07 Sep 2026
Submitted by Admin
29

“Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талоши садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад.”

Эмомалӣ Раҳмон

Зиҳӣ, Озодагон! эй халқи тоҷик,

Мунаввар шуд туро дунёи торик,

Санохони туам, сад бор табрик,

Сиву панҷ сол мо иқбол дорем,

Сиву панҷ сол Истиқлол дорем!

Истиқлол чун неъмати бебаҳо ва мояи ифтихору сарбаландии мо буду ҳаст. 35-сол мешавад, ки миллати тоҷик мустақил буда, ба давлату миллати дигаре тобеу пойбанд нест. Ҳуқуқи қабули қонуну қарорҳои худро дораду озод аст. Аз номи давлати худ андеша меронаду онро дар минбарҳои бонуфузу баланд муаррифӣ месозад. Маҳз Истиқлол имкони таърихие фароҳам овард, ки тоҷикон ватани худро соҳибӣ кунанд, давлатдории миллии худро барпо намоянд, суннату арзишҳои хешро эҳё созанд ва зиндагии озодонаро ба роҳ монанд.

Дар давоми 35-соли Истиқлол бо сарварии оқилона ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуд ба корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ намуд.

Дар ин рӯзҳои фараҳбахш Раёсати Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакии АМИТ бо самимияти хоса ва эҳтироми бепоён Шумо ва пайвандонатонро бо муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон — ҷашни муқаддасу фархундаи тамоми тоҷикону тоҷикистониён, мазҳари ормонҳои ҳазорсолаи ниёгони озодихоҳамон барои расидан ба бузургтарин саодат — давлатдории миллӣ таҳният гуфта, бароятон нуру зиё, меҳру вафо, ободию озодӣ, ҳамфикрию ҳамзистӣ ва осоишу абадият, инчунин тансиҳативу хонаободӣ ва саодату сарбаландиро таманно дорем!

Ҷашни Истиқлол муборак, ҳамватанони азиз

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО