08 Apr 2024
Submitted by Admin
336

Имрӯз бахшида ба «Ҳафтаи илм» дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии Тоҷикистон конфронси илмӣ дар ду бахш: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ баргузор гардид. Дар бахши забоншиносӣ 15 маърузаи илмӣ пешниҳод гардид, ки аз он 10 гузориш шунида шуд. Аз ҷумла, маърузаҳои ходимони илмӣ: Шарифзода Фарангис дар мавзуи “Мушкилоти грамматикаи забони тоҷикӣ”, Султон Ҳасан оид ба “Фарҳанги фарҳангнигории устод Айнӣ”, Мирзоев Сайфиддин дар мавзуи “Муносибати забонҳои суғдии нав (яғнобӣ) ва осетинӣ: дар заминаи маводи бархе аз вожаҳо”, Тураев Б. оид ба “Анҷомаҳои топонимсоз ва нақши онҳо дар ташаккулёбии номвожаҳои ҷуғрофӣ: дар асоси маводи бархе аз топонимҳои водии Зарафшон”, Маҳмадаминова Замира дар бораи “Вазъи забонҳои хурд дар замони муосир”, Латифов Собир дар мавзуи “Баъзе хусусиятҳои корбурди истилоҳот дар “Ҳоҷот-ул-муноҷот”-и Мубораки Вахонӣ” ва унвонҷӯёну магистрантони институт: Нарзиқулова Ҳилола оид ба “Ҷумлаҳои мураккаби пайваст бо пайвандакҳои хилофӣ дар матни асл ва тарҷумаҳои русии онҳо”, Турсунова Зуҳро дар бораи “Истилоҳоти иқтибосии тиббӣ (дар мисоли истилоҳоти бемориҳои дарунӣ”, Бозорова Нурафшон дар мазуи “Ибораҳои исмӣ дар забони вахонӣ” ва Сангзода Робия – “Таснифоти маънои феълҳои реалӣ дар “Таърихи Табарӣ”” мебошанд, ки тавассути онҳо табодули назар карда шуда, масъалаҳои мубрами филология баррасӣ гардиданд.

Баъди шунида шудани маърузаҳои иштироккунандагони конференсия аз тарафи номзадони илми филология Тураев Б., Мирзоев С., Собирҷонов Солеҳҷон саволҳо оид ба баромадҳои баррасигардида пешниҳод гардида, дар музокира доктори илмҳои филологӣ Назарзода С., доктори илмҳои филологӣ Султон Ҳасан, доктори илмҳои филологӣ Абодуллоева С. ва номзади илми филологӣ Мирзоев С. иштирок намуданд.

Маърузаҳои илмии дар барномаи конференсия овардашуда тибқи ҷадвали корӣ пешниҳоди иштироккунадагон гардида, аз байни унвонҷӯён: магистрантон ва докторантон маърузаи беҳтарин аз они Бозорова Нурафшон – докторанти (PhD) соли дувум таҳти унвони “Ибораҳои исмӣ дар забони вахонӣ” дониста шуд.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО