхати Донишгоҳ дар ин бахш пазируфта шуданд. Сипас ба шуъба Раҳматов Ҳ. (1959- 1972), А. Суфиев (1958-1965), С. Фатҳуллоев (1960), Н. Шакармамадов (1960-1967), Қ. Ҳисомов(1960-1989), Г. Раҳматова (1960-1989), Н. Улуғзода (1960-1992), Д. Обидов (1961), Ф. Муродов (1961), Т. Неъматов (1961-1967), А. Назарова (1961-1982), Б. Тилавов (1961), Ҷ. Рабиев (1962-1992), Р. Ширинова (1962-1967), С. Маҳдиев (1961-1982), И.Г. Левин (1965-1974), К. Ахмадов (1968-1974), Ш. Умарова (1978), М. Мирзоева (1965-1992), Д. Маҳкамова (1982-1990), М. Латифов (1986-1992), Ш. Мирзоева (1989-1992) ба кор омаданд. Соли 1969 дар шуъба 27 нафар, аз ҷумла чор нафар корманди калони илмӣ, 15 нафар корманди хурди илмӣ, 3 нафар лаборанти калон, 5 нафар лаборант ва 1 нафар аспирант буданд. Аз ҷумлаи шахсоне, ки як муддат дар шуъбаи фолклор кору фаъолият намудаанд, Ш. Мирзоева, Д. Ятимов, С. Мақсудова ва Н. В. Иванова буданд.

          Маводи гирдовардашуда зурурати таъсиси фонди фолклорро тақозо намуд. Аввал ба ин ганҷинаи осори мардумӣ С. Норматов, М. Холов ва баъдан Қ. Ҳисомов сарпарастӣ мекарданд. Аз соли 1962 Муродов мудирии фондро ба дӯш дорад, ки бо ғамхорӣ ва сайъу талоши ӯ ин ганҷина дар солҳои нооромӣ бидуни осеб маҳфуз монд.Шуъба зарурати ба таври видиёӣ ва аудиёӣ омӯхтани эҷодиёти шифоҳии халқи тоҷикро ба эътибор гирифта, ҳанӯз аз солҳои 1958-1959 ва баъд мутахассиси варзидаи соҳаи дастгоҳҳои аудиёиву видеоӣ Э.А. Швартсро ба кор ҷалб намуд.

          Пас аз таъсиси шуъба ва ҷалби кормандони ҷавон ҳар сол ду се гурӯҳи ҳайати фолклоршиносон ба маҳалҳо рафта, намунаҳои гуногуни эҷодиёти шифоҳии халқро ҷамъ менамуданд. Ҳайатҳои кории илмӣ ба шаҳру навоҳии тоҷикнишини Осиёи Марказӣ низ сафарҳои хидматӣ карда, осори арзишмандеро аз фолклори тоҷикони бурунмарзӣ гирдоварӣ ва таҳқиқ кардаанд. Соли 1958 моҳҳои июл-август ба ноҳияи Ашт гурӯҳи фолклоршиносон Р. Амонов (сарвар), Р. Аҳмадов, М. Холов ва Т. Исроилова ковишҳои фарҳангӣ гузарониданд. Онҳо дар деҳаҳои Ашт ва Понғоз шуда, намунаҳои осори халқиро гирд оварданд. Соли 1959 як ҳайати фолклоршиносон ба шаҳри Самарқанд ва ноҳияҳои атрофи он – Форишу Нурато ба муддати се моҳ сафар карда буд, ки дар он Б. Шермуҳаммадов (роҳбар) Ф. Зеҳниева, М. Ҳодиева ва Р. Аҳмадов шомил буданд.

          То соли 1965 чунин сафарҳои фолклорӣ ба вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Фарғона ва Сурхандарёи Ӯзбекистон таъсис дода мешуд, ки ин мавод ганҷинаи Фонди фолклори тоҷикро хеле ғанӣ гардонид. Дар худи вилояти худмухтори кӯҳистони Бадахшон аз солҳои 1960 то 1964 бо роҳбарии Н. Шакармамадов чандин сафари илмӣ созмон дода шуда буд ва дар натиҷаи осори шифоҳии мардумони Бадахшон гирдоварӣ ва ба ганҷинаи шуъба ворид карда шуд.

      Баъди чопи муроҷиатнома ва ба кор пазируфта шудани кормандони илмӣ аз маҳалҳои гуногун ҳар сол ду ё се экспедитсияҳои фолклорӣ ба маҳалҳои мухталифи Тоҷикистон ва тоҷикнишини Ӯзбекистон сурат мегирифтанд. Барои ин ки саҳми ҳар як корманди илмӣ ба ин кори хайр равшан шавад, мо зарур донистем, ки онҳоро ин ҷо қайд намоем. Аз ҷумла соли 1960 ба вилояти Бухоро Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов, С. Аҳророва, Т. Исроилова ва Э.А. Шварц; ба водии Вахш соли 1960 Р. Амонов (роҳбар), Б. Шермуҳаммадов, Т. Исроилова, Х. Отахонова ва Э.А. Шварц; соли 1959 Б. Шермуҳаммадов (роҳбар) Д. Обидов, Ҳ. Раҳматов, С. Мерганов, Т. Исроилова ба деҳаҳои дараи ноҳияи Варзоб; соли 1960 Ҳ. Раҳматов (роҳбар) Т. Исроилова ва Ф. Зеҳниева ба ноҳияҳои Варзоб ва Ҳисор; тирамоҳи соли 1960 Р. Аҳмадов (роҳбар) Ҳ. Раҳматов ба вилояти Қашқадарё, солҳои 1958-1961. Р. Қодиров ба вилояти Қашқадарё, соли 1962 Ф. Муродов (роҳбар), С. Аминова ва М. Миркамолова ба Ховалинг ва Данғара; соли 1966 ба вилояти Сурхандарё ва Қашқадарё Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Д. Обидов, Р. Аҳмадов, Б. Тилавов ва С. Маҳдиев; Соли 1967 Д. Обидов (роҳбар), С. Назаров ва Ҷ. Рабиев ба Конибодому Исфара; соли 1962 Ф. Муродов (роҳбар) С. Аминова ва М. Миркамолова ба Кӯлоб, Ховалинг ва Данғара; соли 1979 Д. Обидов (роҳбар) Ятимов ба Ғарму Тоҷикобод; соли 1982 Қ. Ҳисомов (роҳбар), Ф. Муродов, Ш. Умарова, М. Аъзамова ва Д. Маҳкамова ба Ҷиргатолу Тоҷикобод, соли 1983 Р. Аҳмадов (роҳбар), М. Латифов ва Ш. Умарова ба Ромит ва гирду навоҳии он; соли 1984 Р. Аҳмадов (роҳбар), Р. Қодиров ва С. Фатҳуллоев ба вилояти Қашқадарё; соли 1977 Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов ба ноҳияи Фориши вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Ӯзбекистон; соли 1979 Д. Обидов (роҳбар) Ҷ. Рабиев ба Панҷакент; соли 1986 Ш. Умарова ба Балҷувон; соли 1991, Т. Исроилова ва Х. Вазир ова ба Дарвоз ва Ванҷ ба сафарҳои хидматӣ рафта, маводи фолклорӣ гирд овардаанд. Ҳангоме ки сухан аз гирдоварии эҷодиёти шифоҳии халқ меравад, набояд хизмати С. Фатҳуллоевро фаромӯш кард. Ӯ зиёда аз як сол солҳои 1960-1961 ба Қӯрғонтеппа ҳамроҳи гурғулисарои забардаст Ҳақназар Кабуд шуда, аз ӯ 33 достонро сабт намудааст ва аз ду достонсаро Раҳимов Карим аз Муъминобод, Алиев Сайдалӣ аз Данғара якҷоя бо «Гурғулӣ»-и Ҳақназар Кабуд 200 ҳазор мисраъ достони эпоси қаҳрамонии халқи тоҷикро сабт нмуда, ба «Ганҷинаи фолклори ба номи академик Раҷаб Амонов» супоридааст.

         Гирдоварӣ ва таҳқиқи фолклори вилояти Кӯлоб, гурӯҳи ноҳияҳои Ғарм(Рашт), вилояти Худмухтори Бадахшони Кӯҳӣ, водиҳои Вахшу Ҳисор, фолклори тоҷикони вилоятҳои Самарқанд, Бухоро, Фарғона, Намангон, Қашқадарё, Сурхандарё ва инчунин тоҷикони Афғонистон.

Таъсиси бойгонии осори фолклори тоҷик. Таъсиси бахши библиографӣ, бахши сабти овоз.

Баъди чунин чорабиниҳо ва таълифи дастур оид ба гирдоварии фолклор то соли 1965 дар ганҷинаи фолклори Институт, ки онро бо номҳои «Фонди фолклори тоҷик», «Фонди адабиёти шифоҳии тоҷик», «Захираи дастнависҳои фолклори тоҷик» ном мебаранд, маводи фаровоне гирдоварӣ шудааст. Маводи ин ганҷина ба забонҳои тоҷикӣ, ӯзбекӣ ва қисме ба забони русӣ мебошад. Мавод бо ҳуруфи арабӣ, лотинӣ ва кириллӣ сабт гардидааст. Дар ин ганҷина бахши фолклори тоҷикони Афғонистон ва Эрон низ мавҷуданд. Инчунин фонди профессор Загуров низ шомил аст, ки ӯ маводро солҳои 30-юм дар маҳбас аз тоҷикони маҳбус гирд овардааст.

          Соли 1965 шуъба таҳия ва чопи Куллиёти фолклори тоҷикро дар 20 ҷилд пешниҳод кард. Ба ин мақсад барои омӯхтани таҷрибаи фолклоршиносони рус ва ҷумҳуриҳои назди Балтик ду нафар коркунони шуъба М.М. Явич ва Ҳ. Раҳматов ба сафари хизматӣ фиристода шуданд. Онҳо дар Ленинград бо яке аз фолклоршиносони ботаҷриба Исидор Ҳаймович Левин мулоқот намуда, дар мавриди танзими «Куллиёти фолклори тоҷик» машвара карданд. И. Ҳ. Левин охири соли 1965 ба Душанбе даъват карда шуд.

          Бо машвараи вай масъалаи танзими маводи Фонди фолклор оғоз гардид, ки дар ин кор бештари кормандони шуъба ширкат намуданд. Ҳамин тариқ, фонд дар асоси шева ва усули нави илмӣ тартиб ва танзим карда шуд. Тибқи ин усул ҳама захираи дастхатҳои фолклори тоҷик тавассути нумиратор – мошини рақамгузор рақамгузорӣ карда шуд.

          Ҳар як жанри фолклорӣ дар варақаҳои фонд бо нишонаҳои ФФI, ФФII, ФФIII ишора гардидааст. Идомаи асарҳои фолклории фонд аз ФБI шурӯъ шуда, то ба ФБII расидааст.

          Пас аз анҷоми ин корҳо танзими феҳрасти жанрҳои фолклорӣ пеш омад. Кормандони илмии шуъба дар ҳайат зерин буд: Р. Амонов, Б. Тилавов, Б. Шермуҳаммадов, И. Азимов, Ф. Зеҳниева, Р. Аҳмадов, С. Норматов, С. Маҳдиев, Д. Обидов, Ҷ. Рабиев, Ф. Муродов, Ҳ. Раҳматов, Н. Улуғзода, Қ. Ҳисомов, С. Фатҳуллоев, Н. Шакармамадов, Э. А. Шварц, М.М. Явич, Т. Исроилова, Р. Ширинова, З. Увайдова, М. Ҳабибова, М. Мирзоева, Н. Мардонов (аспиранти шуъба).

       Ба гурӯҳи насршиносон, ки ба ин бахши пажуҳиш М.М. Явич сарварӣ менамуд, Д. Обидов, Ҷ. Рабиев ва С. Маҳдиев шомил буданд. Онҳо дар марҳилаи аввали танзим ба таҳияи Куллиёт, ки солҳои 1966-1970-ро дар бар мегирифт, бо усули нав ба чоп омода намудани афсонаҳоро дар бораи ҳайвонот омода намуданд, ки он соли 1981 аз ҷониби нашриёти адабиёти Шарқ дар Москва ба табъ расид. Танзимгарони ин куллиёт И. Левин, Ҷ. Рабиев ва Мирра Явич буданд. Дар ҷилди аввали Куллиёт масал ва афсонаҳо дар бораи ҳайвонот ҷой дода шудааст.

          Исидор  Левин дар пешгуфтори ин куллиёт роҷеъ ба моҳияти он назарияи жанри афсона, таърихи ҷамъоварии афсонаҳо дар бораи ҳайвонот дар миқёси ҷаҳон, назарияҳои генеративӣ, ҷуғрофию таърихи, сотсиологӣ, фалсафаи масал, бадеияти он, репертуари куллиёт ва китобномаи ин жанр дар илми ҷаҳонӣ тафсилоти ҷолиб баён доштааст. Ба ҷилди аввали куллиёти фолклори тоҷик олимони афсонашиноси ҷаҳон низ тақризҳои мусбат навишта буданд.

        Гурӯҳи сурудшиносон, ки ба он Б. Шермуҳаммадов (роҳбар), Р. Аҳмадов, Ф. Зеҳниева ва С. Фатҳуллоев ва сонитар ба ин гурӯҳ Ш. Умарова шомил гардид, дар давраи дуввуми кори танзими Куллиёт (дар 15 ҷилд), шомил буданд (солҳои 1981-1996). Инчунин аз ҷониби ин гурӯх ҷилдҳои «Сурудҳои ҷашни арӯсӣ». «Сурудҳои мавсимӣ ва кору меҳнат» ва «Сурудҳои бачагона»-и Куллиёти Фолклори тоҷик омода шуда буд, ки ин ҷилдҳо дар нашриёти «Дониш» бояд чоп мешуданд.

          Гурӯҳи насршиносон, таҳти роҳбарии М.Л. Явич дар ҳайати Д. Обидов, Ҷ. Рабиев ва С. Маҳдиев ба кори танзими ҷилдҳои Куллиёти насри халқӣ оғоз намуданд. Ҷуз танзими Куллиёт олимони ин гурӯх корҳои тадқиқотии худро пеш бурданд. Бо сарварӣ ва раҳнамоии И. Ҳ. Левин М. М. Явич дар мавзӯи «Афсонаҳои тоҷикӣ дар бораи ҳайвонот» ва Ҷ. Рабиев «таснифи моҳияти воситаҳои ривоятӣ дар насри халқии тоҷик» рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд.

Инчунин аз ин гурӯҳ Д. Обидов дар мавзӯи «Афсонаҳои ҳаҷвии маишии тоҷикӣ» рисолаи номзадӣ навишта дифоъ намуд, ки он соли 1978 ба табъ расид.

        Шуъбаи фолклор бо донишмандони фолклоршиноси Ҷумҳурии исломии Эрон, Давлати исломии Афғонистон ҳамкории илмӣ дорад. Фолклоршиносон 5 ҷилди китобҳои шуъбаро ба хаттӣ форсӣ баргардон карда, ба нашриёти сернуфузи Эрон «Суруш» тибқи қарордод фиристоданд, ки онҳо солҳои наздик чоп хоҳанд шуд. Асару маҷмӯаҳои фолклории таълиф ва тартибдодаи олимони тоҷик Р. Амонов, Д. Обидов, Р. Аҳмадов, С. Фатҳуллоев, Б. Тилавов, Ф. Муродов, Ш. Умарова ва Равшан Раҳмонӣ аз тариқи нашрияҳои гуногуни Эрон аз чоп баромадаанд ва баъзеашон дар арафаи чопанд.

        Дар охири асри ХХ ва ибтидои асри ХХI нашри фолклори Рашт, Ӯротеппа, вилояти Қашқадарё, Данғара, Бухоро, Эрон, Афғонистон, Бадахшон, Кулоб, Роғун  ҳамчунин такмили захираи шуъбаи фолклор тадқиқи пайвастагии масъалаҳои поэтика ва сабки бадеии эҷодиёти мардуми дар шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти Рӯдакии АИ Тоҷикистон ва тарбияи фолклоршиносони ҷавони тоҷик, афғон ва эронӣ далели рушди фолклоршиносӣ дар Тоҷикистон мебошад.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ТО ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

          Куллиёти фолклори тоҷик: «Масал ва афсонаҳо дар бораи ҳайвонот». (ҷилди 1, 1981); «Латифаҳо», (дар ду китоб ҷилди 1, 2007);  «Зарбулмасалу мақолҳо» (ҷилди 3, 1986); Куллиёти «Рубоиҳо» (1970); Куллиёти «Сурудҳо» (1980); «Шуравӣ». Ҷилди 1, 2. 1979.

ДАСТОВАРДҲОИ ШУЪБА ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ

         Ҷ. Рабиев «Фолклори Уротеппа» (1991); «Зарбулмасалу мақолҳо». (ҷилди 4, 1992); «Фолклори Данғара». Мураттиб: Ф. Муродов. (2002); «Фолклори Роғун». Тартибдиҳандаго: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев. (2017); «Фолклори тоҷикони Афғонистон Ҷ. 1 ». Тартибдиҳандагон: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев (2020) «Фолклори тоҷикони Афғонистон Ҷ. 2 ». Тартибдиҳандагон: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев (2020)  «Фолклори тоҷикони Афғонистон Ҷ. 2 ». Тартибдиҳандагон: Р. Аҳмадов ва С. Фатҳуллоев (2021) «Фолклори тоҷикони Афғонистон Ҷ. 3 ». Тартибдиҳанда: Р. Оймаҳмадов  (2023)

МУДИРОНИ  ШУЪБАИ ФОЛКЛОР

   Дар солҳои гуногун мудирии шуъбаро д.и.ф. профессор, академик Р. Амонов (с.1958-1994), д.и.ф. Б. Тилавов (с. 1994-1996), д.и.ф. Б. Шермуҳамадов  (с1996-1998) н.и.ф.  Р. Аҳмадов (с. 1998-2006)  н.и.ф.  Д.  Раҳимов (с. 2006-2016) Аз соли 2017 н.и.ф. Абдуламин Маҷнунов ин вазифаро бар дӯш дорад.

Мажнунов Абдуламин аз моҳи январи соли 2017 то ҳол мудири шуъбаи фолклоро шуда коркардаистодааст. Дар шуъбаи фолклор аз соли 2017 пажӯҳандагони зерин дар ин шуъба кор мекунанд: Р. Аҳмадов-ходими пешбар, С.Фатҳуллоев-ходими пешбар, Т.Ёров-ходими илмӣ, Р. Оймаҳмадов-ходими калон, Н.Маҳина-ходими хурди илмӣ, Ф.Исмоилов-ходими илмӣ, Н. Умарова-ходими хурди илмӣ, О.Бухориев-ходими илмӣ,  З.Ғуломшоева-ходими илмӣ,  П.Собиралиева-лобранти калон, М.Азизова-ходими хурди илмӣ, Г.Ёрбекова-ходими хурди илмӣ,  Р. Раҳмонӣ-сарходими илмӣ,  Ҳ.Каримова- ходими илмӣ.

Аз соли 2022 бо роҳбарии мудири шуъбаи фолклор н.и.ф. А. Мажнунов  кормандони шуъба  ба омода кардани “Куллиёти фолклори тоҷик” ки он ҷилдҳое, чоп нашуданд имруз ин ҷилдҳои боқимонда  Чистонҳо, Байт, Ривоят, Марсияҳо, Дубайтӣ,  Афсонаҳои серомез, Афсонаҳои ишқӣ, Сурудҳои ишқӣ, Сурудҳои туёна, Қисса, Ҳикоя ва дигар жанрҳои фолклорӣ.

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО