27 May 2026
Submitted by Admin
26

Ҳамдиёрони азиз!
Сокинони муҳтарами пойтахт,

Бо эҳтирому самимият фарорасии Иди Қурбонро, ки аз ҷумлаи арзишмандтарин суннатҳои маънавию фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, ба ҳамаи шумоён табрик менамоям.

Иди Қурбон таҷассумгари фазилатҳои инсонӣ, аз қабили меҳру шафқат, ҳамдигарфаҳмӣ, саховатмандӣ ва арҷгузорӣ ба арзишҳои ахлоқиву маънавӣ мебошад.

Моҳияти асилу инсонпарваронаи ин иди саид мардумро ба ваҳдату ҳамбастагӣ, эҳтироми якдигар ва дастгирии табақаҳои ниёзманди ҷомеа ҳидоят менамояд.

Дар баробари иҷрои суннатҳои айёми муборак, кумаку дастгирии ятимону бепарасторон, шахсони имконияташон маҳдуд, беморон, оилаҳои камбизоат ва дигар амалҳои хайрхоҳона аз анъанаҳои деринаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.

Итминони комил дорам, ки сокинони мамлакат дар доираи таҷлили бошукӯҳи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ва Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ софдилона заҳмат кашида, барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани кишвари маҳбубамон саҳми арзишманди худро мегузоранд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб кулли мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати Иди саиди Қурбон самимона муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадон фазои сулҳу оромӣ, хайру баракат ва ба Ватани азизамон пешрафту шукуфоии рӯзафзунро орзумандам.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО