Рӯзи 27 март дар толори Шурои олимони Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ бо иштирок ва таҳти раҳбарии мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Точикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон, раиси Академияи мусаввирони ҷумҳурӣ, мутахассисони миниатюрнигории Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон, ноширони Нашриёти Муосир ва ҳайати Гурӯҳи кории таҳия ва нашри "Шоҳнома"-и Фирдавсӣ аз Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ ҷаласаи навбатӣ дар мавриди интихоби миниатюраҳои мувофиқ ба матни достонҳои "Шоҳнома" баргузор гардид.