11 Apr 2023
Submitted by Admin
373

Вазъи забони тоҷикӣ дар асрҳои XVII-XVIII дар Афғонистон (бар мабнои китоби Пешвои миллат "Забони миллат-ҳастии миллат, китоби 2-Забон ва замон")  Қисми 3

Дар нимаи дуюми асри XIX ва ибтидои асри XX дар Афғонистон ба монанди дигар кишварҳои ҳамсоя – Эрону аморати Бухоро ва ғайра ҷараёни маорифпарварӣ ба вуҷуд меояд, ки дар таърихи Афғонистон бо номи машрутахоҳӣ маъруф аст. Дар бораи барномаи амалиёти ҷунбиши машрутахоҳии аввал ягон санад ва ҳуҷҷати хаттӣ мавҷуд нест, вале, чунон ки таърихшиноси номӣ А.Ҳабибӣ дар асари худ «Ҷунбиши машрутият дар Афғонистон» (Кобул, 1984) зикр мекунад, барномаи онҳо даҳ талабро дарбар мегирифтааст. Талабномаҳои машрутахоҳон бештар дар асоси талаботи шариати исломӣ таҳия шуда, масъалаҳои итоат ба усули ислом ва қабули тамоми аҳкоми ислом, таъмини ҳокимияти миллӣ ва ба ҳукми қонун барқарор кардани ҳусни тафоҳум байни тамоми халқҳо ва қабилаҳои Афғонистон ва таҳкими ваҳдати миллӣ, ислоҳи маорифу мактаб ва баланд бардоштани бедории миллӣ аз роҳи тавсеаи матбуоти даврӣ, таъсиси маҷлиси Шӯрои миллӣ аз роҳи интихоботи озоди намояндагони мардум, таъмини истиқлоли сиёсӣ ва озодии Афғонистон ва густариши равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ бо дунёи хориҷ, таъмини адолати иҷтимоӣ ва баробарии мардумро дар бар мегирифт.

Пас аз пароканда кардани созмони машрутахоҳони аввал, дар марҳилаи дуюм онҳо марому мақсадҳои худро дар шакли маорифпарварӣ ба зуҳур оварда, Маҳмуди Тарзӣ ва рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» ифодагари мафкураҳои сиёсӣ ва иҷтимоии онҳо гардида буд.

Маҳмуди Тарзӣ (1867-1933) аз хонадони сардорони қабилаи Муҳаммадзоии Қандаҳор вападарашҳам шоири намоёни замони худ буда, ба забони дарӣ шеър мегуфтааст. Тарзӣ тахаллуси шоирии ӯст.

Маҳмуди Тарзӣ ҳамроҳи падараш, ки ба амри амир Абдураҳмонхон ба хориҷи кишвар бадарға шуда буд, ҳама ранҷу азоби мусофирӣ ва ғарибиро аз сар гузаронида, аз падар таълим гирифта буд. Вай дар Туркия забонҳои туркиву арабиро омӯхт ва зери таъсири маорифпарварони Франсия қарор гирифта, бо осори онҳо ошно шуд. Ошноӣ бо Саид Ҷамолиддини Афғонӣ ба ӯ таъсири бештар бахшида буд.

Маҳмуди Тарзӣ соли 1903 баъди авфи умумии замони Ҳабибуллохон ба Афғонистон баргашт. ӯ ба ҳайси сармуҳаррири рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» як идда аз ҷавонони тараққипарварро муттаҳид кард. Мақсаду мароми рӯзнома ба тариқи зайл муайян карда шуда буд: «Ахбор муаллими адиб аст, ки инсонро бидуни қайду фишор бар таҳсил ва ёд гирифтани басе улум ва фунуни олия шавқу рағбат медиҳад ва чунон гулзори пураз хорест, ки ҳар кас мувофиқи табъи худ гуле аз он барчида метавонад ва алҳосил аз мутолиаи ахбор ҳама синфи мардум мустафид мешаванд ва шуда метавонанд».

Барои ҳамин маорифпарварони Афғонистон вазифаи аввал ва асли худро дар он медиданд, ки ҳамватанони худро аз ҷаҳолат, нодонӣ, таассуб дур сохта, онҳоро ба омӯхтани илму фанни замона даъват намоянд. Яке аз шоирони номдор ва ҳамкори М.Тарзӣ дар рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» Абдуалии Мустағнӣ (1876-1934) ба шумор мерафт. Мустағнӣ ҳамзамон яке аз поягузорони адабиёти навини Афғонистон ба ҳисоб меравад, ки аҳамияти илму фанро дар рушду инкишоф ва пешравии ҳаёти иҷтимоии инсон ниҳоят баланд бардошта буд. Мустағнӣ дар яке аз ғазалҳои худ «Не шеърсаро бошу не рабти сухан омӯз, Ҷаҳде куну аз баҳри ватан илму фан омӯз» ҳамватанони худро даъват намудааст, ки то кай худро мабҳути пистадаҳонӣ, садафдандонӣ, мурчамиёнӣ, оҳучашмонӣ ва хадангмижгонии маъшуқаи худ месозанд, бояд аз пайи омӯхтани илму ҳунар дар Лондону Париж шаванд.

Коҳил машаву беҳунар аз хонанишинӣ,

Чун рел пайи илму ҳунар тохтан омӯз.

Дар Ландану Порис пайи касбу ҳунар шав,

Не турки хитоиву на шӯхи Хутан омӯз.

Ағёр бубин, дар чӣ хаёланду ту ғофил,

Эй ёр, ту ҳам ибрате аз мову ман омӯз.

Дар хусуси марому мақсадҳои машрутахоҳони дуюм ҳам ягон санад ва ҳуҷҷати хаттӣ вуҷуд надорад, лекин, чунон ки А. Ҳабибӣ дар асари худ «Ҷунбиши машрутият дар Афғонистон» таъкид намудааст, барномаи фаъолияти машрутахоҳони дуюмро айнан ҳамон 10 талабномаи машрутахоҳони аввал ташкил медодааст. Вале Абулқодири Довӣ, ки аз ҷумлаи иштирокчиёни фаъоли машрутахоҳони дуюм буд, ёдовар шудааст, ки барномаи онҳо се вазифаи асосиро дар бар мегирифт:ба даст овардани озодӣ ва истиқлолияти Афғонистон, ҷорӣ намудани низоми машрута ва таълими забони пашту. Аз рӯйи тавзеҳоти худи А.Ҳабибӣ низ ошкор мегардад, ки барномаи машрутахоҳони дуюм, асосан, дар атрофи ҳамин се масъала давр мезадааст.

Дар масъалаи истиқрори истиқлолияти Афғонистон чи дар дохили наҳзати машрутахоҳӣ ва чи дар ҷомеаи афғонӣ ихтилофоти ҷиддие вуҷуд надоштааст ва ҳамагон содиқона ва ҳамаҷониба хоҳони таъмини истиқлолияти мамлакат будаанд. Вале дар хусуси ҷорӣ намудани низоми машрута ва таълими забони пашту борҳо баҳсу мунозира ва муноқишаҳои шадид ба вуҷуд омадааст. Низоми машрутае, ки машрутахоҳони аввал ба пайравии таълимоти Саид Ҷамолиддини Афғонӣ ба миён гузошта буданд, тақозо мекард, ки дар асоси интихоботи озод ва тарҳрезии қонун ва қонуният як ҳукумати миллӣ ташкил карда шавад. Маҳмуди Тарзӣ ба ҳайси назариясози ҷунбиши машрутахоҳони дуюм аз чунин низоми машрута тарафдорӣ накардааст, агарчи вай аз тарҳрезии қонун ва қонуният дар Афғонистон ҷонибдорӣ кардааст, лекин вай давлатро бе подшоҳ тасаввур намекард, ҳамчунон ки бадан бе ҷон, мошину муҳаррикро бе ронанда, асби ёбоиро бе лаҷом, рамаро бе чӯпон хаёли муҳол медонист. Лекин, аз нигоҳи вай, подшоҳ бояд оқилу доно, одилу бомаърифат бошад, бинобар ин дар мақола ва асарҳои сершумори худ таваҷҷуҳи амирро ба рушди илму дониш мабзул дошта, маърифатнокии оммаи халқро тарафдорӣ намудааст.

Ба андешаи ӯ, агарчи аз рӯйи таълими ислом ҳама мусулмонони рӯйи замин миллати мусулмон шуморида мешаванд, лекин халқҳо ва қавмҳое, ки дар Афғонистон зиндагӣ мекунанд, аз қабили дуррониҳо, ғилзоиҳо, тоҷикҳо, ҳазораҳо, ӯзбекҳо ва ғайра ҳама миллати ягонаи афғонро ташкил медиҳанд, зеро онҳо дар сарзамини Афғонистон зиндагӣ мекунанд ва таҳти ҳукумати давлати афғон ҳаёт ба сар мебаранд. Ба ақидаи вай, хусусияти хоси ҳар миллатро забони миллии он ташкил медиҳад. Азбаски моро афғон мегӯянд ва ватани мо Афғонистон номида мешавад, бинобар ин бояд забони миллии мо, яъне забони пашту, ҳамаҷониба интишор ёфта, забони расмӣ ва таълимӣ қарор гирад. Бояд ёдовар шуд, ки афғонҳо танҳо дар қисмати ҷануби шарқии Афғонистон зиндагӣ карда, таърихи давлатдориашон аз замони дуррониҳо шурӯъ мешавад ва онҳо дар муқобили мардумони тоҷикзабони Афғонистон ақаллиятро ташкил медоданд. Забони тоҷикӣ дар тӯли бештар аз ҳазор сол на танҳо забони муоширати байналмилалии халқҳои гуногуни Шарқи Миёна, балки забони илму фарҳанги ин минтақа ба шумор мерафт ва, агар худи Маҳмуди Тарзӣ асарҳои худро ба ин забон наменавишт, ҳаргиз ин қадар шуҳрат ва маҳбубият пайдо намекард. Аз ин ҷиҳат, М. Тарзӣ бо ин даъво ва далелҳои худ хоста ва нохоста ба паштунгаройӣ дар соҳаи фарҳанг ибтидо гузошт. Аз ин пеш паштунгаройӣ дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии Афғонистон пайваста ривоҷу равнақ дода шуда буд. Ҷойи баҳс нест, ки забони пашту ба сифати яке аз забонҳои миллии мамлакати сермиллати Афғонистон, мебоист мақоми хоси худро ишғол мекард, вале ин кор набояд аз ҳисоби забони тоҷикӣ сурат мегирифт, забоне, ки дар тӯли асрҳо забони расмӣ, илмӣ, динӣ ва фарҳангии сарзамини Хуросони гузашта ва Афғонистони имрӯза ба шумор меравад.

Дар ҳаёти маданӣ низ дигаргуниҳо ба вуҷуд омад. Аввалин маротиба дар Кобул бо кӯшиши Мирзо Абдуллохон матбааи литографӣ ташкил карда шуд, ки таълимномаҳо ва низомномаҳои аскарӣ дар он ҷо чоп мешуданд. Аввалин рӯзномаи мамлакат бо номи «Шамс-ун-наҳор» ҳар моҳ 2 бор ё се бор дар ҳамин матбаа нашр ва пахш мегашт. Кӯшиши ба забони афғонӣ (пашту) мақоми расмӣ додан низ дар ҳамин давра ба амал омада буд. Почтахона таъсис шуд, ки он на танҳо дар байни вилоятҳои мамлакат иртибот қоим кард, балки боиси ривоҷу равнақи муомилот ва доду гирифт бо мамлакатҳои хориҷӣ гардид. Дар замони Шералихон ба сохтмони роҳҳо ва ҷодаҳо аҳамияти зиёд дода шуда буд.

Дар ин давра ба манфиати рушду инкишофи мамлакат чандин иқдоми муҳимми иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ гузошта шуд. Соли 1903 дар Кобул аввалин мактаби миёнаи замонавӣ – Ҳабибия, таъсис шуд.

Соли 1909 як мактаби миёнаи ҳарбӣ низ таъсис шуд. Дар ин мактабҳо аввалин соҳибмансабони мулкӣ ва афсарони низомӣ аз байни ашрофзодагони мамлакат тарбия ёфта, ба камол расиданд. Давраи ҳукмронии Ҳабибуллохон нисбат ба давраҳои подшоҳони дигар давраи оромиву осоиштагӣ буд. Бинобар ин дар Афғонистон аввалин корхонаҳои саноатӣ ба вуҷуд омад, зироаткориву чорводорӣ равнақ пайдо кард. Дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ дигаргуниҳо пайдо шуда, ҷунбишҳои иҷтимоиву фарҳангӣ ба вуҷуд омад.

Дар ибтидои асри XX дар Афғонистон шароити мусоид барои рушди илму фарҳанг ба вуҷуд омад. Нашру табъи рӯзномаҳо хеле инкишоф ёфт. Аз соли 1923 то соли 1928 теъдоди 133 китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар ҳаҷми 700 ҳазор нусха ба табъ расида буд. Агар пеш дар Афғонистон танҳо як рӯзномаи «Сироҷ-ул-ахбор» чоп мешуд, акнун шумораи рӯзномаҳо ба 13 адад расида буд, мисли «Амони афғон», «Иршод-ун-нисвон» дар Кобул, «Иттифоқи ислом» дар Ҳирот, «Тулӯи афғон» дар Қандаҳор, «Иттифоқи машриқӣ» дар Ҷалолобод, «Бедор» дар Мазори Шариф, «Ситораи Афғон» дар Парвон ва ғайра. Ғайр аз ин аввалин китобхонаи миллӣ, театр ва кинотеатр низ поягузорӣ шуда буд.

Адабиёти тоҷикзабон дар ин давра бисёр симоҳои бузургеро ба майдон овардааст, ки дар миёни онҳо Қорӣ Абдулло (1868-1943), Абдулҳақи Бетоб (1886-1968) нақши бузурге доштаанд ва шоирони муосири Афғонистон дар мактаби адабии онҳо таълиму тарбия гирифта ба камол расидаанд. Қорӣ Абдулло ва Абдулҳақи Бетоб аз ҷумлаи шоирони муҳофизакор ва побанди адабиёти гузашта буданд, ки баъдтар ба гирифтани унвонҳои ифтихории малик-уш-шуароӣ аз тарафи мақомоти салтанатӣ сарфароз шуда буданд.

Қорӣ Абдулло яке аз муаллифони сермаҳсули Афғонистон ба шумор меравад, ки таълиф ва таснифи китобҳои дарсии соҳаи сарфу наҳви арабӣ ва тоҷикӣ, адабиёти тоҷикӣ ва илми балоғат ба қалами вай тааллуқ дорад. Вай инчунин ба сифати устод дар соҳаи таълиму тарбияи наслҳои ҷавони Афғонистон хизмати босазое анҷом додааст. Дар айни замон вай яке аз шоирони забардасти шеъри муосир ба шумор меравад, ки куллиёти ашъори вай соли 1956 ба табъ расонида шудааст.

Маликушшуаро Бетоб ҳам давомдиҳандаи мактаби илмӣ ва адабии Қорӣ Абдулло ба шумор меравад, ки дар соҳаи маориф ва фарҳанг хидматҳои шоёне анҷом додааст. Шеъри зерини А. Бетоб, ки бо тақлид бо шеъри маъруфи Абдураҳмони Ҷомӣ навишта, вирди забонҳо гашта буд:

Ба сахтӣ дар сияҳчол оромидан,

Ба кунҷи танги зиндон дархазидан,

Зи оби зиндагонӣ даст шустан,

Умеди офият аз ҷон буридан,

Раҳи селоб аз хошок бастан,

Ба мӯ кӯҳи гаронеро кашидан,

Хазафро гавҳари шаҳвор кардан,

Ба мижгон санги хороро буридан,

Ба шустан бурдан аз зангӣ сиёҳӣ,

Ба фарқи сар ба лойи кӯҳ давидан,

Зи сахтиҳои чархи фитнаандеш

Ба зери осиёсанге хазидан,

Набошад он қадар ин сахту мушкил,

Ки худро зери дасти ғайр дидан.

Хаста – муаллифи тазкираи «Суханварони муосир» 186 нафар шоирони даризабони муосири Афғонистонро ёдоварӣ намудааст, ки дар миёни онҳо Ҳоҷӣ Исмоили Сиёҳ (1862-1946) мақоми махсус дорад. Маҳсули эҷодии ин саромади бузурги адабиёти мардумӣ танҳо як маротиба соли 1929 бо саъй ва эҳтимоми Абдураҳими Кӯҳистонӣ – ҳокими ҳукумати Ҳабибуллохони Калаконӣ ба чоп расида буд. Яке аз асарҳои намоёни Исмоили Сиёҳ достони «Саг ва шағол» ба шумор меравад, ки соли 1989 дар Душанбе бо ташаббуси Ҳ. Қурбонов ба табъ расидааст.

Дар асари мазкур афкори озодихоҳии шоир ба хубӣ инъкос ёфтааст. Дар бораи зулму золимии ҳокимони давраи ҳукумати Амонуллохон навиштааст:

Ҳаст машҳур дар тамоми ҷаҳон

Адли Эрону истами афғон.

Шоҳи афғон Амонуллоҳ.

Нест аз ҳоли мамлакат огоҳ.

Ҳарчи хоҳад кунад мудиру вазир,

Ҳар ду андар пайи бибанду бигир…

Пас аз он ки дар натиҷаи муборизаи миллӣ ва озодихоҳии мардум ҳукумати Амонуллохон сарнагун мешавад ва Ҳабибуллохони Калаконӣ (Бачаи Саққо) ба сари қудрат мерасад, ҷавру ситами мардум ва фасоди идорӣ то андозае барҳам мехӯрад, ки ин ҳолат аз назари шоир дур намондааст.Он дар мисоли фаъолияти ҳокими Ҳирот Абдураҳими Кӯҳистонӣ инъикос ёфтааст:

Боқиёт нахуст бахшида,

Зулми алоқадор барчида.

Дуздро нест ҳеҷ малҷое,

Ҷуз диёри машоихаш ҷое.

Шуда мулки Ҳайратон обод

Беҳтар аз рӯзгори истибдод.

Як тараф рафта гирудори ҷадид,

Варақоти низомнома дарид.

Ҳар куҷо буд асир дар маҳбас,

Шуд раҳо ҳамчун зи анкабут магас.

Бикунед, он чи орзу доред,

Ҳар куҷо меравед, мухторед.

Исмоили Сиёҳ яке аз сарпарастони намоёни адабиёти муосири Афғонистон ба шумор меравад, ки эҷодиёти худро ба ҳимояи манфиати мардум нигаронида, масоили муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиро бо хубӣ инъикос намудааст.

Дар ин давра Бадахшон ба сари худ мустақил буд ва аз ҷониби хонадони ёрбекҳои саидзодагони Даҳбеди Самарқандӣ маскуни Яфтали Бадахшон идора карда мешудааст ва фатҳу ишғолгариҳои дуррониён ҳам ба онҳо камтар дахл доштааст. Муосири Аҳмадшоҳи Дурронӣ яке аз амирони ботадбири Бадахшон Султоншоҳ (1747 –1770) ба ҳисоб меравад, ки вай дар аввали ҳукумати худ 6 моҳи мукаммалро барои ишғол ва ҳамроҳ кардани Тахор, Чатрол, Вахон, Шуғнон ва Дарвоз сарф намуда, дар натиҷаи ин ишғолгариҳо вай соҳиби сарват ва ғаниматҳои фаровоне шуда будааст. Дар дарбори вай шайхҳо ва мавлавиҳои пурнуфуз, мисли Абдулҷаббор – таҳсилкардаи Лоҳур, Мир Ғиёсиддин – таҳсилкардаи Сарҳинд, ба таълиму тадриси ҷавонон ва муридон машғул буданд. Яке аз шоирони номдор Мир Абдураҳмонхон буд, ки, ба қавли муаллифи «Таърихи Бадахшон», дар табъи назми диловез ва ашъори рангини малоҳатангез ба дараҷаи Мирзо Абдулқодири Бедил расида буд. Аммо ҷиҳати аз ҳама арзишманди фаъолияти Султоншоҳ, ки ба унвони Амири Кабир муаррифӣ гардида буд, ба қавли муаллифи «Таърихи Бадахшон», аз он иборат буд, ки вай аз оғози ҳукумати худ ба умури мамлакатдорӣ пардохта кишварро ободон нигоҳ медошт. Шояд ин нашъу нумӯъ ва пешрафти Бадахшон ҳукумати марказиро ба ташвиш андохта бошад. Бинобар ин дар соли 1768 ба амри Аҳмадшоҳ Шоҳвалихон ба тарафи Бадахшон лашкар мекашад. Шоҳвалихон аз ҳокими Қундуз Қубодхон, ки аз зулму золимии вай на фақат мардумони бегона, балки ҳамқавмонаш безор гашта буданд, ҳамаҷониба ҳимоя ва пуштибонӣ мекунад. Қубодхон соли 1768 ба Бадахшон ҳамла бурда, шаҳри Файзободро, ки маъмуру обод шуда буд, тамоман хароб мекунад ва худи Султоншоҳро дастгир ва ба қатл мерасонад. Дар айни замон Темуршоҳ ҳам, ки пас аз марги Аҳмадшоҳ ба тоҷу тахт расида буд, бо мақсади пахш кардани худсариҳои ҳокимони маҳаллӣ ва пешгирии мудохилаи амирони Бухоро дар умури дохилии Афғонистон ба самти шимол як даста неруҳои низомии худро бо роҳбарии Бархурдорхон фиристонида буд, ки онҳо ҳам мебоист ба бедодгариҳои Қубодхон ва амсоли он хотима мебахшиданд.

Давлати Дуррониҳо пас аз вафоти Темуршоҳ дучори инқироз ва таназзул гардида буд ва мулкҳои хурду калони шимоли Афғонистон ҳар кадом ба сари худ мустақил шуданд. Дар Бадахшон баъд аз задухӯрд ва талошҳои довталабони гуногун, ки яке дигареро раду бадал мекарданд, ниҳоят пояи сарири салтанат ба дасти писари Султоншоҳ – Муҳаммадшоҳ, мерасад, ки вай дар муддати 30 сол аз 1793 то 1823 ҳукумат кардааст.

Муҳаммадшоҳ давомдиҳандаи ҳақиқии кору бори падари худ Амири Кабир дониста мешавад. Дар замони ҳукмронии вай Бадахшон боз дар ҳудуди сарҳадҳои пештарааш барқарор мешавад. Барои ин кор ба Муҳаммадшоҳ лозим омад, ки ба сӯйи Рустоқ ва Шуғнон лашкар кашад ва худи ҳокими Шуғнон Шоҳванҷихонро дар қалъаи Барпанҷа муҳосира ва таслим намояд ва ҳама дороии ҳокими мазкурро, ки дар зарфи чандин сол ҷамъ карда буд, тасарруф кунад. Чунонки Мирзо Сангмуҳаммад гуфтааст:

Яке ганҷ ниҳоду басе ранҷ бурд,

Дигар омад, он ганҷро пок хӯрд.

Асри XIX Бадахшон ба маркази нашъу нумӯи адабу фарҳанги тоҷик мубаддал гашт. Фароғат ва осоиштагии нисбие, ки дар ин минтақа ба вуҷуд омада буд, имконият медод, ки мардумони соҳибзавқи Бадахшон дар паҳлуи шуғлҳои доимӣ ва маъмулии худ, амсоли деҳқонӣ, ҳунармандӣ, тиҷорат ва мударрисӣ ба рушду инкишофи илму адаб низ таваҷҷуҳи зиёде зоҳир намоянд. Султоншоҳ дар ҷанг бо мири Қундуз асир ва ҳалок мешавад, ки ин ҳодиса дар «Номаи мазлум»-и вай чунин тасвир шудааст:

Фусӯс аз гардиши чархи фалак ман ногаҳон рафтам,

Дили пурдоғу боҳасрат зи ҷаври душманон рафтам…

Шудам бо салтанат мағруру кардам ин таманноро,

Надонистам,набудӣ пойдорӣвазъи дунёро.

Бипӯшидам зи сайри ин чаман чашми тамошоро.

Варақгардонии барги гуле фурсат нашуд моро.

Чу булбул бо дили пурдард ман з-ин бӯстон рафтам.

Ба мисли падари худ Муҳаммадшоҳ ҳам ба аҳли илму адаб таваҷҷуҳ зоҳир мекард ва чунон ки Шоҳабуллои Бадахшӣ дар тазкираи худ «Армуғони Бадахшон» таъкид менамояд, «дар аҳди ӯ шеъру шоирӣ дар ҳиссаи Бадахшон тараққии зиёде ҳосил кардааст» ва худи муаллиф дар бораи як зумра шоирони ин давраи Бадахшон маълумоти хеле дилчасп пешниҳод намудааст. Аз мутолиаи асари мазкур чунин тасаввурот ҳосил мешавад, ки дар байни олимон ва шоирони Бадахшон бисёр шахсиятҳои барҷаста вуҷуд доштанд. Яке аз онҳо Муҳаммад Набӣ Аҳқар аст, ки дар дарбори мири Бадахшон вазифаи дабири умумиро иҷро мекард ва соли 1852 вафот намуда, дар Рустоқ дафн карда шудааст. Вай дар соҳаҳои гуногуни улуми адабӣ, ахлоқӣ, фалсафа, илми калом ва усул ва амсоли он чандин асар ва рисолаҳо таълиф намудааст. Яке аз асарҳои бузурги Муҳаммад Набӣ китоби «Такмилат-ур-риёз» ба шумор меравад, ки аз 8 равза иборат буда, ҳар кадом дар риштаи улуми калом, фалсафа ва адаб ва ахлоқ баҳс мекунад. Ғайр аз ин Аҳқар рисолаҳое таҳти унвони «Ҳадоиқ-ул-ҳақоиқ» дар улуми қавофӣ «Ҳашт биҳишт», «Қавоиди форсӣ», «Девони ашъор», «Шарҳи ҳаёти Қайси Омарӣ ва Лайлӣ», «Шаҳодатномаи Ҳусайн Ризо» ба сурати маснавӣ, «Китоб-ул-бадеъ», «Таҳқиқ-ул-луғот» ва «Ҳазору як андарз» таълиф намудааст.

Ғайр аз ин, дар ҳамин давра як зумра адибон ва шоирони номӣ ва маъруф, ба мисли Ғиёсиддин Ғиёсӣ, Муҳаммад Унвон, Мир Аҳмад Азҳар, Муҳаммад Анвар, Абдурраҳмон Ориз, Мирзо Раҳмати Бадахшӣ, Завқии Дарвозӣ ва дигарон гузаштаанд, ки ҳар кадом мақоми шоиста дорад. Бисёр ҷойи таассуф аст, ки эҷодиёти онҳо ба таври парешон ва пароканда боқӣ монда, ҳанӯз мавриди таҳқиқ ва баррасӣ қарор нагирифтааст, ба истиснои Мирзо Раҳмати Бадахшӣ, ки соли 1894 дар матбааи сангии Мошинхонаи Кобул чоп шуда буд. Мирзо Раҳмати Бадахшӣ баъд аз фаро гирифтани илмҳои замони худ ба Ҳиндустон меравад ва дар он ҷо 10 сол таҳсил карда, ба ватан бармегардад. Раҳмати Бадахшӣ аз 14-солагӣ ба навиштани шеър шурӯъ карда, маҳсули эҷодиёти хешро дар 5 девон мураттаб намудааст. Яке аз асарҳои барҷастаи вай маснавии «Риёз-ун-нур» ба шумор меравад. Муҳаққиқоне, ки бо эҷодиёти Мирзо Раҳмати Бадахшӣ ба хубӣ ошноӣ доранд, ӯро яке аз ситораҳои дурахшони осмони адабии охири садаи XVIII ва ибтидои асри XIX медонанд.

Ҳамин тариқ, дар ибтидои асри XX забони модарии мо аз сафарҳои дури байналмилалӣ баргашта, оҳиста-оҳиста дар паҳнои се кишвари бо ҳам ҳамсояи Тоҷикистону Афғонистону Эрон, дар меҳани азалии худ маҳдуд мешавад ва рушду густариши минбаъдаи он ба сарнавишти ин се кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг бо ҳам мепечад. Ҳарчанд сайри иҷмолии мо барои ошноӣ бо вазъи забони модариамон дар кишварҳои Эрону Афғонистон ҳам ҷанбаи таърихиву адабӣ ва ҳам забонӣ дошт, вале бояд зикр намоем, ки муҳити адабиву фарҳангии ин кишварҳо аз лиҳози забонӣ бо муҳити забониву адабии Фарорӯду аморати Бухоро аз лиҳози муҳтавову мундариҷа тақрибан бо ҳам монанду ҳамшакл буд ва хусусиятҳои хоси забонии онро мо дар бахши вазъи забон дар аморати Бухоро батафсил шарҳ додем.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО