05 Jan 2024
Submitted by Admin
295

Имрӯз маҷлиси навбатии Гурӯҳи кории АМИТ ҷиҳати таҳия ва нашри “Шоҳнома”-и Абулқосим Фирдавсӣ дар партави иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар Симпозиуми байналмилалии илмии “Бобоҷон Ғафуров – бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи тоҷик”, ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров 5-уми декабри соли 2023 баён доштанд, баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи гурӯҳ роҳбари он президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон академик Фарҳод Раҳимӣ иштирок ва суханронӣ намуд. Мавсуф қайд намуд, ки баъд аз пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар мавриди чоп ва дастрас намудани “Шоҳнома” ба ҳар як сокини кишвар Раёсати АМИТ бо мақсади таъмини иҷрои ин дастур нақша-чорабиниҳоро мураттаб намуд, ки яке аз бандҳои он таъсиси гурӯҳи кории таҳияи матни “Шоҳнома” мебошад ва дар ин бора Амри президенти АМИТ аз 26-уми декабри соли 2023 таҳти шумораи 30001/23-644 содир шудааст.

Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои интихоби нусхаҳои “Шоҳнома” барои таҳия ва принсипҳои таҳияи матни онро баррасӣ намуданд. Дар баррасӣ академик Носирҷон Салимӣ, д.и.ф., директори Институт Фарангис Шарифзода, муҳаққиқон Мубашшир Акбарзод, Абдухолиқ Набавӣ, Умриддин Юсуфов ва Шамсиддин Муҳаммадиев иштирок намуданд. Барои таҳияи матни “Шоҳнома” чопҳои маъруфи то ин замон анҷомёфтаи ин асар аз ҷумла чопҳои муътабари Душанбе, Маскав, Жул Мул, Ҷалол Холиқии Мутлақ ва чанд нусхаи хаттии муътамад ба назар гирифта мешавад.

 

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО