22 Sep 2023
Submitted by Admin
451

Имрӯз ба муносибати Рӯзи Рӯдакӣ бо ибтикори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ, Бунёди Рӯдакӣ ва дар ҳамкорӣ бо МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода» конференсияи илмӣ бо номи «Рӯдакӣ, забон ва фарҳанги миллӣ» баргузор гардид.

Дар он гузоришҳои илмии доктори илмҳои филологӣ, директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ Фарангис Шарифзода бо номи «Рӯдакӣ – соҳибқирони шоирӣ», Султон Ҳасан Баротзода – узви вобастаи АМИТ, сарходими шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти ИЗА «Устод Рӯдакӣ -падидаи забонӣ ва фарҳангии аҳди Сомониён», Қутбиддин Мухторӣ доктори илмҳои филологӣ, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон «Доир ба баъзе хусусиятҳои наҳвии ҷумлаҳои мураккаби тобеъ дар ашъори Рӯдакӣ, Аминӣ Алишер номзади илмҳои филологӣ, ноиби ректори МДТ «Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода», «Мусиқии шеъри Рӯдакӣ (бар пояи қофия ва радиф), Анзурати Маликзод номзади илмҳои филологӣ, ходими пешбари илмии шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА, «Ҷойгоҳи шоир ва шеър дар дарбори Сомониён (дар мисоли ашъори Устод Рӯдакӣ), Фаридун Исмоилов, номзади илмҳои филологӣ, ходими калони шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, «Бозтоби боварҳои мардумӣ дар ашъори Рӯдакӣ» ва Умриддин Юсуфӣ доктори илмҳои филологӣ, мудири шуъбаи таърихи адабиёти ИЗА «Таърихчаи таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ дар Тоҷикистон» шунида шуд.

Дар музокира Аскар Ҳаким доктори илмҳои филологӣ, шоири халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи адабии Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ходими калони илмии шуъбаи таърихи адабиёт иштирок карданд.

Ҳамоиш дар сатҳи матлуб барпо гардид.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО