08 Sep 2023
Submitted by Admin
397

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шумо ва ҳамдиёрони бурунмарзиамонро ба ифтихори ҷашни муқаддасу бузурги миллӣ – сиюдусолагии истиқлоли давлатии Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.

Ин рӯйдоди бузург дар таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик ва сарнавишти мардуми мо гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба шарофати он мо соҳиби давлати соҳибихтиёр гардидем.

Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.

Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.

Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.

Ҳамзамон бо ин, мо бо мақсади арҷгузорӣ ба ҳофизаи таърихӣ ва гузаштаи пурифтихори халқамон арзишҳои давлатдорӣ ва суннатҳои тамаддунсозии ниёгони худ, аз ҷумла давлатдории Сомониёнро эҳё намудем.

Хотирнишон месозам, ки роҳи дар муддати беш аз се даҳсола тайкардаи мо пур аз шебу фарозҳо буда, мардуми шарифи Тоҷикистон тавонистанд истиқлоли давлатии худро аз фитнаву дасисаи бадхоҳони дохиливу хориҷии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон содиқона ҳифз намоянд, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшида, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар кишвар барқарор созанд.

Яъне тоҷикон ҳамчун миллати куҳанбунёд тавонистанд, ки монеаву мушкилоти эҷодкардаи душманони худро бо азми қавӣ ва иттиҳоду сарҷамъӣ бартараф карда, дар рӯзҳои хеле душвору сарнавиштсоз зери парчами истиқлолу озодӣ муттаҳид гардида, давлати хешро ба рӯзҳои осудаву обод расонанд.

Дар раванди аз хатари нестшавӣ раҳоӣ бахшидани давлати тоҷикон ва аз парокандагӣ наҷот додани миллати тоҷик соли 1993 яке аз рукнҳои муҳимми давлатдорӣ – Артиши миллӣ таъсис дода шуд, ки имрӯз сисолагии ин санаи таърихиро таҷлил менамоем.

Ҳамчунин, дар як муддати кӯтоҳ бо вуҷуди мушкилоти зиёди иқтисодиву молиявии он рӯзҳо фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барқарор карда шуд.

Қобили зикри хос аст, ки тайи даврони соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо талошу заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба дастовардҳои бесобиқа ноил гардид.

Бо такя ба анъанаҳои ғановатманди халқамон ва бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шудани аввалин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон аз ҷумлаи нахустин дастовардҳое буд, ки мардуми мо ҳанӯз дар айёми бисёр ҳассосу вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба он муваффақ гардиданд.

Ҳукумати мамлакат дар асоси ин санади тақдирсоз ба пешбурди сиёсати иҷтимоӣ оғоз намуд.

Имрӯз самараҳои воқеии ин сиёсат дар тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар ва муҳимтар аз ҳама, дар сатҳу сифати зиндагии мардуми мамлакат ба таври возеҳ мушоҳида мегарданд.

Ҳанӯз аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардид.

Дар зарфи беш аз се даҳсола мардуми мо тавонистанд, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро зинда созанд, худшиносиву худогоҳии миллиро ба пояи баланд бардошта, на танҳо фарҳанги беназири худро эҳё намоянд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намоянд.

Тоҷикон на танҳо миллати таърихан шаҳрсозу шаҳрнишин мебошанд, балки ҳамчун пешқадамони тамаддуни заминдорӣ ва кишоварзӣ эътироф шудаанд.

Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ дар кишвари мо ислоҳоти куллии соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла ислоҳоти замин амалӣ гардида, фаъолияти соҳа ба шароити даврони муосир мутобиқ гардонида шуд.

Имрӯз боғу киштзорҳои сарсабзе, ки бо заҳмати кишоварзон ва соҳибкорони ватанӣ бо истифода аз технологияҳои инноватсионӣ бунёду обод шудаанд, на танҳо барои расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – ҳифзи амнияти озуқаворӣ саҳми бузург мегузоранд, балки ба сарзамини биҳиштосои мо ҳусни тоза мебахшанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ рушди саноат ва гузаштан аз модели аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар низ ҳадафи дигари стратегии миллӣ эълон гардид.

Бо мақсади амалӣ намудани ин ҳадаф дар мамлакат то имрӯз садҳо корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд шудаанд ва сохтмони боз садҳо иншооти истеҳсолӣ идома дорад.

Ин раванд, илова бар ин ки саноатикунонии босуръати кишварро таъмин менамояд, боиси ташкили даҳҳо ҳазор ҷойи нави корӣ мегардад, ки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ саҳми бузург ба ҳисоб меравад.

Мо барои таъмин намудани рушди давлати соҳибистиқлоли худ даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла ду неругоҳи азим бунёд карда, ҳазорҳо мегаватт иқтидорҳои иловагиро ба кор андохтем, илова ба иншооти бузурги аср – неругоҳи барқи обии «Роғун» неругоҳҳои барқи обии амалкунандаро таҷдиду азнавсозӣ карда истодаем ва тасмим дорем, ки дар ояндаи наздик боз як ҳадафи стратегии миллӣ – истиқлоли энергетикии кишварамонро таъмин намоем.

Дар ин росто, мо ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳоро тибқи меъёрҳои байналмилалӣ бунёд карда, Тоҷикистони сепорчаро ба қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ табдил додем, яъне онро аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшида, ҳадафи стратегии дар ин самт эълонкардаамонро иҷро намудем.

Пешбурди сиёсати «дарҳои кушода» дар замони соҳибистиқлолӣ ба мо имкон фароҳам овард, ки бо ҳамаи давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судмандро ба роҳ монем.

Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст.

Боиси ифтихори мардуми шарифи тоҷик аст, ки то ба ҳол панҷ ташаббуси Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодааст.

Ҳамватанони азизи мо аз вазъи ҷаҳони муосир, аз ҷумла яроқнокшавии бошитоб, торафт вусъат гирифтани «ҷанги сард», таҳдиду хатарҳои нави ҷаҳонӣ, аз қабили терроризму ифротгароӣ, радикализми динӣ, истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ хуб огоҳӣ доранд.

Дар чунин шароит, моро зарур аст, ки барои ҳифзи амнияти миллӣ, ки шарти муҳимтарини устувории давлат ва зиндагии осудаи мардум мебошад, беш аз ҳар вақти дигар саъю талош намоем.

Яъне мо бояд ҳамеша ҳушёру зирак ва дар роҳи ҳифзи амнияти давлат ва дастовардҳои замони истиқлол – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ омода бошем.

Мо бояд доим сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем ва ҳамаи кӯшишу имкониятҳои худро ба хотири рушди давлатамон ва ободии сарзамини аҷдодиамон равона созем.

Муҳимтарин нишонаи ватандӯстии ҳар як фард ифтихор аз дастовардҳои давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва талош ба хотири таҳкими минбаъдаи онҳо мебошад.

Ҳар шахсе, ки худро соҳибватан медонад ва мафҳумҳои истиқлолу озодиро муқаддас мешуморад, бояд ҳамаи андешаву амали худро ба он равона созад, ки омодагӣ ба ҳар як ҷашни истиқлол, бахусус, 35-солагии ин рӯйдоди сарнавиштсоз ба марҳалаи нави болоравии эҳсоси худшиносӣ, ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва вусъати созандагиву ободкорӣ мубаддал гардад.

Ман ба нангу номуси миллӣ, азму иродаи қавӣ ва кӯшишу талошҳои ватандӯстонаи мардуми шарафманди Тоҷикистон ва махсусан, ҷавонони ватандӯсту ғаюри он эътимоди комил дорам ва дилпурона изҳор медорам, ки мо ҳама якҷо, бо иттиҳоду сарҷамъии хурду бузурги мамлакат ва бо заҳмати созанда кишвари азизамонро дар ояндаи наздик аз имрӯза дида ободу зебо ва давлати соҳибистиқлоламонро неруманду пешрафта мегардонем, нуфузу обрӯйи онро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорем.

Бори дигар 32-солагии ҷашни муқаддасу бузурги истиқлоли давлатиро ба мардуми сарбаланди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзӣ самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар фараҳу шодмонӣ, рӯзгори осуда ва иқболи нек орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!

http://www.president.tj/node/31436

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО