ТАРТИБИ ҚАБУЛИ АПИРАНТОН БА ИНСТИТУТИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ БА НОМИ РӮДАКИИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН

 

1. Қабул ба зинаи аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон аз рӯйи самт ва ихтисосҳое ба роҳ монда мешавад, ки вобаста ба омода намудани унвонҷӯён дар ин самт Институт соҳиби иҷозатномаи намунаи давлатӣ мебошад.

2. Барои қабул шудан ба аспирантура шахсоне ҳуқуқ доранд, ки барномаҳои таҳсилоти олии касбиро ба итмом расонида, дорои дипломи магистрӣ мебошанд.

3. Шахсоне, ки муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро аз рӯйи барномаи магистр хатм карда, бо қарори Комиссияи аттестатсионии давлатӣ барои таҳсил ба зинаи аспирантура тавсия шудаанд, аз рӯйи ихтисоси 6D-020500-Филология бо таълифи реферат ва гузаштан аз суҳбат-озмун ҳуқуқи ба аспирантура ҳуҷҷат супориданро доранд.

4. Шахсони дорои дипломи таҳсилоти олӣ аз рӯйи барномаи зинаи магистрӣ, ки ихтисосашон бо равияи интихобнамудаашон дар зинаи аспирантура мувофиқат намекунад, дар доираи талабот ба имтиҳон роҳ ёфта наметавонанд.

5. Имтиҳони дохилшавӣ аз рӯйи як забони хориҷӣ дар ҳаҷми барномае, ки барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (зинаи магистратура) муайян карда шудааст, гузаронида мешавад. Имтиҳон аз рӯйи фанҳои махсус дар ҳаҷми барномаи таҳсилоти олии касбӣ (зинаи магистрантура) дар шакли хаттӣ,  шифоҳӣ ва ё тестӣ гузаронида мешавад.

6. Таҳсил дар докторантураи Ph.D, доктор аз рӯйи ихтисос, барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ дар шакли рӯзона сурат мегирад. Тартиби қабул ба аспирантура барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи буҷавӣ ва шартномавӣ муайян карда мешавад.

7.   Муддати таҳсил дар зинаи аспирантура 4 сол мебошад.

8. Қабули ҳуҷҷатҳо барои таҳсил дар зинаи аспирантура аз 10.08.2023 то 25.08.2023 сурат гирифта, баъди ба анҷом расидани давраи қабул, суҳбат-озмун ва имтиҳонҳо ҷиҳати қабул ба зинаи аспирантура аз 28.08.2023 то 31.08.2023 давом хоҳад кард.

Макони супоридани ҳуҷҷатҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе, 

734025 хиёбони Рӯдакӣ, 33. Тел:

 

НОМГӮЙИ ҲУҶҶАТҲОИ ҚАБУЛ БАРОИ АСПИРАНТОН

 

1. Диплом ва замимаи он (зинаи магистратура).

2. Нусхаи шиноснома.

3. Нусхаи шаҳодатномаи ҳарбӣ (барои писарон).

4. Маълумотномаи тиббӣ – шакли 038.

5. Расми андозааш 3х4 – 6 дона.

6. Ариза ба номи президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (дар комиссяи қабули АМИТ дода мешавад).

7. Шартнома бо расиди пардохти маблағи таҳсил (дар комиссияи қабули АМИТ дода мешавад) – барои аспирантоне, ки ба гурӯҳи шартномавӣ ҳуҷҷат месупоранд.

8. Реферат (мавзуи реферат ба ихтисоси интихобкарда мувофиқ бошад).

 

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО