21 Feb 2023
Submitted by Admin
394

Таҷлили Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ дар Институт

Имрӯз (21 феврал) дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиëти ба номи Рӯдакии АМИТ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии забони модарӣ мизи мудаввар дар мавзуи " Вазъи забонҳои бумии Тоҷикистон дар даврони Истиқлол доир гардид. Маҳфилро директори Институт, доктори илми филология, профессор Фарангис Шарифзода бо сухани табрикотӣ ифтитоҳ намуд. Сипас раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Олимҷон Маҳмадҷонзода дар бораи ҳифзи забрнҳои муқими Тоҷикистон ва, бахусус, забони дар раванди ҷаҳонишавӣ ибрози назар кард.
Ҳозирин маърузаву суханрониҳои илмии арзишмандро дар атрофи масоили гуногуни забонҳои бумии кишвар ироа карданд:
1) узви вобастаи АМИТ, мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА Сайфиддин Назарзода дар мавзуи " Масъалаҳои тағйири алифбо дар Тоҷикистон: аз арабиасос ба лотинӣ "; 2) маърузаи профессор, сарходими илмии Институти илмҳои гуманитарии ба номи Баҳодур Искандарови АМИТ Офаридаев Н. "Масъалаҳои муносибати забонӣ ( дар мисоли забонҳои Тоҷикистон ); 3) мудири шуъбаи забони тоҷикӣ "Забони яғнобӣ ва ташаккулу таҳаввули он дар давраи Истиқлол"; 4)маърузаи ходими калони илмии шуъбаи забонҳои бостон ва ориёӣ Бобохонов Б. "Таърихи баъзе калимаҳои хешовандии забони тоҷикӣ "; 5) маърузаи мудири шуъбаи забонҳои бостон ва ориëӣ Мирбобоев А "Забонҳои бумии Тоҷикистон дар атласи ЮНЕСКО; 6) маърузаи ходими пешбари илмии шуъбаи забони тоҷикӣ Тӯраев Б. " Гузаштаи як қавми бумӣ ва таърихи як забони нодир " ;7)маърузаи магистри соли аввали шуъбаи забони тоҷикӣ Аманда Проос дар мавзуи " Таҳқиқи гиëҳвожаҳо дар заминаи маводи забони яғнобӣ ".
Дар қисми музокира ҳозирин барои ҳифзу нигаҳдошти забонҳои нодиру бумии кишварамон аз қабили яғнобӣ, язгуломӣ ва забонҳои бадахшонӣ пешниҳодҳои ҷолибу тоза ироа намуданд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО