30 Jan 2026
Submitted by Admin
9

Ҳамдиёрони гиромӣ!

Ҳар яки Шуморо ба муносибати фаро расидани ҷашни куҳан ва пурғановати миллиамон - Сада самимона шодбош мегӯям. Сада аз ҷумлаи ҷашнҳои бостонист, ки реша дар умқи таърих дошта, бо дигар ойинҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзи оламафрӯз, робитаи зич дорад.

Сада мужда аз наздик шудани баҳор, анҷоми фасли сармо ва омодагии замин ба киштукори нав буда, кишоварзонро ба омодагии ҷиддӣ барои корҳои баҳорӣ ва истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ҳидоят мекунад.

Боиси ифтихори мо – тоҷикон аст, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ ин ойини бостонӣ бо қарори ЮНЕСКО ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият шомил гардид ва ҷойгоҳи шоистаи худро дар тамаддуни ҷаҳонӣ пайдо кард.

Ниёгони мо аз замонҳои гузашта ин ойинро ҳамеша ҷашн гирифта, пас аз он ба сабзкорӣ, ниҳолшинонӣ ва ободонии замину боғҳо оғоз менамуданд. Идомаи ин суннати нек дар соли таҷлил аз 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ нишонаи фарҳанги баланди созандагии мардуми тоҷикро ифода менамояд.

Бо орзуи пешрафт, ободӣ ва шукуфоии бештари Тоҷикистони азиз, бори дигар ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ҳамватанони бурунмарзӣ, бахусус, кишоварзони заҳматқаринро ба муносибати ҷашни Сада табрик гуфта, ба ҳар як хонадон саломатӣ, осудагӣ, баракат ва рӯзгори пурсаодат таманно менамоям.

Ҷашни Сада фархунда бод, ҳамватанони арҷманд!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО