24 Jul 2023
Submitted by Admin
333

Ба таваҷҷуҳи олимон, донишмандон, магистрантону таҳсилкунандагони зинаи докторантура аз рӯйи ихтисоси доктор PhD, аспирантону унвонҷӯён расонида мешавад, ки маҷаллаи илмии ИЗА ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ «Суханшиносӣ» ба феҳрасти маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА Федератсияи Россия (фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати илм ва маорифи ФР аз 17.07.2023,2498) шомил гардид ва метавонед мақолаҳои худро дар он интишор намоед. Бояд таъкид кард, ки то ин замон «Суханшиносӣ» дар Феҳрасти маҷаллаҳои тақризшавандаи КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуда, он дар як сол ҷаҳор шумора чоп мешавад.

Ниг.: https://vak.minobrnauki.gov.ru/documents#collapse91107547002

Сомонаи мо: https://sukhanshinosi.iza.tj

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО