Error message

Notice: Undefined variable: layout_width in include() (line 18 of /var/www/izar.tj/html/sites/all/themes/iza/tpl/html.tpl.php).
05 Nov 2026
Submitted by Admin
25

Ҳамдиёрони азиз, олимону кормандони соҳаи илми кишвар!

Ҳамаи Шуморо ба ифтихори яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ 32 – солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, барои ҳар яки Шумо тандурустӣ, бахту иқболи нек, фаъолияти пурсамари илмӣ ва пешрафт дар тамоми ҷабҳаҳои зиндагӣ орзумандам.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини даврони соҳибистиқлолӣ дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мавқеи муҳимро касб менамояд. Қабули ин ҳуҷҷати тақдирсоз дар марҳалаи ҳассоси таърихӣ барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, ташаккули низоми ҳуқуқии кишвар, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин муайян намудани самтҳои асосии рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа заминаи устувор фароҳам овард.

Бояд таъкид намуд, ки 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон ҳамчун санаи сарнавиштсоз сабт гардидааст. Маҳз дар ҳамин рӯз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро қабул намуданд. Ин рӯйдоди таърихӣ ифодаи иродаи мардуми Тоҷикистон барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, барои ташаккули муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва рушди минбаъдаи кишвар заминаи ҳуқуқӣ гузошт. Инак, 32 сол мешавад, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Қонуни асосии давлат самтҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро танзим намуда, асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти давлатӣ, муносибатҳои ҷамъиятӣ ва кафолатҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро муайян менамояд.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз рӯйдодҳои муҳими таърихии даврони истиқлолият ба ҳисоб меравад. Зеро ин санади олии ҳуқуқӣ дар баробари муайян намудани сохтори давлатдорӣ ва низоми идоракунии давлатӣ, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушди муносибатҳои иқтисодӣ, таҳкими адолати иҷтимоӣ ва таъмини волоияти қонун шароити мусоид фароҳам овард. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни арзёбии аҳаммияти таърихии ин санади тақдирсоз таъкид намудаанд: «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоскунандаи воқеияти даврони истиқлолу озодии Ватан, рушди давлат ва пешрафти миллати тамаддунсози тоҷик мебошад».

Воқеан, қабули Конститутсия ба давраи ниҳоят мураккабу ҳассоси таърихи навини Тоҷикистон рост омад. Дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба мушкилоти ҷиддии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ гардида, ҷанги шаҳрвандӣ ба фаъолияти муназзами сохторҳои давлатӣ ва ҳаёти осоиштаи мардум таъсири манфӣ расонида буд. Дар чунин шароити душвор зарурати таҳияи санади олии ҳуқуқие ба миён омад, ки тавонад асосҳои давлатдории мустақилро муайян намуда, барои барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷомеа заминаи устувор гузорад.

Дар ин раванд Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 баргузор гардид, аҳаммияти бузурги таърихӣ дошт. Қарорҳои қабулгардида ва интихоби роҳбарияти нави мамлакат дар ин иҷлосия барои барқарор намудани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими асосҳои сиёсиву ҳуқуқии давлатдорӣ ва идомаи раванди таҳияву қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити зарурӣ фароҳам оварданд.

Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаи таҳкими унсурҳои ҷомеаи мутамаддин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Дар меҳвари Конститутсияи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад, ки дар масири расидан ба ҷомеаи мутамаддин шарти зарурӣ мебошад. Таҷрибаи таърихи ҷаҳонӣ собитгари он аст, ки ҳар халқ дорои расму ойин ва урфу одати хоси худ мебошад, ки дар ҳар давру замон ӯро ҳамчун миллат муаррифи ҷаҳон мегардонад. Аз ҳамин лиҳоз, ниёгони тамаддунофари мо, тоҷикон ҳамеша талош менамуданд, ки ин арзишҳои муқаддасро тавассути эҷоди меъёрҳои ба манфиати ҷомеа равонагардида эмин нигоҳ доранд.

Бовар дорам, ки Шумо, аҳли илму маърифат, бо заҳмати содиқона ва тадқиқоти илмии созандаатон ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ, пешрафти соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва боло бурдани нуфузи илмии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ҳиссаи шоиста мегузоред.

Бори дигар ҳамаи Шуморо бо Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод гуфта, ба Шумо ва аҳли оилаатон сулҳу оромӣ, саодати хонаводагӣ, илҳоми эҷодӣ ва муваффақиятҳои нав таманно дорам.

TJ

ЁДИ РАФТАГОН

МАҚОЛАҲО