16 Dec 2023
Submitted by Admin
285

Рӯзи 5 декабр зимни суханронӣ дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳ- тарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода шуд, ки ба хотири огоҳии бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни ниёгони хеш «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми мардуми мамлакат дастрас шавад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ борҳо таъкид карда буданд: “”Шоҳнома” танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонист. Аз достонҳои ҷангӣ, ишқӣ ва нақлу ривоёти “Шоҳнома” мо таърихи пурифтихори халқҳои ориёнажод, суннат ва анъанаҳои мардум, тарзи зисту зиндагӣ, ойини мамлакатдорӣ, раиятпарварӣ, ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлоли кишвар, озодию озодагӣ, мафҳуми ҷангу сулҳ, шинохти ҳаққу ботил, пирӯзии нур бар зулмот, масоили мардумшиносӣ, ҳаллу фасли мушкилоти байни давлатҳо, бемаъно будани ихтилофоти динию мазҳабӣ, эҳтиром гузоштан ба ҳаққу ҳуқуқи дигарон ва дӯстию рафоқатро меомӯзем...”

Хидматҳои офаринандаи "Шоҳнома" дар абёти зер ба таври равшану возеҳ сутуда шудааст:

Эй тозаву маҳкам аз ту бунёди сухан, Ҳаргиз накунад чун ту касе ёди Ватан. Фирдавс мақом бодат, эй Фирдавсӣ. Инсоф, ки нек додаӣ доди сухан.

Ҳаким Абулқосим Мансур ибни Ҳасани Фирдавсӣ аз бузургтарин суханварону ҳамосасароёни адабиёти форсии тоҷикӣ мебошанд.

Ҳамосаи миллӣ як падидаи фарҳангии миллӣ дар таърихи тамаддун ва адабиёти аксари қавму миллатҳои ҷаҳон аст. Ба қавли Садриддин Айнӣ "«Шоҳнома» сар то по маноқиби шоҳони Эрон буд. «Шоҳнома» ҳамаи бузургӣ, ҳамаи шараф ва ҳамаи маолиро ба сулолаи шоҳони Эрон махсус мекард" (Айнӣ. Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ, 24)” .

Тадвини «Шоҳнома» ба забони порсии дарӣ бояд чун як наҳзати фарҳангӣ шинохта шавад, зеро вай осори гузаштаи ҳамосӣ ва зимнан луғоту таркиботи шеваи қадимаро нигоҳ доштааст. Ҳанӯз соли 1933 С.Айнӣ дар мақолааш “Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ” ба забони баёни “Шоҳнома” арзиш қоил шуда буд: “сар то пои он ба оммаи тоҷикон фаҳмост, балки бештарини онҳо имрӯз дар забони зиндаи мардуми тоҷик кор фармуда мешаванд: ҳатто дар «Шоҳнома» он гуна луғатҳои форсӣ ва бо он гуна талаффуз кор фармуда шудаанд, ки имрӯз дар забони адабии Эрон кор намефармоянд, аммо дар миёни тоҷикон зинда аст (Айнӣ С. Дар бораи Фирдавсӣ ва "Шоҳнома"-ӯ, 40). Ва ба гумони ғолиб гуфтаи Фирдавсӣ “Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ” ҳамин маъноро дорад.

Фирдавсӣ сухансаро ва шоири бузургест, ки дарахти пурбори боғи Ирами шеъри порсии дариро монад, зеро бунёди забонӣ, ҳунарӣ, завқӣ, маърифатӣ, зебоишинохтӣ ва ҷаҳонбиниеро асос гузошт, ки дар ҳазор соли дигар дар ин поя роҳи устувори рушду пешрафту такмилро паймуд. “Шамсуддини Сомибек дар ҳаққи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар «Қомус-ул-аълом» гуфтааст: «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ як асари тақлиднопазир аст, ки монанди Гомери Юнон, Вергилии румиён, Дантеи италиявиён ва Милтони англисон аз ҷумлаи шоирони доҳӣ беназир будани соҳибашро нишонмедиҳад» (Айнӣ С. Дар бораи Фирдавсӣ ва “Шоҳнома”-и ӯ).

«Шоҳнома» як ҳамосаи бузург ва воҳиди адабии ҳунарист, ки ягонагии он аз мақсаду ҳадафи муаллифи он бармеояд. Дар «Шоҳнома», гузашта аз ҳадаф ва назарҳои ҷузъӣ, ба андешаи адабиётшинос Худоӣ Шарифзода, се идеяи марказӣ ва роҳнамо мавҷуд мебошад, ки пайванди ин маҷмуаи бузурги гуногунмавзуъро ба вуҷуд овардааст: 1. Идеяи ба вуҷуд омадани аввалин ҷомеаҳои башарӣ; 2. Идеяи ватандӯстӣ ва ватангароӣ; 3. Идеяи салоҳи иҷтимоӣ ва сиёсии ҷомеа (Шарфизода Х."Шоҳнома ва шеъри замони Фирдавсӣ"). Месазад, аз ин таъриху тақдиру корномаи башарият омӯхту ибрат гирифт ва онро раҳнамои хеш қарор дод. Ба қавли Маликушшуаро Баҳор:

Ҷалолу рафъати гуфторҳои шоҳона,

Нишони ҳиммати Фирдавсияст бе каму кост.

Муҳовароти ҳакимонаву дироятҳош

Гувоҳи шоир дар ақлу ройи ҳикматзост.

Ба ин тартиб, «Шоҳнома» ҳамосаи бузурги шоҳон аст ва дар ин шоҳасар ҳаёти мардумони Эрону Мовароуннаҳр дар пайванди замонию маконӣ, таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, ахлоқӣ, рӯҳонӣ ва маънавӣ воқеияти зиндаи ҳунарӣ меёбад. “Шоҳнома” барои омӯзандагони ҷараёни зиндагӣ ва таҷрибаи ҳазорсолаҳо, аз ҷумла мардумони эронитабор, форсизабонон ва дигар мардумони олам як манбаи муътамад аст.

К-аз ин номвар номаи бостон

Бимонам ба гетӣ яке достон,

Ки ҳар кас, ки андар сухан дод дод,

Зи ман ҷуз ба некӣ наёрад ба ёд.

Дар Симпозиуми байналмилалӣ бахшида ба 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Пешвои миллат қайд карданд, ки маҳз бо ташаббуси Б.Ғафуров соли 1971 «Шоҳнома» дар 2 ҷилд ба забони русӣ ва 9 ҷилд ба хатти ниёгон дар «Силсилаи мероси хаттии Шарқ» ба табъ расид. Дар Тоҷикистон "Шоҳнома"-и Абулқосими Фирдавсӣ бори нахуст ба хатти кириллӣ ба кӯшиши устодон Камол Айнӣ, Зоҳир Аҳрорӣ ва Баҳром Сирус (солҳои 60-ум), бори дуюм (солҳои 80-ум) ва бори сеюм (солҳои 2008-2010) ба кӯшиши Камол Айнӣ ва Зоҳир Аҳрорӣ омодаву ба чоп расид.

Ходимони илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ иқдоми фарҳангпаваронаи сарвари давлатро бо дилгармӣ пазируфта, ҳоло тасмим гирифтанд “Шоҳнома”-ро дар наздиктарин фурсат бар асоси чопҳои муътабари Душанбе, Маскав, Жул Мул, Ҷалол Холиқии Мутлақ ва чанд нусхаи хаттии муътамад ба чоп омода кунанд.

Сарвари давлат дуруст қайд мекунанд, ки “агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем”. Ва барои расидан ба ин ҳадафи нек моро зарур аст, “Шоҳнома” машъалафрӯзи ҳар як хонадони тоҷик бошад ва анъанаи неки шоҳномасароӣ барқарор шавад. Умед аст, ин иқдоми сутудании сарвари давлат ва азму иродаи миллати тоҷик дар роҳи пос доштани арзишҳои фарҳангиву миллиамон амалӣ хоҳад шуд.

Ва ин таманниёти некро аз забони холиқи "Шоҳнома", шоҳкори беназири мардумони Ориёӣ ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон тақдим мекунем.

Худованди гетӣ паноҳи ту бод,

Замину замон некхоҳи ту бод.

Ба коми ту гардад сипеҳри баланд,

Дилат шод бодо, танат бегазанд.

Зи ту чашми оҳарманон дур бод,

Дилу ҷони ту хонаи сур бод!

Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО