Қосимова Мукаррама Набиевна забоншиноси муътабар, устоди фарҳехта, арбоби илму техника, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илми филология, профессори кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ ва модари маънавии садҳо шогирдон аст, ки аз мактаби илмии ӯ баҳра бурдаанд.
Мукаррама Қосимова аз зумраи шахсиятҳое ҳастанд, ки дар ҷомеа кӯшандаву роҳнамо ва пешсаф буда, барои ҷомеа чароғи роҳи илму маърифатанд ва бо корномаи илмии худ дар пешрафту шукуфоии илми забоншиносӣ басо корҳои мондагор кардаанд.
Агар ба корномаи илмии профессор М.Н. Қосимова назар афканем, мебинем, ки то чӣ андоза ин бонуи гиромӣ дар пешрафти илми забоншиносии тоҷик саҳм гузоштааст ва умри шарифашро пайи омӯзишу пажӯҳиш, таълифи китобу мақолот, таълими шогирдон ва тайёр кардани олимони ин соҳа гузаронидааст.
Солҳо бояд, ки як санги сияҳ к-аз офтоб
Лаъл гардад дар Бадахшон ё ақиқ андар Яман.
Пас аз хатми бомуваффақияти донишгоҳ Мукаррама Қосимова дар аспирантура (солҳои 1955-1959) таҳсил мекунанд. Соли 1962 диссертатсияи номзадиро дар мавзӯи “Ҷумлаҳои пайрави шартӣ дар забони адабии тоҷик” ҳимоя намуданд. Солҳои 1956-1986 – ба ҳайси муаллима, муаллимаи калон, дотсент, профессори факултети филология кору фаъолият карданд. Солҳои 1966-1968 ва 1974-1977 ˗ декани факултети филологияи ДДТ ва солҳои 1971-1973 дар вазифаи ходими калони илмӣ фаъолият карданд. Солҳои 1986-1995 – мудири кафедраи забони тоҷикии ДДТ ва солҳои 1995-2003 мудири кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ буданд. Аз соли 2004 профессори мушовир дар кафедраи таърихи забон ва типологияи ДМТ мебошанд.
Бо ибтикори М. Н. Қосимова дар ДМТ Маркази омӯзиши забонҳо (МОЗ) ташкил шуд, ки дар ин марказ асосан шаҳрвандони хориҷӣ забонҳои тоҷикӣ, русӣ, арабиро меомӯзанд ва аз соли 2001 то 2009 роҳбарии ин марказро ба уҳда доштанд.
М.Н.Қосимова аввалин доктори зан дар соҳаи улуми филологӣ дар Тоҷикистонанд ва мутахассиси варзидаи таърихи забони адабӣ, забони муосири тоҷик, муқоисаи забонҳо, истилоҳотшиносӣ, хат ва имлои алифбои арабиасоси тоҷикӣ мебошанд.
М.Н. Қосимова аз соли 1982 аввал ба ҳайси котиби илмӣ, сипас раиси Шӯрои диссертатсионӣ оид ба дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дар назди ДМТ то соли 2012 ва узви Шӯрои диссертатсионӣ дар назди АИ Тоҷикистон дар тайёр кардани мутахассисони соҳаи филология нақши амиқе доранд. Мавсуф имрӯз мактаби илмии худро дорад ва дар омода намудани мутахассисони варзидаи илми забоншиносӣ саҳми бузургу беназир доранд, ки бо роҳнамоиву машварати ин олимаи нодирафитрат то кунун 50 нафар рисолаҳои докторӣ ва номзадӣ дифоъ кардаанд.
Китобҳои ӯ ба шогирдон барои омӯхтану ба осонӣ дарк кардани нозукиҳои забон мадад мерасонад ва барои устодон дар таълим воситаи заруру муфид мебошанд. Китобҳои дарсӣ, дастурҳо ва васоити таълимии ӯ аз қабили “Матни классикӣ”(Васоити таълим барои студентон.˗Душанбе, 1969; 1976; 1989; 2000), “Хрестоматия оид ба матни классикӣ” (Душанбе,1974), “Маҷмуаи машкҳо аз забони тоҷикӣ”, “Дастур барои муаллимони мактабҳои миёна” (Душанбе,1971), “Практикум аз забони ҳозираи тоҷик” /Морфология ва синтаксис (Васоити таълим барои студентони факултети филологияи мактабҳои олӣ.˗Душанбе, Маориф,1976) “Маҷмуаи машқҳои синтаксиси забони тоҷикӣ” (Душанбе, 1976), “Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксиси ҷумлаҳои мураккаби забони тоҷикӣ” (Душанбе, 1981), ”Хат ва имлои матни классикии тоҷик” (Душанбе, 1976, 1989, 2000), “Луғати мухтасари таълимии тоҷикӣ-русӣ ва русӣ-тоҷикӣ” (Душанбе, 2001), “Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ” (Душанбе, 2002), “Краткий русско-таджикский тематический учебный словарь” (Душанбе, 2002), “Алифбои арабии тоҷикӣ ва имлои он” (Китоби дарсӣ, Душанбе, 2002), “Луғати мухтасари мавзӯии таълимии тоҷикӣ-русӣ” (Душанбе,2002), “Мухтасар оид ба истилоҳоти забоншиносии пешини тоҷик” (Душанбе, 2002), “Об дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ” (Душанбе, 2003), “Забон ва муъҷизаи он” (Душанбе, 2004), “Хуб шуд, ки зан ба давлат ёр шуд” (Душанбе, 2005), “Истилоҳоти қадимаи тоҷикӣ” (Душанбе, 2007), “Хат ва имлои матни классикии тоҷик” (Душанбе,2010),“Таърихи забони адабии тоҷик (асрҳои IХ-Х)” (Ҷ.1. – Душанбе, 2012), “Ганҷи сухан” (маҷмӯаи мақолот, Душанбе, 2013), “Таърихи забони адабӣ” (Ҷ. II, асрҳои ХI-ХII, Душанбе, 2018) китобҳои рӯймизии шогирдон, омӯзгорон ва дӯстдорони забону адаби тоҷикӣ мебошанд. Ин ҳам мусаллам аст, ки таълими алифбои ниёгон барои насли имрӯза бе устоди фозил ва дастуру китоби дарсӣ корест душвор, бинобар ин китоби дарсии “Хат ва имлои матни классикии тоҷик”, ки бо назардошти матлаби забономӯзон ва ҷомеаи муосир бо сифати баланди илмӣ ва методӣ бо такмилу иловаҳо панҷ маротиба (солҳои 1969, 1976, 1989, 2000, 2010) интишор шудааст. Мавсуф дар тарғибу омӯзиши алифбои ниёгон ба воситаи телевизиони марказӣ ва ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» кӯшиши зиёде ба харҷ додааст. Ӯ дар риштаи таърихи забони тоҷикӣ сермаҳсултарин олим маҳсуб меёбад М.Н. Қосимова барои мактаби олӣ ва миёна китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда, ба қалами ӯ зиёда аз 200 номгӯи асар ва интишороти илмӣ тааллуқ дорад.
М.Н. Қосимова дорандаи нишони «Мактаби олии СССР. Барои муваффақиятҳои шоиста дар фаъолияти меҳнатӣ», медалҳои «Барои меҳнати шоиста. Бахшида ба муносибати 100-солагии зодрӯзи В.И.Ленин» ва «Ветерани меҳнат» мебошанд.
Профессор М.Н.Қосимова аз зумраи рушанфикрони тоҷике аст, ки барои мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ саъю кӯшиши зиёд кардааст. Аз ҷумла дар Конференсияи илмии “Маданияти сухан”, ки 24 - 25 ноябри соли 1988 дар АИ Тоҷикистон баргузор шуд, М.Н.Қосимова якчанд пешниҳодҳо карда буданд.
Муаллима ҳамеша тоза нигоҳ доштани забон ва риояи қонуну қоидаҳои имло, риояи меъёрҳои дастурии забони тоҷикиро таъкид мекарданд. Тақризҳои ӯ ба китобҳои дарсӣ аз фанни забони тоҷикӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ, мақолаҳои танқидӣ дар боби забони воситаи ахбори омма далели ин гуфтаҳоянд. Аз ҷумлаи ин гуна мақолаҳо:“Вақташ расидааст” (1976), “Риояи баъзе нормаҳои грамматикӣ” (1990), “Баъзе қайдҳо дар бораи забони ахбори омма” (2001), “Китоби дарсӣ олудагиро хуш надорад” (2006), “Навиштани китоби дарсӣ дониши мукаммал мехоҳад” (2006), “Роҳи халосӣ аз мушкилот ин нест” (2007), “Баъзе қайдҳо дар бораи имлои чанде аз маҷаллаву рӯзномаҳо” (2011).
Пажӯҳишҳои М.Н. Қосимова дар бахши сарфу наҳви забони тоҷикӣ, ки аз мубрамтарин ва печидатарин масоили забоншиносии муосири тоҷик ба шумор меравад, самтҳои басо афзалиятнок ва самарбахшро ибтидо гузошт. Дар идомаи ин пажӯҳишҳо махсусан дар риштаи таҳқиқу омӯзиши ҷумлаҳои сода, ки заминаи асосии наҳв шинохта шудаанд, модели ҷумлаи забони тоҷикӣ, қонунияти гузоришёбии он, масоили сохтору мазмун, меъёри шинохту қиёси он бо воҳидҳои дигари забон, муқоиса ва таҳлили хусусиятҳои типологии ҷумлаҳои содаи забони тоҷикӣ бо забонҳои дигар, махсусан забонҳи русӣ ва англисӣ дар имтидоди солҳои зиёд ба роҳ монда шуд.
Дар баробари ин омӯзиш ва таҳлили дигар масоили мансуб ба луғатшиносӣ ва сарфу наҳви забон, аз қабили калимасозӣ, аъзои ҷумла, таҳлилу таснифоти луғавии манбаъҳои забон ва осори бадеӣ, имконоти услубии воҳидҳои морфологиву категорияҳои луғавӣ бевосита аз тарафи худи муҳаққиқ ва дар пайравии ӯ аз тарафи шогирдони сазовор хазинаи гаронбаҳоеро барои илми забон бунёд кард. Натиҷаи пажӯҳишҳои М.Н. Қосимова ва бо ҳидояту роҳнамоии ӯ кӯшишу талошҳои шогирдон имрӯз маҳсули заҳмати як пажӯҳишгоҳи бузургеро мемонад, ки барои мардуми Тоҷикистон ва пажӯҳишгарону дӯстдорони забони ноби тоҷикӣ эҳдои бузургу беназирест.
Муаллима М.Н. Қосимова ғамхору дилсӯзи забони тоҷикианд ва пайваста кӯшиш кардаанд, то ин забони бо гузаштаи бойи таърихӣ, бо вуҷуди роҳ ёфтани навгониҳо ба он, асолати худро нигаҳ дорад. : “Дар инкишоф ва мустаҳкам намудани нормаҳои забони адабӣ матбуот роли ниҳоят калон дорад ва аз ин рӯ услуби матбуот дар системаи услубҳои забони адабӣ мавқеи муҳим ва махсусеро ишғол менамояд. Бояд гуфт, ки забони матбуот ба нутқи шифоҳии мардум нақши бузурги худро мегузорад. Аз ин сабаб риоя шудани меъёрҳои /нормаҳои/ забон дар саҳифаҳои матбуот барои нигоҳ доштани покизагиву назокату фасоҳати забон мусоидат мекунад.
Маълум аст, ки нормаи забон як чизи шахшудамонда нест, доимо дар инкишофу тағйирот аст. Натиҷаи ҳамин инкишофу тағйирот аст, ки дар луғат, савтиёт, калимасозӣ, ҳатто дар морфологияву синтаксис тарзу воситаҳои гуногуни ифода, шаклҳои духелаву ноустувор пайдо мегарданд.
Пайдо шудани тарзи нави ифода дар забон қонунист, аз ин сабаб аз истифода баромадани қолибҳои таърихиву анъанавӣ хилофи қоидаи забон нест. Агар навигариҳои дар забон пайдошуда ба асоси қонуни инкишофи он мувофиқ бошад, ин гуна навигариҳоро инкишоф додан амри хайр нисбат ба забон аст. Лекин, агар ин тарзи нави ифода ба хилофи қонунияти забон бошаду барои ифлосу вайрон кардани қонунияти он, нафосату назокати он мусоидат кунад, аз истифодаи онҳо бояд даст кашид» (Риояи баъзе нормаҳои грамматикӣ, 1991).
Дилсӯзиву ғамхории муаллима нисбат ба забони ниёгонамон аз навиштаҳояш бараъло эҳсос мегарданд:
“Агар хоҳем, ки мардуми мо босаводу фарҳангӣ бошанд, ҳамаи қаламбадастон кӯшиш бояд намоем, ки дар навишту гуфтаҳоямон ягон хатову ғалате роҳ наёбад, вагарна мо вазифаи худро анҷомдода ҳисобида наметавонем” (Баъзе қайдҳо дар бораи имлои чанде аз маҷаллаву рӯзномаҳо”, 2011).
Муаллима дар тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи забоншиносӣ барои мактабҳои олӣ саҳми босазое доранд ва ҳамзамон фикру андешаҳояшонро бобати хубтару беҳтар ва самараноктар тайёр кардани мутахассисон иброз менамуданд ва дар ин мавзӯъ мақолаҳое низ ба чоп расонидаанд. Аз ҷумла: “Тайёр кардани мутахассисони варзида дар мактабҳои олӣ” (2006), “Баъзе андешаҳо дар бораи тайёр кардани мутахассисон-олимони соҳаи филология барои мактабҳои олӣ” (2008).
Маҳз меҳру садоқат ба миллату Ватан аст, ки ин бонуи пуркор ва дилсӯз масоили гуногуни мубрам ва ҳалталабро аз ҳаёти ҷомеа ба миён мегузоранд ва боз худ ҷуёи роҳи ҳалли онҳо мешаванд. Профессор М.Н.Қосимова тайи солиёни дароз аъзои раёсати Ассотсиатсияи занони маълумоти олидор буда, дар роҳи ҳалли мушкилоти занон дар зиндагӣ, тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занҳо ҳамоиш ва мизҳои мудаввар баргузор кардаанд. Бо заҳматҳои ӯ чанд китоб дар бораи зан-модар интишор шудаанд. Аз ҷумла: “Зинда бош эй зан, ки моро зиндагонӣ додаӣ”(1999), “Ман ситоиш мекунам зан-модари фарзонаро”(2004), “Панд гир аз рӯзгори одамӣ”(2004).
Ногуфта намонад, ки зери роҳбарии муаллима 12 нафар бонувони муҳаққиқ сазовори унвони илмии номзадӣ ва докторӣ гардидаанд, ва дар мактабҳои олии кишвар ва хориҷ аз он сарбаландона фаъолият доранд.
Профессор М.Н.Қосимова бо хирад, дониш, меҳнатдӯстӣ ва ибтикороти худ тавонистаанд дар ҷомеаи мо саҳми назаррас ва бузурге гузоранд ва месазад, ки ҳаёти наҷибу бобаракати ӯ ва хонадонаш, ки дар шукуфоии ватанамон заҳмат кашидаанд, барои ҳамагон дарси ибрат шаванд. Мавсуф то охирин лаҳзаҳои зиндагӣ меҳнату заҳмат кашидаанд ва дар омода намудани кадрҳои баландихтисос саҳм гузоштаанд. Аз ҷумла зери сарварии муаллима солҳои 2019-2020 муаллимон Саломиён М., Ҳомидов Д. ва Гулназарова Ж. диссертатсияи доктории худро бомуваффақият дифоъ намуданд ва китоби таълимии мавсуф “Таърихи забони адабии тоҷик дар асрҳои ХIII” дар шакли мусаввада омода шудааст.
Мукаррама Қосимова солҳо дар роҳи рушди илми кишвар талош карда, ба хубӣ тавонистанд дониши саршорашонро ба сарват ва сармояи некномӣ табдил диҳанд ва имрӯз ҳамагон аз ӯ ба унвони шахсияти хушном, олими пуркор ва талошгар дар илму маорифи меҳан, бунёдгузори мактаби забоншиносии хеш ёд мекунанд ва ёд хоҳанд кард.
Ёду корномаи неки устоди азиз то абад гиромӣ бод!
Шарифзода Фарангис - директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ