07 Apr 2023
Submitted by Admin
617

Вазъи забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII дар Афғонистон (бар мабнои китоби Пешвои миллат "Забони миллат-ҳастии миллат, китоби 2-Забон ва замон")  Қисми 1

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як боби асари “Забони миллат-ҳастии миллат, китоби 2-Забон ва замон”-ро ба инкишофи забонҳои форсӣ ва дарӣ дар Эрону Афғонистон бахшидааст. Дар он забонҳои форсӣ ва дарӣ вобаста ба вазъи сиёсиву иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. Дар ин давра дар ҳавзаи форсизабонон шахсиятҳое пайдо шуданд, ки ҳосили андешаву тафаккуру сухани онҳо ба ҷаҳони форсизабон таъсири амиқе гузоштааст, ки Саид Ҷамолиддини Афғонӣ, Иқболи Лоҳурӣ, Мирзо Малкумхон, Мирзо Фатҳалӣ Охундов намояндагони барҷастаи онҳо мебошанд. Махсусан, давраи бо таҷаддудхоҳӣ ва озодипарастӣ, ки ба номи ҳаракати машрутия дар Эрон машҳур аст, дар рушду густариши забони форсӣ таъсири беандоза дорад.

Дар сарзамини паҳновари давлати Дуррониҳо забони тоҷикӣ забони расмӣ ба шумор мерафт ва тоҷикон як бахши муҳимми аҳолии ин давлат, махсусан, шаҳрҳо буданд.

Бояд гуфт, ки густариши забон ва адаби тоҷикӣ-форсӣ дар Афғонистон танҳо ба дарбор маҳдуд набуд, балки симоҳои барҷастаи он дар марказҳои маҳаллӣ, мисли Ҳирот, Балх, Бадахшон ва Ғазнӣ вуҷуд доштанд, ки онҳо аз қайду басти дарбор озод буда, эҷодиёти онҳо рангоранг ва пурмуҳтаво буд ва тараққихоҳию ва ҳақиқатнигорӣ дар эҷодиёташон бештар ба мушоҳида мерасад.

Дар ин давра дар Бадахшон низ ҳаёти адабӣ-фарҳангӣ ба таври мустақил ва гоҳе ниммустақил идома ёфта, забони тоҷикии ин минтақа бо нашр шудани як силсила тазкираву девонҳо ва осори илмиву адабӣ дар ҳоли густаришу нашъунамо буд.

Бахшҳои ба Афғонистон бахшидашудаи ин асарро манзури Шумо менамоем:

§3. Вазъи сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон.Дар охири асри XVII ва ибтидои асри XVIII дар сарзамини кунунии Афғонистон, ки бахши бештари он ба ҳайати Эрони сафавӣ дохил мешуд, бар асари заифу нотавон гардидани ҳукумати марказӣ дар Қандаҳор як дастаи қабилаи ғилзоии афғонҳо бо роҳбарии Мир Вайсхон дар соли 1714 ба сари ҳокимият омада, аввалин давлати қабилаҳои афғонро ташкил намуд. Дар соли 1716 дар Ҳирот ҳам ба роҳбарии Абдуллохони Абдолӣ қабилаҳои афғони абдолӣ ҳукуматро бо даст гирифтанд. Ин ду ҳукуматдорӣ ҳарчанд зиёд давом надоштанд, вале ҳукумати Қандаҳор ба номи ғилзоиҳо ва ҳукумати Ҳирот (1716-1731) бо номи абдолиҳо дар таърих машҳуранд. Баъд аз вафоти Мир Вайс (1715) ворисони ӯ Маҳмуд ва Ашраф ба Эрони Сафавӣ ҳуҷум карда, онро ишғол намуданд, вале баъдан аз тарафи Нодиршоҳи Афшор аввал ҳукумати абдолиҳо дар соли 1731 ва баъдан ғилзоиҳо дар соли 1738 аз байн бурда шуд ва тамоми ин сарзамин ба ҳайати давлати бузурги Нодиршоҳ (1736-1747) дохил гардид. Вале аввалин давлатдории воқеии афғонҳо ба номи Аҳмадшоҳи Дурронӣ (замони давлатдориаш 1747-1773) иртибот дорад. Ӯ дар ҷангу набардҳои Нодиршоҳ иштирок намуда, яке аз наздикони ӯ ҳисоб мешуд. Баъд аз қатли Нодиршоҳ (1747) Аҳмадшоҳи Дурронӣ ба як қисмате аз хазинаву лавозимоти ҳарбии Нодиршоҳ соҳиб шуда, ба Қандаҳор бармегардад ва дар соли 1747 дар ҷиргаи қабилаҳои афғонӣ шоҳ эълон мегардад. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ ба қисматҳои гуногун, аз ҷумла, ба Ҳиндустон лашкар кашида, сарзаминҳои васеъро ишғол намуд, ки аз масоҳати имрӯзаи Афғонистон ду маротиба зиёд буд. Ӯ ва дуррониёни баъди вай дар нимаи дуюми асри XVIII 18 маротиба ба Ҳиндустон лашкар кашида, қисмати шимолу маркази ин сарзаминро ғорат карда, заминаро барои ишғоли англис дар ин кишвар муҳайё сохтанд.

Баъд аз вафоти Аҳмадшоҳи Дурронӣ писараш– Темурхон (1773-1793) ба тахт нишаст. Ин подшоҳ парвардаи мактаби адабии Ҳирот буда, худ ҳам табъи шоирӣ дошта «...на танҳо худаш ба савияи баланд ба забони дарӣ шеър гуфтааст, балки як зумра шоирон, нависандагон ва уламоро ба дарбор ҷалб намуда, дар ҳаққи онҳо ғамхорӣ зоҳир кардааст». Бояд зикр намуд, ки ба ҷуз аз Темуршоҳ ягон подшоҳи дигари ин хонадон ба равнақи илму адаб таваҷҷуҳ зоҳир накардааст. Дар дарбори Темуршоҳ шоирони зиёди тоҷикзабон ҷамъ шуда буданд. Инчунин бо тақозои замон таърихнависӣ ҳам ба монанди «Таърихи Аҳмадшоҳӣ»-и Маҳмуд Алҳусайнӣ ва «Зиннати таърихҳо»-и Ҳусейн Алӣ рушд ёфта буд. Дар давраи ҳамин подшоҳи Афғонистон аввалин бор марзи байни аморати Бухоро ва аморати Кобул (дар он замон ҳанӯз номи кишвар Афғонистон нашуда буд) дарёи Ому карор гирифт. Дар соли 1783 байни Бухорову Кобул дар наздикии Оқча муҳорибаи сахте ба вуҷуд омад, ки дар натиҷа нерӯҳои Бухоро шикасти сахт хӯрда, амири Бухоро маҷбур ба бастани қарордоди сулҳ гардид. Мувофиқи ин сулҳнома дарёи Ому марзи байни ду давлат қарор гирифт.

Баъди марги Темуршоҳ дар давлати Дуррониҳо ҷангҳои дохилӣ оғоз гардид. Бародарон Ҳумоюн – валиаҳди шоҳ ва Замонхон бо ҳам ҷангиданд ва оқибат Ҳумоюн шикаст хӯрду тахту тоҷ насиби Замонхон гардид. Замонхон (1794-1801), Маҳмудшоҳ (1801-1804), Шоҳ Шуҷоъ (1804-1809), Маҳмудшоҳ (1809-1818) бори дуюм бо навбат подшоҳӣ намуда, оқибат дар натиҷаи ҷангҳои дохилии пайдарҳам дар соли 1818 Дуррониҳо тамоми сарзаминҳои ишғол кардаро ба ғайр аз Ҳирот аз даст доданд.

Ҳирот бо ноҳияҳои атрофи он то соли 1841 дар ихтиёри дудмони Дуррониён буда, Комрон– фарзанди Маҳмудшоҳ дар он ҷо ҳукмронӣ мекард ва дар натиҷаи ҷангу ҷидолҳои шадид бо Эрон заиф гардида, оқибат, ба дасти Ёрмуҳаммадхон – вазири ӯ, аз байн бардошта шуд ва муддате дар сарзамини Афғонистони кунунӣ се амирнишинӣ – Кобул Қандаҳор ва Ҳирот пайдо шуд. Дар ин давра ин кишвар мавриди таъсири давлатҳои Англия ва Русия қарор дошта, англисҳо барои зиёд кардани таъсири худ дар ин минтақа ба амир Дӯстмуҳаммадхон– амири Кобул такя мекарданд ва табиист, ки онҳо Ҳиротро ба Дӯстмуҳаммадхон бахшиданд. Русҳо дар навбати худ ба Эрони қоҷорӣ такя мекарданд ва Ҳиротро ҷузви хоки Эрон медонистанд ва аз ҳар навъ кумаку ёрӣ то бастани қарордод бо Англия ба Қоҷориёну Ҳиротиён дареғ надоштанд. Оқибат, баъд аз муҳосираи даҳмоҳаи Ҳирот (аз 16августи соли 1861 то 8июни соли 1862) Дӯстмуҳаммадхон бар Ҳирот пирӯз гардид ва Ҳирот бо мулкҳои дигари аморати Кобул ҳамроҳ карда шуд. Дӯстмуҳаммадхон, ки бар асари ҷангу ҷидолҳои дохилӣ бо бародарону хешовандони худ дар соли 1826 ба ҳокимияти Ғазнӣ, Кобул ва Кӯҳистон расид ва минбаъд дар соли 1839 боз Кобулро аз даст дод ва Шоҳ Шуҷоъ бо дастгирии бевоситаи англисҳо шоҳи Афғонистон эълон гардид. Ин шоҳ дастнишондаи англисҳо буда, низомиёни англисӣ пойтахтро бе ягон муҳориба (ба ғайр аз якчанд муноқишаи ҳарбӣ, ба монанди муноқишаи Ғазнӣ) ба даст оварданд. Баъд аз ин дар Афғонистон шӯриши миллие сар зад, ки дар он саҳми тоҷикони Кӯҳистон хеле зиёд аст. Амир Дӯстмуҳаммадхон ҳам аз Бухоро баргашта, ба ин шӯриш ҳамроҳ шуда буд, вале баъд аз чанде худро ба Кобул расонда, ба англисҳо таслим шуд. Ин шӯриши умумихалқӣ аз соли 1832 шурӯъ шуда, то соли 1842 идома пайдо кард. Аслан, қиёми миллӣ бо омодагии пешакӣ соли 1841 (2 ноябр) оғоз шуд ва дар натиҷа қувваҳои англис шикаст хӯрда, давраи ҳукмронии дубораи Амир Дӯстмуҳаммадхон (1843-1862) оғоз ёфт. Дар давраи ҳукмронии ин амир Афғонистон баъд аз муҳорибаву муноқишаҳои зиёд ба як кишвари муттаҳид табдил ёфт ва бо мулҳақ шудани Ҳирот дар соли 1863 ба Афғонистон ин ҷараён анҷом ёфт. Баъд аз вафоти Амир Дӯстмуҳаммадхон Шералихон (1863-1879) ба тахти шоҳӣ нишаста, дар кишвар як силсила ислоҳоти ҷиддӣ гузаронида, артиши миллӣ ба вуҷуд овард. Вале баъд аз вафоти ногаҳонии ӯ амир Яъқубхон (1879) бо англисхо шартномаи Гандумакро (1879) имзо намуда, тобеияти англисҳоро қабуд намуд ва баъд аз чанде аз амирӣ низ истеъфо дода, давлатро комилан ба англисҳо супурд.

Дар ҳамин ҳолат ҷанги ватании солҳои 1878-1880 оғоз ёфт, ки дар он бештар сокинони минтақаҳои кӯҳистонии тоҷикнишин ва мардуми Кобул иштирок доштанд. Дар кишвар беҳокимиятиву бесарусомониӣ ба вуҷуд омад, ҳатто роҳбари шуришиёни Парвону Кӯҳдоман Мирғулом Қодирхони Улёнӣ бо дастгирии мардуми тоҷики маҳаллӣ барои рафъи эҳтиёҷи шуришиён бо пули нақд аз номи худ сикка зарб мезад, ки дар ин сиккаҳо чунин навишта вуҷуд дошт.

Мекунам девонагӣ, то бар сарам ғавғо шавад,

Сикка бар зар мезанам, то соҳибаш пайдо шавад.

Дар ҳамин давра сардор Абдураҳмонхон, ки аз соли 1869 дар Самарқанд зери ҳимояи давлати рус зиндагӣ мекард, ба Афғонистон баргашт ва ҳаракати миллӣ-озодахоҳиро зери роҳбарии худ гирифта бо сипоҳи садҳазорӣ то Парвон пешрафт кард. Аз тарафи дигар, сипоҳиёни Ҳирот бо роҳбарии Муҳаммад Аюбхон 27 июли соли 1880 дар мавзеи Майванд ба сипоҳи англисии дар он ҷо буда шикасти сахте доданд, ки дар натиҷа 12 ҳазор сипоҳи англисӣ комилан торумор гардид. Ҷанги дуюми ватанӣ (ноябри 1878 – сентябри 1880) бо пирӯзии комили Афғонистон анҷом ёфт ва амир Абдураҳмонхон (1880-1901) шоҳи Афғонистон ба сари қудрат омад. Давраи ҳукмронии ӯро метавон давраи ташаккули истибдоди феодалӣ номид. Дар давраи ҳукмронии ин амир шартномаи Дюранд (12 ноябри соли 1893) ба имзо расид, ки марзҳои кунунии Афғонистонро бо Ҳинди тобеи англис муайян мекард. Аз ҷумла, Нуристон (Кофаристони пешин) дар соли 1896 бо зӯри аслиҳа ба Афғонистон ҳамрох карда шуд, зеро мувофиқи ин қарордод ба қаламрави Афғонистон шомил шуда буд. Дар соли 1895 боз Дарёи Ому марзи байни аморати Бухоро ва Афғонистон қарор гирифт ва тоҷикони Дарвозу Бадахшону Хатлон ба ду қисмат ҷудо гардиданд. Дар замони амир Абдураҳмонхон муҳоҷирати маҷбурии қабилаҳои афғон ба қисмати шимолии кишвар, ки бештар тоҷикон сукунат доштанд, шурӯъ гардид. Онҳо заминҳои кораму ободи тоҷиконро ишғол карда, баъд аз чанде ба зиндагии заминдориву зироаткорӣ гузашта, ин сарзаминро минтақаи сукунати доимии хеш қарор дода, ба бехонумоншавии мардуми тоҷики ин сарзамин мусоидат намуданд. Ҳол он ки амир Абдураҳмонхон маҳз ба воситаи ёрии бевоситаи тоҷикон ба сари қудрат омада буд.

Баъд аз вафоти амир Абдураҳмонхон амир Ҳабибуллохон (1901 – 1919), фарзанди ӯ, ки аз тарафи модарӣ бадахшонӣ буда, дар Самарқанд ба дунё омада буд, ба тахти аморат нишаст. Давраи ҳукмронии ӯ ба ду қисмат ҷудо мешавад. Қисмати аввали ҳукмронии ӯ нисбатан одилона буда, як силсила амрҳои одилона (авфи умумии шӯришгарон, бахшидани андози чандсолаи бенавоён, озод кардани зиндониён) содир намуд, ки аз тарафи мардум ба гармӣ истиқбол гардид.Вале давраи дуюми салтанати Ҳабибуллохон замони бепарвоӣ ба сарнавишти мамлакат гардида, ҳатто дарбориён ҳам аз фориғболии амир норизо шуданд. 21 феврали соли 1919 дар натиҷаи сӯиқасд амир Ҳабибуллохон дар Лағмон ба қатл расонида шуд ва Насруллохон амир эълон гардид, вале дар Кобул ва дигар минтақаҳои кишвар тарафдорони Амонуллохон бештар буданд ва ӯ ба сари ҳокимият омад. Амир Амонуллохон (1919-1929) ҳамчун амири истиқлолиятхоҳ ва ислоҳталаб дар таърихи Афғонистон маъруф аст, зеро ӯ зери таъсири ҷараёни маорифпарварӣ қарор дошт. Тамоми неруҳои миллӣ ва тараққихоҳи Афғонистон, сарфи назар аз мансубияти қавму қабилавӣ ва иҷтимоӣ, хостори истиқлолияти сиёсии кишвар буданд. Амонуллохон ҳам талабгори озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон буд. Бинобар ин дар аввалин номае, ки аз 3 марти соли 1919 ба унвони ноибуссалтанаи Ҳиндустон Ҷелмсфорд навишта буд, аз марги падар ва ба тахти салтанат нишастани худ иттилоъ дода, таъкид намуда буд, ки ҳукумати озод ва мустақили Афғонистон омода аст, ки бо давлати Англия муоҳида ва мувофиқатномаи дӯстиро ба имзо бирасонад. Вале ин номаи амири Афғонистонро нодида гирифтанд.

Русияи Шӯравӣ аввалин шуда аз таърихи 27 марти соли 1919 Афғонистонро ба сифати давлати озод ва мустақил эътироф менамояд ва дар байни Амонуллохон ва В.И.Ленин ва дигар сарварони давлати шӯроҳо мукотиба ва мубодилаи доимӣ ба роҳ андохта мешавад. Барқарор шудани иртиботи сиёсӣ ва ҳамкорию дӯстӣ бо Русияи Шӯравӣ яке аз омилҳои муҳимми озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон мегардад.

Баъд аз якчанд муҳорибаву набард бо қувваҳои англис ба Амонуллохон муяссар шуд, ки бо англисҳо ҳам (22 ноябри соли 1921) аҳдномаи дӯстӣ ва муносибати тиҷоратиро имзо намояд. Бо таъмини сулҳу оромӣ дар кишвар Амонуллохон ба як силсила ислоҳоти ҷиддии иқтисодиву иҷтимоӣ иқдом намуд. Дар як муддати кӯтоҳ ҳукумати иҷроия, қонунгузорӣ ва додгустарӣ аз ҳамдигар ҷудо гардида, ҳайати ҳукумат ба тариқи аврупоӣ таъсис ёфт. Тарзи идораи вилоятҳо низ дигаргун гардид. Соли 1923 аввалин бор дар таърихи Афғонистон Қонуни асосӣ бо номи «Низомномаи асосии давлати олияи Афғонистон» қабул шуд, ки дар асоси он давлати Афғонистон ба низоми машрутаи шоҳӣ табдил ёфт. Ба ҳамаи шаҳрвандони Афғонистон ҳуқуқи баробар таъмин гардид. Дар риштаҳои иқтисоду тиҷорат низ ислоҳоти ҷиддӣ ба амал омад. Дар бахши мактабу маориф низ ислоҳот ба миён омада, таълими ибтидоӣ ҳатмӣ ва маҷбурӣ эълон гардид. Шабакаи мактабҳои ибтидоиву миёна васеъ гардида, аввалин мактабҳои занона ба вуҷуд омаданд. Занҳо низ аз озодии нисбӣ бархурдор шуда, дар кишвар ҳиҷобпартоӣ оғоз ёфт. Шоҳ дар соли 1924 боз ҳам фаротар рафта, таълими якҷояи писарону духтарон то синни 11-солагӣ, таъйини синну соли издивоҷ (18-солагӣ духтарон ва 22-солагӣ писарон), хидмати маҷбурии сесолаи аскарон, бекор кардани ҳиҷоб, бекор кардани салому таоруфоти миллӣ ва ба ҷойи он саломуалейк ба тарзӣ аврупоӣ (кулоҳ бардоштан ба аломати таъзим), пӯшидани либосҳои аврупоӣ (махсусан барои вакилони ҷирга), муайян кардани ҷарима барои пӯшидани ҳиҷоб ва як силсила иқдомҳои дигарро ба таври маҷбурӣ ҷорӣ кард. Ин иқдому чорабиниҳо ба мухолифати сахти гурӯҳҳои иртиҷоии кишвар дучор гардида, ҳатто дар соли 1928 моҳи август гурӯҳе аз рӯҳониёни бузурги Кобул бар зидди шоҳ сӯиқасд ташкил намуда, ӯро кофир ва бедин эълон намуданд. Оқибат дар зери фишори шӯришиён (бештар аз минтақаҳои шимолӣ) шоҳ маҷбур шуд, ки аз тамоми ислоҳотҳои худ даст кашад, вале дар моҳи январи соли 1929 дар натиҷаи ҳуҷуми шӯришиён ба шаҳри Кобул шоҳ Амонуллохон истеъфо дод ва Иноятуллохон бародари худро вориси тахту тоҷ эълон кард. Вале баъд аз чанд рӯз, аниқтараш баъди се рӯз, Ҳабибуллохони Калаконӣ, маъруф ба Бачаи Саққо худро шоҳи нави Афғонистон эълон кард (Идома дорад).

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО