22 May 2026
Submitted by Admin
15

Ҷавонони саодатманди кишвар!

Ҳамасола дар саросари Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 май — Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ки ин рӯзи фархунда рамзи таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат нисбат ба ҷавонон буда, бозгӯи сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки ҷавонони тоҷик имрӯз ҳамчун нерӯи бузурги созанда ва пешбарандаи ҷомеа дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва илмии мамлакат саҳми арзанда мегузоранд.

Маврид ба зикр аст, ки аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар масъалаи дастгирии ҷавонон дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор гирифта, барои таҳсил, касбомӯзӣ, рушди қобилияти зеҳнӣ, фаъолияти илмӣ ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти ҷомеа тамоми шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Қабули стратегияву барномаҳои давлатӣ, таъсиси стипендияҳо, квотаҳо ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои дастгирии ҷавонони боистеъдод аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки ба рушду камолоти насли ҷавон равона гардидаанд.

Имрӯз ҷавонони кишвар бо ҳисси баланди ватандӯстиву худшиносӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ дар ҳифзи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва муаррифии шоистаи Тоҷикистони азиз дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзанда мегузоранд. Хусусан ҷавонони донишманду соҳибмаърифат дар рушди илму маориф, технологияҳои муосир, таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти ихтироъкориву навоварӣ нақши муҳим доранд.

Боиси қаноатмандист, ки имрӯз дар доираи сиёсати илмпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи омода намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Татбиқи Барномаи давлатии тайёр кардани кадрҳои баланди сатҳи илмӣ имконият фароҳам овардааст, ки ҷавонони соҳибистеъдод ба фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ бештар ҷалб гардида, барои рушди илми миллӣ саҳми арзанда гузоранд. Ин барнома ҳамчун заминаи устувори ташаккули нерӯи зеҳнии ҷомеа барои омода намудани олимони ҷавон, муҳаққиқони соҳибтаҷриба ва мутахассисони рақобатпазир нақши муҳим мебозад.

Воқеан, муҳаққиқони ҷавон имрӯз дар самтҳои гуногуни илм — аз ҷумла илмҳои дақиқ, табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ ва гуманитарӣ таҳқиқоти арзишманд анҷом дода, барои пешрафти илми ватанӣ ва таҳкими нуфузи байналмилалии Тоҷикистон кӯшиш менамоянд. Дар ин замина, дастгирии пайвастаи Ҳукумати кишвар ва муҳайё гардидани шароити мусоиди илмӣ боис гардидааст, ки сафи олимони ҷавон рӯз ба рӯз афзоиш ёфта, таваҷҷуҳи ҷавонон ба омӯзиши илмҳои муосир бештар гардад.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамчун маркази пешбарандаи илми кишвар ба нерӯи зеҳнӣ ва созандаи ҷавонон такя намуда, барои омода намудани кадрҳои баландихтисос, рушди фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, дастгирии ташаббусҳои навоварона ва ҷалби ҷавонон ба корҳои илмӣ тадбирҳои мушаххас амалӣ менамояд. Мо итминони комил дорем, ки ҷавонони соҳибмаърифати тоҷик дар оянда низ бо донишу малака, ҷаҳонбинии васеъ ва садоқат ба Ватан барои ободиву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.

Бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи ҷавонони сарбаланди кишварро ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барояшон саломатии бардавом, саодати рӯзгор, иродаи мустаҳкам, руҳияи созанда, комёбиҳои бузурги илмӣ ва муваффақиятҳои беназирро дар роҳи хизмат ба давлату миллат таманно менамоям.

Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон муборак бод!

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО