24 May 2023
Submitted by Admin
361

Худоё, Ҷӯрабеки хушсадо, ку?

Ҳамон хунёгари савту наво, ку?

Ҳамон болобаланди бовафо, ку?

Ҳамон хушбовари аҳли зиё, ку?

Ки шамъи базми мо равшан намояд.

24 майи соли 2020 қалби пурмеҳри устод Ҷӯрабек Назрӣ аз тапидан бозмонд ва мурғи ҷонаш ба назди ҷононаш парвоз намуд. Ҷавонмарде, ки бо тавозуъ ва ширинсуханӣ маҳбуби хоссу омм буд. Бар сари шонаҳои сутургаш бори илму ҳунарро бо ҳам мекашид. Қаламаш обистани дониш буд ва каломи гуҳарбораш мояи оромиш. Гоҳе аз Ҳофизи Шероз мегуфт, гоҳе аз Иқболи баландпарвоз. Воқифи асрори Библияву Қуръону буду ҳикматомӯзи Занду Авастои Ориён. Суханонаш оромбахши рӯҳу равону таронаҳояш фараҳафзои қалби пиру ҷавон буд. Қомати баландаш шамшоди боғи Ирам ва садои дилнишинаш тороҷгари лашкари андӯҳу ғам буд. Дар ҳар анҷумане, ки қомат меафрохт, дили озурдагонро ба лутфу шодӣ менавохт. Қиссапардози нуру равшанойӣ ва шириновози боғи ошнойӣ буд. Ҷавонмарде, ки аз зулмату торикӣ парҳез дошт ва пайваста месуруд “на шабам, на шабпарастам”. Ба ҷаҳон бо дидаи ибрат менигарист ва бар ҳоли хаффошон дар гӯшаи хилват мегирист. Ошиқи оби зулолу як кафи хоки нозанини Тоҷикистон ва аз хунёгарони хушилҳони сарзамини Хуросон буд. Бо ҳама сифоти барҷаста хоксору тавозуъпеша буд. Гоҳ аз ашъори шаккарбори Хоҷаи Шероз месуруд, гоҳ аз ғазалиёти гуҳарбори Амирхусраву Сайидои навопардоз. Дастонаш бо наю найқалам музайян ва лабонаш бо каломи масеҳодам шаккаршикан.

Тавсифи мардони бузург мушкил аст, чунонки тавсифи азаматҳо мушкил аст. Азамат вожабардор нест. Ибни Сино барои муслеҳони иҷтимоӣ ва мураббиёни ахлоқ чаҳор вижагиро лозим мешуморад ва яке аз онҳоро шахсияти шукӯҳёр медонад. Ҷӯрабек Назрӣ аз мардони бошаҳомати ин сарзамин буд, ки шукӯҳмандона рӯзгорашро сипарӣ кард. Набудаш кӯҳи андӯҳу ғамро бар шонаи ёронаш боқӣ гузошт, аммо андӯҳ барои ормонҳои бузург бузург асту ҷалил. Андӯҳ ширинии зиндагии хирадмандон аст. Зиндагие, ки холӣ аз андӯҳ ва андӯҳгусорон нест, наметавонад барои мардони бузургу инсонҳои дардошно андӯҳсоз набошад. Ба қавли Ж.П. Сартр: “Дардҳои бузург мардҳои бузург мезоянд ва мардҳои бузург низ дардҳои бузург мехоҳанд”. Мардони бузург монанди шаҳоб ҳастанд, ки месӯзанд ва ҷаҳонеро аз нури худ равшан мекунанд.

Ғами он нест, ки дар оташи ғам сӯхтаем,

Ҳасрати мо ҳама ин аст, ки кам сӯхтаем!

* * *

Ҷӯрабек Назриев аз рӯзи хатми донишгоҳ то охири ҳаёташ дар Академияи илмҳо кор мекард. Шодравон ҳамчунин муддати 10 сол раиси Иттиҳодияи музейҳои адабии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ буда, дар раванди таъсису ободсозии осорхонаи адибони муосири тоҷик фаъолона саҳм гузоштааст.

Доираи фаъолияти илмии Ҷӯрабек Назриев басо васеъ буда, соҳаҳои гуногуни шарқшиносӣ, матншиносиву адабиётшиносӣ, аз қабили таърихи адабиёти форсу тоҷик, таърихи санъати мусиқии тоҷик, робитаҳои адабӣ-фарҳангии халқи тоҷик бо халқҳои ҳамҷавор, маъхазшиносӣ, нусхашиносӣ ва назарияи адабиётро дар бар мегирифт. Ӯ муаллифи зиёда аз 150 китобу рисола ва мақолаҳои илмӣ, адабӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад, ки ҳам дар Тоҷикистону ҳам дар хориҷ аз он ба нашр расида, мавриди таваҷҷӯҳи донишмандони дохиливу берунӣ қарор гирифтаанд.

Ҷӯрабек Назриев ҳамчун адабиётшинос, ҳунаршинос ва шарқшинос дар ҷомеаи мо мақому мартабаи хосеро соҳиб гашта буд. Дар чандин конференсияҳо ва симпозиумҳои байналхалқӣ ширкат варзида, роҷеъ ба мақому инкишофи илми адабиётшиносӣ ва шарқшиносӣ дар Тоҷикистон мақолаҳои зиёде мунташир кардааст.

Ҷӯрабек Назриев дар баробари донишманди нуктадон будан, ҳунарманди маънисаро низ буд. Ӯ ба дунёи ҳунари мутрибиву хунёгарӣ эҷодкорона, бо тарзу тариқи нав, бо услуби ба худ хос омад, ки имрӯзҳо чунин роҳу тариқи суруд хонданро мактаби ҳунарии Ҷӯрабек Назриев мегӯянд. Аз муҳити маҳдуди маҳаллу водиҳо берун қадам ниҳод. Сурудаҳояш марзҳои маҳаллу минтақаро шикастанд. Садои ӯ дар ҳама атрофу акнофи Тоҷикистон ва берун аз он мақбули аҳли завқу ҳунар буд. Ошиқона суруд мехонд, сурудҳои хубу дилкашу дилбар барои ҳама.

Хизматҳои шоистаи илмӣ ва фаъолияти босамари ташкилотчигии ӯ бо чандин унвону мукофот ва ифтихорномаҳои гуногун, аз ҷумла, «Грамотаи фахрӣ»-и Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, унвони «Арбоби хизматнишондодаи санъат» (1990), «Корманди шоистаи Тоҷикистон» (1999) ва нишони фахрии АИ ҶТ (2016) қадршиносӣ шудааст.

Ному хотираи Ҷӯрабек Назриев дар ёду дили ҳамкорон, шогирдон ва мухлисонаш абадӣ боқӣ хоҳад монд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО